Зоғ ду навъ аст: зоғи ало ва зоғи сиёҳ. Беҳтарини он бачааш мебошад. Мизоҷаш умуман дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахпш он: гӯшти ин барои одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба пирон форам аст, маниро зиёда мегардонад. Аз он ҳалиса тайёр карда, яъне бо гандуми кӯфта, намак ва равған муҳарро пухта бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қувват мебахшад. Дар ин бобат бояд аввал гӯшти онро дар об ҷӯшонида, он обро рехта партоянду баъд бо сирко бипазанд, дар ин ҳолат барои одамони гарммизоҷ низ форам мегардад.
- Зоғи ало. Беҳтарини он бачааш мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дерҳазм аст, ғизоияташ раддӣ, яъне ҳангоми хӯрдан бадӣ меоварад. Беҳтараш он аст, ки аз хӯрдани гӯшти он худдорӣ намоянд. Вале агар бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Ва агар чашмашро ба худ овезанд, бехобӣ меоварад.
- Зоғи сиёҳ ва зоғча. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он дар бадан хуни солим пайдо мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Вале барои одамони гарммизоҷ зарарнок аст. Давои ин зарараш сирко хӯрдан аст.
Заҳраи ҳамаи навъҳои зоғ поккунанда ва тунд аст. Агар онро ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки онро дафъ мекунад; бо заҳраи хурӯс ва асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро ба ибро меоварад.Саргини ҳамаи зоғон низ тунд аст ва поккунанда мебошад. Агар инро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро нест мекунад.
Гӯшти хушки онро ҳар рӯз 0,6 грамм то се рӯз пайдарҳам бихӯранд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Хуни хушккардаи онро бимоланд, бавосирро шифо мебахшад. Парашро сӯхта бимоланд, мӯйро мерӯёнад.