Заъфарон — ин торҳои гули растанӣ мебошад, ки монанди гулҳои маҳсар аст, бисёр хушбӯй. Рангаш зарди тираи моил ба сурхӣ, вале чун маҳсар хор надорад. Баргаш монанди барги ёсамин ва пиёзакаш монанди пиёзаки наргис аст. Дар миёни гули он се-чор торҳои заъфарон дорад.
Ин растаниро аксар дар Кашмир, Эрон, Испания ва дигар мамлакатҳо месабзонанд, дар нимҷазираи Абшерони Ҷумҳурии Озарбойҷон низ мерӯёнанд. Беҳтарини ҳамааш кашмирӣ, баъд аз он эронӣ ва сонӣ испании он аст, вале озарбойҷониаш камбӯй ва заиф мебошад.Мизочаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро ба дарун истеъмол фармоянд, фараҳи бисёр меоварад, ҳамаи даҳ ҳисси одамиро қавӣ мегардонад; хислати часпандагӣ дорад; моддаҳои зарарнок ва нодаркорро пазонида, барои хориҷ шудан муҳайё месозад; хилти балғамро аз бадбӯ гаштан манъ мекунад ва инчунин онро аз вайрон шудан нигоҳ медорад; пешобро меронад, қабзкунанда аст, яъне моддаҳои зарарнок ва нодаркори ба узвҳо рехташавандаро манъ мекунад; боҳро ба ҳаракат меоварад; ҷавҳари рӯҳи ҳайвониро, ки манбааш дил аст, қавӣ мегардонад; қувватбахши ҷигар, узвҳои даруни шикам ва узвҳои нафас мебошад, дар инсон ҳисси нишот меоварад, ханда пайдо мекунад, хичак ва гурдаро пок менамояд, башараро соф мекунад; қуввати даворо ба дил ва узвҳои дигар бурда мерасонад; гиреҳҳои майна, ҷигар ва сипурзро мекушояд.
4,5 граммашро занҳо бо чой фурӯ баранд, душвории зоиданро осон мекунад. Агар ҳар рӯз аз он 0,2 грамм бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок мекунад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад; ин миқдорро бо майи пухтагӣ бихӯранд, хуморро дафъ менамояд; агар инро бо асал бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-ад, бо кокутӣ бихӯранд, дарди бачадон ва мақъадро дафъ мекунад.
Заъфаронро бибӯянд, варами пардаҳои даруни синаро нафъ дорад, хоб меоварад. Агар заъфаронро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро равшан мекунад ва пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ менамояд, инчунин дар натиҷаи беморӣ кабуд гаштани чашмро ба ислоҳ меоварад; шилпуқӣ, қӯтур ва реши чашмро шифо мебахшад.
Заъфаронро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди шадиди сар ва бехобиро ба ибро меоварад. Агар инро гузошта банданд, обравии чашмро ислоҳ ва ба чашм фуромадани рутубатҳоро манъ мекунад; реши ҷамра, ки мӯҳлик мебошад ва варами гарми гӯшро мегардонад; дарди сари аз сардӣ баамаломадаро таскин медиҳад, бехобиро дафъ мекунад.
Инро бо фарфюн (молочай) даромехта бимоланд, барои иллати ниқрис (подагра) ва бемориҳои буғумҳо дору мешавад. Ва агар кӯфта бипошанд, хуни рафтаистодаро манъ мекунад. Заъфаронро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро ба ибро меоварад ва агар дар мақъад бардоранд, дарди онро таскин медиҳад.
Вале агар онро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба гурда зарар дорад, иштиҳоро ба таом суст мекунад, мумкин аст дилро беҳузур (беҷо) созад, зарараш бинобар пайдо шудани туршӣ аз рехта гаштани моддаи савдо ба меъда аст; инчунин меъдаро қавӣ мегардонад, аз сабаби он ки дар заъфарон гармӣ, куввати дибоғаткунандагӣ ва қабзиятовар мавҷуд аст; дарди сар меоварад. Агар бо шароб бихӯранд, мастӣ меоварад. Вале бардавом бихӯранд, ҳисҳои одамиро тира мегардонад, инчунин ба асабҳо ҳам зиён мекунад. Дар ин маврид арпабодиён бихӯранд ё сиканҷабин биёшоманд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз заъфарон дар як рӯз то 7 грамм аст; вале мегӯянд, ки 10,5 грамми он кушанда мебошад ба воситаи беҳад хурсанд ва хушҳол кардан. Як тори заъфаронро дар сӯрохи закар гузоранд, пешоби бандшударо равон мекунад.
7 грамми онро бо шароб хамир карда, монанди чормағз кулӯла сохта, онро сӯрох карда, бо ресмон ба шиками зани ҳомила биёвезанд, душвор зоиданро осон мекунад ва ҳамроҳаки (ёраки) тифлро зуд фуруд меоварад. Аз заъфарон равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 225 грамми заъфаронро дар 1050 грамм равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун панҷ рӯз андохта монанд ва ҳар рӯз барҳам, зананд, яъне бикованд ё биҷунбонанд, баъд соф карда нигоҳ доранд, ки ин равғани заъфарон ҳисоб меёбад.
Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимоланд, асабро мулоим мекунад, сахтии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд, ба ҳоли сиҳат мегардонад, хоб меоварад. Агар инро дар сӯрохи бинӣ бимоланд ва дар бинӣ бирезанд. зот-ул-ҷанбро, ки варами пардаҳои даруни сина аст, шифо мебахшад. Молидани ин равған решҳои бачадон, решҳои ҳабиса (злокачественные язвы) ва бадфиоли дигар узвҳоро пок мегардонад. Агар ин равғанро бо муми занбӯри асал ва мағзи устухон даромехта, занҳо аз таг бардоранд, реши бачадонро шифо медиҳад.