АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Ёқут — санги нодир ва шифодор!

Ёқут — санги нодир ва шифодор!

Ёқут (русс. рубин)  —  ин аз сангҳои нодир ва гаронбаҳо мебошад. Инро аз кон ва маъдан ҳосил мекунанд, дар ҳачм гуногун мебошад: калон, миёна ва реза. Рангҳояш ҳам гуногун аст: сурх, зард, кабуд, сабз, пуштӣ ва сафед. Ва дар яке аз инҳо рангин, миёна ва камранг мешавад. Беҳтарини ҳамааш ёқути руммонӣ (сурхи хушранги оби анор), обдор ва сахти шаффофи он аст. Вале навъҳои кабуд, ҳаворанг, сурмаранг, лоҷвардӣ ва пуштии он камёб мебошад.

 Ёқут санг

Лаъл ҳам як навъи ёқути сурх аст. Беҳтарини ҳар як намудаш он аст, ки сахти соф, шаффофи якранг бошад. Ёқут аз ҳамаи сангҳо сахттар аст ва дар сахтӣ баъд аз алмос мақом дорад. Ҳарчанд дар ҳаҷм калонтар бошад, қиматтар мегардад. Навъи кабудаш сахттар назар ба сурхи он, сурхаш аз зарди он ва пуштиаш дар сахтӣ ба сурх наздиктар аст, вале сафеди

он аз ҳама мулоимтар ва дар конаш хом ва ноқис мондааст. Ранги ёқут аз равған молидан тира мегардад.

  Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар дараҷаи дувум хушк мебошад. Зардаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, кабудаш дар дараҷаи якум гарм ва дар севум хушк аст, навъи сафедаш дар гармиву сардӣ мӯътадил ва дар аввали дараҷаи дувум хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамми онро биёшоманд, саръ, васвос, дилтапак (дилбозӣ), тоун (чума), шах шудани хун дар дарун, хунравӣ ва заҳрҳоро дафъ мекунад; ҳавои вабоиро табдил медиҳад, хунро соф мегардонад, ҳарорати модарзодии баданро нигоҳ медорад; кувватҳои                                баданро, ки қуввати  нафсонӣ(қуввати рӯҳӣ), куввати ҳайвонӣ (қуввати ҷисмонӣ) ва қуввати табиӣ мебошанд, устувор медорад. Агар ангуштари онро ба даст бипӯшанд, ҳоҷатҳо иҷро мегарданд, зарари барқ ва тоунро дафъ мекунад. Агар ёкутро дар даҳан нигоҳ доранд, бадбӯйии ин узвро нест мекунад, ташнагиро мешиканад, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ ва нишот меоварад.

  Ёқутро ба худ овезанд, чашми бад намерасад, аз офати тоун эмин мешаванд, ҳавои вабоиро тағйир медиҳад; ба иллатҳои васвос, саръ ва дилтапак гирифтор намегардонад, дар назари мардум бошукӯҳ метобанд, низ хунравиро қатъ мекунад ва хуни шахшударо мёгудозад, гуфтаанд.

  Ёқутро чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро қавӣ мегардонад ва саломатии ин узвро нигоҳ медорад.

  Микдори як бор хӯрдан аз ёқут дар як рӯз аз 0,19 то 0,5 грамм асг.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …