Хок — беҳтарини хокҳо хоки холис аст, яъне таркиби он шӯра, рег ва гӯгирд надошта бошад ва аз ҷоҳои обаш ширин бошад. Латифтарини хокҳо он аст, ки аз оби ширини равон таҳшин гашта бошад.
Мизоҷи хоки холис мутлақан сард ва хушк аст. Вале дар таркиби хок намак ва гӯгирд бошанд, хоки обҳои талх, инчунин хоки оби баҳрҳои шӯр ва уқёнусҳо, албатта, дар мизоҷ гарм ва хушканд.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои хокро бихӯранд, бимоланд ва гузошта банданд, қабз, хушк ва поккунандаи пӯст аст; банд ва манъкунандаи исҳол, таҳлиддиҳандаи варамҳо, таскиндаҳандаи тафс ва гармии мақъад; агар узвҳо аз бисёрии савор ва ҳаракатҳои бисёр ва шадид сусту нотавон гашта бошанд, қувват мебахшад.
Хоки холисро бихӯранд, барои иллати сил, хун қай кардан ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо дармон мешавад, заҳрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.
Ин хоки холисро дар об ҳал карда, бо он ҳуқна кунанд, харошида шудани даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ва агар онро лой карда бимоланд, заҳри афъиро дафъ мекунад ва газидани саги девонаро шифо мебахшад. Хокро бо сирко ва равғани гулисурх хамир сохта бимоланд, варами гармро таҳлил медаҳад.
Хокеро, ки муддати тавил офтоб бар он тобида бошад, бимоланд, барои истисқо (водянка) дору мешавад, узвҳои сусту нотавонгашта ва лоғарро ба ислоҳ меоварад. Агар инро бо сирко сиришта бимоланд, газанди ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад. Бо он хок сарро бишӯянд, сарро аз чирк пок мегардонад, мӯйро мустаҳкам ва дароз мекунад.
Хоке, ки оташи бисёр дида бошад, монанди хоки оташдон, бисёр хушккунанда ва поккунандаи башара аст, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин дағалии ҷоҳои бадан ва хоришро нест менамояд. Инро бо сирко хамир карда гузошта банданд, газидани занбӯрро шифо мебахшад. Агар инро бо мумравган сиришта гузошта банданд, ханозер (хукгардан) ва сахтиҳоро таҳлил медиҳад.
Хоки танӯрро бо намак ва сирко сиришта бимоланд, качалии (каляраи) сари кӯдаконро дафъ мегардонад.
Хоке, ки муддати дароз дар намак монда бошад ва зарфи гиле, ки дар он намак мегузоранд, барои тахдил додани варамҳои сард, кафонидани пучакҳо ва чиртакҳо доруи хубест. Агар ин қабил хокро бо пешоби буз шутур, ё гов хамир сохта гузошта банданд, истисқоро шифо мебахшад. Коҳгилро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, барои газидани каждум ва ҷонварони дигар дору мебошад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад. Чун ба коҳгил гулоб бипошанду бибӯянд, дил ва майнаро қавӣ мегардонад, дилтапакро дафъ мекунад, иллати беҳушшавӣ ва тафси ин узвҳоро ислоҳ медиҳад.
Коҳгилро бо гулоб, арақи говзабон ва дигар арақҳо хамир сохта, як шабонарӯз дар тобистон болояшро пӯшида бигузоранду баъд бо анбиқ аз он арақ кашида, аз он арақ биёшоманд, дилро қавӣ мегардонад; дилтапак (дилбозӣ) ва сустии меъдаи гармро беандоза фоидадорад.
Молидан ва гузошта бастани хоки таҳшини наҳрҳон обашон ширин, узвҳоро қавӣ мегардонад ва варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад; сустию нотавонӣ ва лоғарии аъзоро, ки аз бисёр рафтани хун ва хун қай кардан сура т гирифта бошад, шифо мебахшад.
Хоки чорраҳаро гузошта банданд, решҳоро хушк ва аз рим пок мегардонад. Агар инро бимоланд ё гузошта банданд, узвҳои сустгаштаро мустаҳкам месозад, ба истисқо нафъ дорад.
Инро дар замонҳои қадим ба таркиби баъзе маъҷунхо дохил менамуданд.