АСОСӢ / ГУНОГУН / ЗУЛМУ ИСТИБДОД

ЗУЛМУ ИСТИБДОД

НАКУҲИШИ ЗУЛМУ ИСТИБДОД

Дар ашъори гуногунмавзӯи шоир зулму истибдод ва поймол- кунии ҳуқуқи инсон мазаммат мешавад. Ин ҳолатро дар шеърҳои «Ду ҳуҷум», «Якуми Май ва МОПР»[1], «Ба тахтнишин», «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» равшан мушоҳида кардан мумкин аст.

зани сарсону саргардон ва беҳолу бемадор дар фасли зимистон оғоз меёбад:

payrav-sulaymoni

Дар шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуа- зии Аврупо» беқадрИ ва беҳуқуқии инсони меҳнатИ дар ҷомеаи сармоядорИ ба тасвир омадааст. Ин шеър бо тасвири симои зоҳирии бо сару пойи бараҳна фасли зимистон Пираҳани пора-пора пӯшида бар тан, Хаставу бемору бемадор яке зан

Дар бағал андар гирифта кӯдаки гирён…

Пайрав дар бандҳои минбаъда сабабҳои ба ин вазъият гириф- тор шудани зан ва ҳолати рӯҳии ӯро ба воситаи унсурҳои тасвир, монанди таҷнис, тазод, хитоб ва махсусан тавсиф (хаставу бемору бемадор, бекасу беёру бемакону бепарастор, дилфигору парешон) нишон медиҳад. Зан, кӯдаки гуруснааш дар бағал, навмедона аз кӯчае мегузарад, ки чашмаш ба бинои мунаққашу шишакории «ошхонаи кафешантан» меафтад. Аз девори шишакорИ манзараи айшу ишрат ва дастархони пурнозу неъмат равшан намудор буд. Зани бечора ба ин манзара хомӯшона менигарист, вале кӯдаки гу- русна тоқат надошт:

Кӯдак чашмаш чу ба таом бияфтод, Аз алами гуруснагИ ба шиша дарафтод. Модараш оғоз кард зорию фарёд, -Мусю, як луқма гӯшт!

Мистирис, нон!

Воқеа торафт шиддат мегирад. Полиси шаҳр аз доду фарёди кӯдак дар ғазаб шуда, занро лагадкӯб мекунад. Аз зарби лагад кӯдак аз дасти модар афтида нобуд мешавад. Банди ҷамъбастии шеър басо риққатовар ва пурсӯз аст:

Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ, Мағзи сараш пош-пош гашт ба ҳар ҷо. Мӯйканон модар уфтод, ки:

— Эй воҳ!

Тифлаки бечораам талаф шуда.

Қурбон!

Шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» аз 10 бан- ди чаҳормисрай иборат аст. Пайрав Сулаймонӣ дар ин шеър ба воситаи нидоҳо, муроҷиатҳои хитобӣ, такрор, таҷнис, тавсиф ва калимаҳои ҳамовоз (Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ) ифода- нокии шеърро боз ҳам афзун мегардонад ва нисбат ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ҳам раҳму шафқат ва ҳам нафрату бадбиниро бедор мекунад.

Пайрав Сулаймонӣ достонҳои «Тахти хунин», «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуо-

«Тахти хунин»

ти ранҷбари тоҷик» ва асари нотамоми «Ма- нораи марг» низ дорад, ки ҳар се дар жанри маснавӣ (аа, бб, вв…) эҷод гардидаанд. Достони «Тахти хунин» (1931) аз оғоз ва ҳашт боб иборат аст ва, чунонки худи шоир ишо- ра кардааст, дар он манзараҳои истибдоди[2] охирин амири суло- лаи манғитияи Бухоро — Олимхон (1880 -1946) тасвир гардидааст. Дар оғоз макони воқеа нишон дода мешавад. Аз ифодаҳои пай- дарпайи тазодиву маҷозӣ дар баробари намуди зоҳирӣ маркази зулму истибдод ва қатлу ғорат будани қасри подшоҳӣ равшану возеҳ эҳсос мешавад:

Дар миёнаҷойи боргаҳ ба ҳашам[3] Тахти сангин ситода мустаҳкам. Ранги ӯ ранги гулгуни сиёҳ, Нест гулгун, балки хуни сиёҳ. Зери ӯ чорпояи пӯлод, Назди ҳар поя буд як ҷаллод.

Шоир ба воситаи калимаҳои хун, сиёҳ, ҷаллоД, шамшер, гург, ханцар ва санъатҳои бадеии такрору тавсиф моҳияти ҳақиқии ин қасри зоҳиран боҳашамату ботинан даҳшатнокро ошкор месозад.

Дар боби якум образи соҳиби ин тахти даҳшатбор — амир Олимхон тасвир меёбад.

Образҳои асар

Симои образи асоси чунон ҳунармандона офарида шудааст, ки хонанда аз тасвир боти- ни даҳшатноку воҳимаангези ӯро бо тамоми ҳастИ эҳсос мекунад. Санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, такрор ва махсусан муболиға (аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз), хислатҳои ғайриинсонИ ва ботини нопоки ин амири ситамгарро ҷамъбаст намудаанд. Ифодаҳои

чашмони пурхун, абрувони хамиДаи пурчин, лаби ташнаи хун, панцаи хунрез ва мисли бабр нохуни тез Доштан дар ифодаи му- каммали образ саҳм гирифтанд:

Рӯйи он тахтасанги пурдаҳшат Буд биншаста марди бадҳайбат.

Чашмҳо хира-хираву пурхун, З-он ҳувайдост қаҳру хашму ҷунун.

Абрӯвони хамидаи пурчин, Чини ӯ сар кашида то ба ҷабин.

Риши хурмоирангу пурхаму тоб Бар занах[4] печ хӯрда ҳамчу таноб.

Лаб ба хун ташна, панҷааш хунрез, Бабрсон нохунаш даррандаву тез. Синааш пур зи ҷавру зулму ситез, Аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз…

Таркибҳои тафсилии чашмҳои хира-хира, абрӯвони пурчини то ба пешона сар кашида, риши мисли таноб ба манаҳ печутобхӯрда бо тобишҳои ҳаҷвии худ ҷаҳолати амирро боз ҳам бештар ошкор месозанд.

Образи дигари достон мири ғазаб мебошад, ки он ҳам асо- си таърихИ дорад. Қӯшбегии аморати Бухоро Низомиддинхӯҷа бо ҳаммаслаконаш моҳҳои март-апрели соли 1918 дастгоҳи нави одамкушИ — ба ғарғара кашидани одамонро «ихтироъ» мекунад. Амир Олимхон барои ин «хидматаш» ба ӯ «мири ғазаб» ном мениҳад, ки маънои раиси ҷаллодонро дошт. Образи мири ғазаб дар бобҳои чорум ва панҷуми достон тасвир меёбад.

Мири ғазаб бо ифодаҳои такрор ба такрори каммазмун амирро васф мекунад. Вале дар суханони бетартибу каммазму- наш нисбат ба амир садоқату самимият ҳис намешавад. Пай- рав Сулаймонӣ ба воситаи санъатҳои киноя, тазод, муболиға ва талмеҳ рӯҳи ҳаҷвии суханони мири ғазабро афзудааст:

Эй ба фармонат шаҳрҳо вайрон, Фуқаро кӯ ба кӯю саргардон! Эй ки бо як ишора, дар як он Мамлакатро намуда гӯристон… Эй ту бо амну сулҳ дорӣ ситез, Эй ки паймонаат зи хун лабрез!

Таркибҳои киноявии авлоди поки шоҳи араб будан, дар олам шуҳрат афкандан, ташбеҳи ба гӯристон монанд кардани мамла- кат ва муболиғаи ба як амр сад ҳазор фақир ҳалок намудан кулли хислатҳои манфури амирро ошкор месозанд.

Дар айни ҳол аз суханони мири ғазаб симои нафратова- ру ботини нопоки худи ӯ ҳам маълум мешавад. Мири ғазаб дар бераҳмӣ, ваҳшигӣ, ҷаллодӣ ва бадмастиву бадахлоқӣ аз амир камӣ надорад. Ӯ беибо назди амир аз қатлу ғоратҳояш ҳисобот медиҳад ва аз ин рафтори ваҳшиёнаи худ ифтихор ҳам мекунад:

Кӯдаконро ба қӯра дардодам, Сӯз дар синаи падар додам. Наъшҳо дар танӯр сӯзондам, Чашмҳоро ба тир дӯзондам. Дасту бинию гӯш буррондам, Зинда-зинда ба гӯр гӯрондам. Хун чун дар ҷӯйҳо равон кардам, Даштро боғи арғувон кардам…

Дар боби ҳафтуми «Тахти хунин» образи намояндагони халқи мазлум мушоҳида мешавад. Инҳо шаш нафар аз нажоди кӯҳистонанд ва азбаски аз супурдани андози подшоҳӣ саркашӣ карданд, навкарон онҳоро дасту по баста назди амир овардаанд. Фақирони кӯҳистонӣ чунон «пиру ранҷуру хаставу беморанд», ки ҳатто қувваи додхоҳй кардан ва ба пурсишҳо ҷавоб доданро надо- ранд. Шоир сабаби тарсӯӣ ва беҷуръатии фақирони кӯҳистониро дар мустаҳкам будани пояи зулм медонад:

Хостанд то зи шаҳ суол кунанд, Додхоҳиву арзи ҳол кунанд.

Муштҳои қавии ҷаллодон, Хӯрд бар фарқҳояшон чандон Чашмҳо аз ҳадиқа[5] берун шуд, Мағзҳо ҳар тараф парешон шуд.

Пайрав Сулаймонӣ дар ҳафт боби достон ба дараҷаи ниҳоӣ ра- сидани ҷабру зулмро дар аҳди ҳукумати манғития нишон медиҳад. Дар боби хотимавии асар шоир бо қувваи халқи меҳнатӣ аз байн бурдани тахти хунини амир Олимхонро мухтасар тасвир мекунад ва бо ҳамин ғояи бебақо будани пояи зулм талқин мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Шоир дар кадом шеърҳо зулму истибдодро мазаммат мекунад?
  2. Шеъри «Як курбонии кӯчаи буржуазии Аврупо»-ро таҳлил намоед.
  3. Пайрав чанд достон эҷод кардааст ?
  4. Дар тасвири образи Олимхон кадом воситаи тасвир истифода шу- дааст?
  5. Оё мири ғазаб қаринаи воқеӣ (прототип) дорад ?
  6. Хусусияти ҳаҷвии асарро муайян намоед.
  7. Дар бораи образи намояндагони халқ маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

  1. Таркибҳои чашмони пурхун, абрувони хамидаи пурчин, лаби таш- наи хун, панҷаи хунрез, нохуни тез (ифодакунандаи чеҳраи амир Олимхон) ба кадом асари Пайрав тааллуқ доранд?
  2. «Манораи марг»;

Б) «Ду ҳуҷум»;

  1. «Фироқнома»;

Г) «Асира ё худ исён»;

F) «Тахти хунин».

[1] МОПР — ташкилоти байналхалқии ёрирасон ба муборизони инқилобИ.

[2]   Истибдод — худсарӣ, худкомӣ, ҳукмронии ба сари худ.

[3]   Ҳашам — дабдаба, шукӯҳу ҷалол.

[4]   Занах — манаҳ, зери манаҳ.

[5] Ҳадиқа — косахонаи чашм.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …