АСОСӢ / ГУНОГУН / Хуроккашӣ дар давраи ҳомиладорӣ

Хуроккашӣ дар давраи ҳомиладорӣ

Давраи ҳомиладорӣ яке аз давраҳои ниҳоятан пурмасъулият дар ҳаёти ҳар як зан ва марҳилаи муҳим барои оғози ҳаёти кӯдак мебошад. Дар ин давра ҳар гуна дигаргуниҳо ба саломатии зан аҳамияти бузург дорад.

xurokkashi-homiladori

Хуррок дар давраи ҳомиладорӣ мушкилоти тиббӣ ва ҳам иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҳолат дар давраи ҳомиладорӣ ҳам зан ва ҳам кӯдак азоб мекашанд. Хуррок падидаи овози буда, ки пайдошавиаш боиси латукубӣ гулӯ ба ҳамдигар ҳангоми гузаштани ҳаво аз болои роҳҳои нафаскашист. Гулӯ чандқадаре, ки танг бошад, ҳамонқадар эҳтимоли хуррок кашидан дар давраи хомиладорӣ зиёд мешавад.

Дар ҳолати зиёд танг будани  роҳҳои нафаскашӣ, эҳтимоли  пайдоиши хуррок  фарингеал, ва ҳолатҳои пурра қатъ гардидани нафас ҳаст. Дар ҳолати зиёд будани патология ва зиёд будани тангии роҳҳои нафаскашӣ хуррок дар давраи ҳомиладорӣ яке аз нишонаҳои инсидоди апноэ мебошад.

Дар ин ҳолат зани ҳомиладор, дар маҷмӯъ метавонад дар як шаб 2-3 соат нафас накашад. Ҳар як ҳолати апноэ гипоксемияро дар бар мегирад (камшавии оксиген дар хун).  Даҳҳо ва садҳо ҳолатҳои апноэ дар як шаб хатари пайдоиши гипоксия и гипотрофияи кӯдакро, преэклампсия ва  гипертензияи артериро зиёд мекунад.

Умуман занҳое, ки дар давраи ҳомиладорӣ хӯрок мекашанд ва бемории апноэ доранд, аз  ноором ва набудани хоб, хастагӣ ва дарди сари пагоҳӣ, ҳамлаҳои нафастангӣ дар шаб, асабоният, рӯзона хоболуд будан шикоят мекунанд.

Сабабҳои хуроккаши дар ҳолати ҳомиладорӣ. Сабабҳо метавонанд бо таври назаррас фарқ кунанд:

Дар мавриди аввал, хуррок пеш аз давраи ҳомиладорӣ мавҷуд буд ва дар давраи ҳомиладорӣ афзун гашт. Эҳтимолан, ин бемор  омилҳоро пеш аз ҳомиладоршавӣ дошта аст:  вазни зиёди, манаҳи хурди ба қафо рафта , бемориҳои музмини ЛОР.

Дав мавриди дуввум, вақте, кӣ зан пеш аз ҳомиладорӣ хуррок намекашид, ва таҳти раванди гуногун дар давраи  ҳомиладорӣ хурок ва синдроми паноэ пайдо шуд .

Ба ин ҳолат як қатор равандҳо мусоидат мекунанд:

Афзоиши вазни бадан. Ҳомиладорӣ ҳамеша бо афзоиши вазни бадан мусоидат мекунад, бинобар ин, афзоиши вазни бадани ҳомиладор аз заруриятҳои физеологи бештар ҳаст. Фаринги инкишоф меебад, чарбуҳо дар бофтаҳои нарми гардан чамъ мешаванд, кӣ боиси фишурдасозии роҳҳои нафаскашӣ аз берун мешаванд. Дар баробари ин сохтори гулу қобил ба нигоҳ доштани чарб ҳаст, бо ин васила гӯлу танг мешавад, кӣ боиси пайдоиши хуроккашӣ мешавад.

Саҳми назаррас дар пайдоиши хуррок дар давраи ҳомиладорӣ омоси ҳомиладорон мегузорад, бахусус эътилолӣ. Омосҳои эътилолӣ ҳангоми як қатор бемориҳо пайдо мешаванд: бемории қалб, гестоз, преэклампсия, ва бемориҳои гурда. Ингуна омосҳо бештар ба назар меоянд ва вазни занонро бадтар мекунанд боиси танг шавии роҳҳои нафаскашӣ мешаванд.

Омили ассосӣ, кӣ боиси инкишоф ёфтани хуррок дар занони ҳомиладор мегардад ин «ринити ҳомиладон» аст, кӣ басомади пайдоияш аз 5-40%, ва он бештар дар дуюм/сеюм семоҳаи ҳомиладорӣ пайдо мешавад. Аломатҳои ин беморӣ гуногунанд аз ҷумла: пуршавии бини, атсазанӣ, хориши бинӣ, ки боиси душворшавии нафаскаши тариқи биннӣ мешавад.

Табобати хуроккашӣ ва индроми апноэ хоби ҳомиладорҳо.

Интихоби  усули махсус ё маҷмӯи усулҳои табобати хурроккашӣ ва синдроми апноэ аз як қатор  сабабҳо  ва сахтгирии ихтилоли нафаскашӣ вобаста аст. Ҳангоми сабук будани синдроми апноэ, кӣ на он қадар хатарнок барои кӯдаку модар аст роҳи ҳалли ин мушкили танҳо мунтазир шудан аст. Баъд аз бомуваффақият анҷом ёфтани ҳомиладорӣ хуррок пурра нопадид мешавад.

Ҳангоми аз ҳад зиёд будани вазни ҳомила парҳези муайян дар назар гирифта шудааст, ки боиси маҳдуд гаштани афзоиши вазни бадан мегардад.

Ҳангоми омоси (варамкунии) физеологи маҳдуд кардани миқдори об дар назар гирифта шудааст, махсусан баъд аз нимаи дуюми руз. Самаранок ва маҳдуд кардани истеъмоли намак.

Ҳангоми  омоси эътилоли вобаста ба ташхиси бемори табобати махсус гузаронида мешавад.

Дар давраи  ринити ҳомиладорӣ  имконияти риояи  дастурҳои зерин аст:

  • Ҳангоми хоб мавқеи болотарро барои худ ишғол намоед;
  • Буғи гарм метавонад каме ҳолатонро сабук гардонад. Ҳамоми гарм кардан якаме дар ҳолати ҳамоми гарм бошед. Инчунин метавонед дар оби гарм сарчоқро тар карда, ба рӯятон монда , каме нафас кашед;
  • Ба биниатон қатраи ҳалли изотонии тозаро чаконед АкваМарис (0.9% ҳал тақрибан 1 грам намак дар 1 литр об). Баъд аз чанд дақиқа атса занед;
  • Таъсири ҳар гуна омили вусъатро нагузоред (дӯди тамоку, бӯи қавеъ, тағироти ногаҳони дар ҳарорати ҳаво);
  • Тасмаҳои васеъкунандаи биннӣ истифода баред «БризРайт». Ин тасмачаҳо бар болҳои бини часпонда нафаскашӣ бо биниро осон мегардонанд. Тасмачаҳои мазкурро метавонед ҳам дар давоми рӯз ва ҳам дар давоми шаб истифода баред. Ин тасмачаҳо компоненти доругӣ надошта занони ҳомиладор бемаҳдуд онҳоро истифода бурда метавонанд. Истифода бурдани тасмачаҳои «Бриз Райт» ба ҳомиладорон  имконият медиҳад ки аз хурроккашӣ халос шаванд.

Агар зани ҳомиладор  апноэи  вазнин ташхис  карда бошад, ки   ва   гипертонияи артериро дар бар мегирад нишонаҳои  преэклампсии дар кӯдак дар ин ҳолат табобати шаддид  дар назди мутахассис зарур аст.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …