Бустонафрӯз

Инро тоҷикон гули тоҷи хурӯс низ мегӯянд. Ин гули маълум аст бо намудҳон гуногун.   Мизочи ҳамаи навъҳои он хунук ва хушк аст.

точи хурусакХислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро гирифта, 35 грамм аз он бинӯшанд ё онро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом бо сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, ҳарорати баланди меъда ва ҷигарро паст мегардонад, инчунин гиреҳи сипурзро мекушояд.

Гиёҳаш ҳангоми истеъмол ба дарун дерҳазм ва душворҳазм мегардад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби таргиёҳи он то 35 грамм аст.

  Агар тухмашро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар инро кӯфта, дар 300 грамм шир тар карда, шаб дар моҳтоб бигузоранду субҳ онро бинӯшанд ва чанд рӯз ҳамин тавр мудовамат намоянд, барои сӯзиши пешоб (сӯзок) ва омадани хун дар пешоб давои аҷибест.   Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то 9 грамм аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …