АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Занбуруғи танаи дарахт

Занбуруғи танаи дарахт

Занбуруғи танаи дарахт —  Ин дар реша ва танаҳои дарахтони пӯсида ва кундаҳои боқимонда монанди занбӯруғ мерӯяд, ки ду навъ аст: нар ва мода, бо рангҳои гуногун. Таъмаш бо ширинӣ, тезӣ, талхӣ ва қабзиятнокӣ мебошад. Навъи нараш андак сахттар аст назар ба модаи он, кулӯла, бо табақот, ки гуё яклухт аст бар хилофи модаи он.

занбуруги дарахт

Қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Беҳтарин ва дар тиб истеъмолшавандаи он қисми модаи сафеди сабуквазни табақадор, ҳамвор ва мулоими он аст, вале ғайри кулӯла, ки китъаҳои он бузург ва зуд резашаванда мебошад ва бо андак соидан аз ҳам пошида мегардад — ин фоидабахш аст. Агар он чӣ бар хилофи ин бошад, барои табобат намешояд. Қисмҳои зард ва сурхи он ба заҳрнокӣ наздик аст ва сиёҳи он захрнок ва ҳамаи ин навъҳояш истеъмол намегарданд.

  Шарти истеъмоли қисми модаи сафеди он чунин аст, ки ба ордбезак ё гирбол бимоланд, қисми сабук ва мулоимаш аз он мегузарад, вале кисми заҳрноки он, ки сахттар аст, нагузашта мемонад. Инро намекӯбанд, зеро ки агар бикӯбанд, қисмҳои заҳрнокаш, ки ба шакли нохуни бурида асг, низ дохил мегарданд.

  Дар бобати мизоҷаш қавлҳои бисёр ва гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо гарм ва хушк донистаанд, баъзеҳо сард ва тар мегӯянд. Вале Абӯалӣ ибни Сино дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк бо ҷавҳари ҳавоӣ, обӣ, хокии латиф гуфтааст.

  Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, балғаму савдову сафрои ба ҳам омехтаро бо исҳол дафъ мекунад, ахлоти ғафсро рақиқ (суюқ) мегардонад, моддаҳои ғализи часпакро меканад, бодҳои ғализ ва варамҳои сахтро тахдил медиҳад; қулинҷро, ҳар навъ ки бошад, мекушояд; гиреҳҳои баданро, хусусан гиреҳи ҷигар ва гурдаро мекушояд, давоҳои исҳоловарро ба ҷоҳои дури бадан мерасонад; моддаҳоро аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан мекашад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад; чарбии мушакҳо, заҳрҳои чонварони газида ва ошомидашуда ва давоҳои заҳрнокро аз бадан дафъ мекунад; асаб, дил ва майнаро бағоят қавӣ мегардонад, фавран фараҳ мебахшад, ахлоти мурдорро ба исдоҳ меоварад, табҳои балғамиро шифо мебахшад ва дар ин хислатҳо бе ҳеҷ гуна зарар ва некоқибат мебошад.

  Ошомидани он барои дарди сари аз сардӣ ва аз зиёд шудани балғам суратгирифта, ки кӯҳна шуда бошад ва барои дарди нимсар даво мебошад. Агар инро бо ҳалилаи кобулӣ бихӯранд, бухорҳои дар бадан пайдошударо паст мекунад ва агар бо решаи чукрӣ (ревоҷ) бихӯранд, назлаҳоро манъ мегардонад.

  Агар инро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, бо он моеъ ғаргара кунанд, варами ҳалқ ва мушакҳои онро таҳяил медиҳад, дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад; агар бо ин моеъ нимгарм ҳуқна кунанд, назлаи вабоиро ба ибро меоварад.

  1,75 грамми инро бо об бихӯранд, хун қай кардан ва хунравиро аз узвҳои даруни сина манъ мекунад; 3,5 граммашро бо арпабодиён биёшоманд, дамкӯтаҳӣ ва ростнафасро шифо мебахшад; ҳамин миқдори онро бо қивоми оби решаи ширинбия бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина, сурфаи кӯҳнаи сарди балгамӣ, зиқ-ун- нафас (тангии нафас) ва душворнн онро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас бихӯранд, захми шушро дафъ мекунад.

  Аз 3,5 то 4,5 грамми онро бо решаи ревоҷ (чукрӣ) бихӯранд, бемориҳои ҷигар, меъда ва турш шудани таомро дар меъда даво мешавад; ин микдорро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, барои зардпарвини аз гиреҳҳои маҷрохои моддаҳо суратгирифта, агарчӣ сабабаш дар сипурз бошад, шифо мебахшад; ин миқдори онро бо талхшувоқ даромехта, бо асал маъҷун сохта, яъне сиришта, бардавом бихӯранд, истисқои гуштӣ ва обиро шифо мебахшад;

агар бо арпабодиён бихӯранд, дардҳои ботиниро таскин медиҳад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; бо асал бихӯранд, барои қулинҷ (колит) шифо мебахшад, инчунин тамоми навъҳои бодро тит ва пароканда мегардонад.

  Агар инро дар об ҷӣшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, қулинҷро мекушояд, варам ва захмҳои рӯдаҳоро ба ибро меоварад.

  Хоидани он батанҳоӣ ва фурӯ бурдани оби он некӯ давоест барои дарди меъда, оруғи турш ва истодани таом дар сари меъда.

  3,5 грамми онро бо шаҳдоб (асалоб), агар бемор таб дошта бошад, бихӯрад, барои бо исҳол дафъ кардани балғаму сафрову савдои бо ҳам омехта, гудохтани хилги гализ ва берун кашидани онҳо аз ҷоҳои дури бадан, равон кардани пешоб ва ҳайз, дафъ кардани дарди рӯдаҳо ва бӯгмаи бачадон (инчунин таҳлил додани боди бачадон) даво мешавад, вале агар бемор таб надошта бошад, бо шахдоб ва сабир (алоэ) низ бихӯранд, бӯғмашавии бачадон ва захми онро шифо мебахшад; агар бо камтар хояи сагобӣ биёшоманд, ҳамаи навъҳои қулинҷ ва иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик)-ро шифо мебахшад; бо решаи ревоҷ бихӯранд, сангҳои гурдаро майда карда мерезонад.

  Агар инро бо парпӣ ё бо ҷадвор бихӯранд, ҳамаи намудҳои варамро тахдил медиҳад.

  Аз 1,75 то 3,5 грамми онро бо сиканҷабин сиришта бимоланд, дардҳои буғумҳо ва ирқуннасо (радикулит)ро дафъ мекунад, инчунин ниқрис (подагра), дарди буғумҳо, бемориҳои асаб ва табҳои доимиро бо сабир (алоэ) даромехта бимоланд, ба ибро меоварад.

  Аз 3,5 то 7 грамми онро бо шароб бихӯранд, барои газидани мор ва дигар ҷонварони заҳрнок тарёқ мебошад, инчунин ба ҷойи газида батакрор гузошта банданд ҳам, чунин таъсирро дорост. Агар ин

занбӯруғро бо худ доранд, каждум намегазад.

  0,8 грамми онро бихӯранд, ранги рухсорро некӯ мегардонад.

  Ҳамаи намудҳои дигари ин занбӯруғ зарарнок аст, ки ба дарди гулӯи хафакунанда, ғамгинӣ ва беморихои шуш гирифтор карда мекушад. Ва агар онҳоро хӯрда бошанд, давояш хӯрдани хояи сагобӣ, оби гарм нӯшида қай кардан, инчунин шири навдӯшида нӯшида қай кардан ва ғайра аст.

  Ба ҷойи ии ду баробари вазни он зарпечак истеъмол намоянд, раво мебошад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …