АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Хурмо ва фоидаи он

Хурмо ва фоидаи он

Хурмо — Ин самари машҳур ва маълум аст, инро ба мамлакати мо аз диёрҳои хориҷаи гармистон меоваранд.   Мизоҷи ин самар дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

 Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо пурқувват аст, аз он дар бадан хуни устувор пайдо мешавад; барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва мондагӣ дармон мешавад; гурдаи лоғарро қавӣ мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, барои одамони сардмизоҷ қуввати беҳ мебахшад ва бемориҳои аз сардӣ баамаломадаро нафъ дорад, дарди камарро дафъ месозад, буғумҳои баданро мулоим мегардонад; барои узвҳои даруни сина ва шуши сардмизоҷон мувофиқ ва форам аст.

Хурмо

  Хурморо дар об ҷӯшонида, он обро бо ҳулба биёшоманд, таби балғамиро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; агар ин обро бо биринҷи пухтагӣ бихӯранд, одамони лоғарро фарбеҳ мегардонад.

  Хурморо як шабонарӯз дар шири навдӯшида, хусусан бо дорчинӣ тар карда, баъд бихӯранд ва аз болои он боз шири навдӯшида биёшоманд, боҳро қавӣ мегардонад, лекин вазнин ва дерҳазм аст, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.

  Хӯрдани ин барои одамони гарммизоҷ ва сокинони сарзаминҳои гарм зарар дорад.

  Одамони он диёр, ки дар он ҷо хурмо намерӯяд, набояд инро бисёр истеъмол фармоянд. Зеро дар бадани онҳо хилти савдо пайдо мекунад, дар ҷигарашон гиреҳҳо ба амал меоварад, таб мегиронад, хунро месӯзонад, ахлоти баданро бадбӯй месозад, дарди сар медиҳад, дар даҳан ҷӯшиш пайдо мекунад, чашмро ба дард меоварад, ба дарди дандон гирифтор менамоад. Дар ин ҳолатҳо оби анор, сиканчабин (сиркоасал), равғанҳо ва бодоми ширин истеъмод намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Инчунин баъди хурморо хӯрдан даҳанро бо об бишӯянд, хуб аст.

  Хуллас, агар хурморо гарммизочон бихӯранд, бемориҳои зиёдеро ба амал меоварад, вале агар инро сардмизочон бихӯранд, иллатҳои аз сардӣ ҳодисшударо шифо мебахшад.

  Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар инро чун орд маҳин кӯфта, бихӯранд, исҳолро мебандад ва ҳатго дарунро сахт мекунад.

  Агар донаки он, яъне тухмашро сӯхта, ос карда, ба решҳои хабиса (злокачественные язвы) бипошанд, сиҳат мебахшад. Ин сӯхтаи онро кӯфта, дар об шуста, хушк карда, ба ҷароҳатдои нав бипошанд, шифо мебахшад ва инро чун сурма ба чашм кашанд, намегузорад, ки мижаҳо бирезанд, шилпуқии чашмро ба ибро меоварад, чашмро тез мекунад, захмҳои чашмро дафъ мекунад ва худи чашмро сиёҳ мегардонад,

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …