АСОСӢ / ГУНОГУН / АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТИ

АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТИ

Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957) зодаи маҳаллаи Барзадимоғи шаҳри Кирмоншоҳи Эрон мебошад. Падараш Аҳмад марди бофарҳанге буда, ба касби гевакашӣ(чоруқдӯзӣ) машғул буд. Мавсуф бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳрат дошта, шеърҳои тасаввуфӣ менавиштааст. Аҳмади шоирро бо номҳои «Усто Аҳмад», «Мирзо Илҳом», «Ҳакими Илҳомӣ» низ мешинохтаанд.

abulkosim-lohutiАбулқосим саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва дар назди падараш баровардааст. Тангии рӯзгор ва душво- рии маишати хонавода Абулқосимро маҷбур кард, ки бармаҳал таҳсилро қатъ намуда, чанде дар дӯконҳои челонгарӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ чун шогирд фаъолият намояд ва ба ҳунари гевакашӣ низ машғул шавад.

Дар айни ҳол Абулқосим тавассути падараш ба омӯхтани осори суханшиносони ҷаҳонӣ, чун Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, машғул мешавад ва ба муҳити адабии Кирмоншоҳ ошноӣ пайдо мекунад. Абулқосим дар ин муҳит ҳунари шеъру шоириро омӯхта, худ низ ба шеъргӯйӣ оғоз менамояд.

Ҷараёнҳои гуногуни мазҳабии давр, чун «Баҳоия», «Неъ- матуллоиҳо», дар тарғиби ғояҳои худ аз истеъдоди фитрӣ ва маҳорати шоирии Абулқосим Лоҳутӣ истифода бурданӣ мешу- данд. Ниҳоят, соли 1904 ташкилоти «Одамият»[1] Лоҳутиро барои таҳсил ба Теҳрон мефиристад.

Таҳсили Лоҳутӣ дер давом накард. Дар зери таъсири инқилоби солҳои 1905 — 1907-и рус Эронро низ муҳити инқилобӣ фаро гирифт ва Лоҳутӣ аз эҷоди шеърҳои тасаввуфӣ даст кашида, ба инқилобиёни Эрон ҳамроҳ шуд.

Лоҳутӣ дар ибтидои ҳаракати машрутахоҳии[2] мардуми Эрон бовар дошт, ки эълони машрута (соли 1907) ва интихобӣ шудани аъзои маҷлиси миллӣ вазъияти мамлакатро беҳтар мекунад. Дере нагузашта аз тарафи Муҳаммадалӣ (1907-1909), ки баъди фав- ти падараш — Музаффаруддиншоҳ (1886 — 1907) ба тахт нишаста буд, машрута (конститутсия)-и эълоншуда бекор карда шуд ва ин воқеа ҷаҳонбинии шоирро тағйир дод.

Вақте ки солҳои 1907-1911 дар Эрон инқилоб ва ҳаракати де- мократии халқ аз нав авҷ гирифт, Лоҳутӣ дар маркази ин ошӯбҳо буд. Аз ҷумла, дар шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Гелони вилояти Рашт фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ордени Сатторхон[3] мушарраф гардид. Ва дар ғазали сиёсии «Ё ҳар ду» (1909) амалиёти зиддихалқию ватанфурӯшии вакилони маҷлисро фош намуд:

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери теғам ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду.

Ин ғазал дар рӯзномаи «Чантаи[4] побараҳна», ки дар Теҳрон чоп мешуд, ба табъ расид ва муаллифи он барои ин шеър ҳабс шуд, вале дере нагузашта бо талаби халқи башӯромада озод гардид.

Охирҳои соли 1911 инқилоби Эрон шикаст хӯрд. Шеърҳои «Қурбони рӯшноию нуру сафои Шарқ», «Шамъу парвона» дар мусофират эҷод шудаанд.

Абулқосим Лоҳутӣ охирҳои соли 1914 боз ба Эрон, ки дар ин ҷо ҳаракати инқилобӣ аз нав қувват мегирифт, баргашт ва наш- ри рӯзномаи «Бесутун»-ро оғоз карда, дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ фаъолона ширкат намуд. Ин ҳолат дар шеъри «Бозгашт ба Ва- тан» (1915) ифода ёфтааст:

Дар ғами ошёна пир шудаам, Боқӣ аз ҳастиям ҳамин номест.

Лоҳутӣ дар солҳои 1914 — 1917 гоҳ дар Кирмоншоҳ, гоҳ дар Теҳрон, гоҳ дар Хонақайн, гоҳ дар Кохи Ширин ва гоҳ дар Бағдод гуреза буд ва солҳои 1918 — 1921 низ барои шоир солҳои вазнин- тарин маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамин солҳо ӯ ба Нусратбону ном духтар хонадор мешавад, маҷаллаи «Порс»-ро таъсис медиҳад ва шеърҳои бисёре эҷод мекунад, ки бо номи ашъори истамбулӣ машҳуранд.

Соли 1921 Лоҳутӣ Истамбулро тарк карда, ба душвориҳои зиёд саҳрои Арабистонро пиёда тай намуда, ба Ватан баргашт ва моҳи октябр ба Табрез омада, сарварии шӯришро ба уҳда гирифт, ки он дар таърих бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст. Якуми феврали соли 1922 ҳукумати Табрез ба дасти инқилобиён гузашт, вале баъди ёздаҳ рӯз он аз дасти қувваҳои ҳукуматии аз Теҳрон фиристода ба шикаст дучор шуд. Ҳукумат барои сари Лоҳутӣ мукофоти калон ваъда кард ва шоири озодихоҳ ҳамроҳи чанде аз ҳаммаслаконаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд.

Тақдири минбаъдаи Абулқосим Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мебошад. Шоир дар солҳои 1922 — 1925 дар шаҳрҳои Нахҷувон, Тифлис, Боку, Маскав аввалҳо ба коргарӣ ва муаллимӣ шуғл варзида, баъд дар муасси- саи Нашриёти марказии халқҳои Шарқ кор кардааст. Соли 1925, баъди он ки дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Ми- ёна Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис меёбад, Лоҳутӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. «Чун шунидам, — қайд кардааст шоир, — кишваре ба номи Тоҷикистони советӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрони ман мехонад ва азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам, маро ба он ҷо фиристад».

Устод Лоҳутӣ баъд аз устод Айнӣ дувумин пояи фарҳанги тоҷик дар садаи XX буд, ки дар рушду камоли адабиёти дав- раи нави он саҳми муносиб гузошт. Вай чандин сол намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттифоқи нависандагони шӯравӣ буда, ба сифати яке аз муовинҳои А. М. Горкий иҷрои вазифа намудааст. Дар ҳама анҷуманҳои нависандагони шӯравӣ дар паҳлуи С. Айнӣ қарор дошт ва бахши шеъри тоҷикро аз минбарҳои расмӣ бештар ӯ муаррифӣ мекард. А. Лоҳутӣ ба адибоне чун М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ дарси маҳорат омӯхт. Маҳз бо кӯшиши ӯ осори адибони тоҷик дар нашриёти Ма- скав бо чандин забон рӯйи чопро медид. Лоҳутӣ намунаҳои осори
адибони тоҷикро ба дунёи форсизабон паҳн менамуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Шӯравӣ ба устод Лоҳутӣ қадршиносиҳо намуда, мавсуфро ба нишонҳои давлатӣ мушар- раф гардондаанд.

Охирҳои ҳаёти устод Лоҳутӣ дар Маскав гузаштааст. Оғози солҳои 50-уми садаи XX шоир дардманд мешавад ва саломатиаш торафт рӯ ба бадӣ меорад. 16 марти соли 1957 устод Лоҳутӣ вафот мекунад ва ҷасади шоирро мувофиқи васияти ӯ дар қабристони «Новодевиче»-и Маскав ба хок месупоранд. Номи шоир дар қалбу рӯҳи мардуми форсизабон зиндаю ҷовид аст. Дар Тоҷикистон чандин мактабу кӯча, китобхонаву театр ва қарияву ноҳия ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаанд. Чунонки худ дар ғазали «Лавҳи мазор» гуфтааст:

Гардад куҳан замонаву хомӯш намешавад Он шуълаҳо, ки ҷаста бурун аз даҳони ман. Қабр аз барои ман чӣ зарур аст, чун бувад Дилҳои поки фаълаву деҳқон макони ман.

Мероси адаби

Аз Абулқосим Лоҳутӣ мероси адабии зиёд боқӣ мондааст. Маҷмӯаи шеърҳои шоир, аз ҷумла, ба номҳои «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидоҳои зиндагӣ» (1956), «Де- вони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957) ва «Гавҳари ишқ» (1958) чоп шу- даанд. Осори мукаммали А.Лоҳутӣ дар Куллиёти шашҷилда (1960 — 1963) дастраси хонанда гардиданд. Дар Куллиёт шеърҳо, достонҳо, тарҷумаҳо ва мақолаю суханрониҳои адиб гирд омада- анд. Соли 2004 китоби «Номаҳо»-и А. Лоҳутӣ (мураттиб ва муал- лифи тавзеҳот Х.Отахонова) чоп гардид, ки дар он 133 номаи шоир ба аҳли хонадон, ба адибони тоҷик, адибони мамлакатҳои дигар, ҳамдиёрон, дӯстон ва мухлисон фароҳам омадаанд.

А. Лоҳутӣ «Наврӯзнома» ва «Лаолӣ»[5] ном асарҳое дорад, ки онҳо алҳол ба хонандаи тоҷик ба таври мукаммал дастрас нес- танд. Баъзе шеърҳои мазкур дар ҷилдҳои аввалу дувуми Куллиё- ти ҳафтҷилдаи Лоҳутӣ (1987, 2010) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» дар Теҳрон бо кӯшиши Аҳмади Баширӣ соли 1358 ҳ. ш. (1980 м.) чоп гардидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зодгоҳи Абулқосим Лоҳутӣ куҷост?
  2. Дар бораи падари Лоҳутӣ маълумот диҳед.
  3. Лоҳутӣ чаро рӯ ба Теҳрон овард?
  4. Сабаби ба хориҷи кишвар фирор намудани шоир дар чист ?
  5. Чаро Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд ?
  6. Оид ба фаъолияти шоир дар Тоҷикистон маълумот диҳед.
  7. Рӯзҳои охири ҳаёти Лоҳутӣ дар кадом шаҳр мегузарад ?
  8. Дар Тоҷикистон кадом муассисаҳо ба номи Лоҳутӣ гузошта шуда- анд?
  9. Дар бораи мероси адабии Лоҳутӣ маълумот диҳед.

АШЪОРИ ЛОҲУТИ ДАР СОЛҲОИ 1907 — 1922

Абулқосим шеърнависиро аз синни 12-солагӣ оғоз наму- дааст ва аввалин шеърҳои ӯ зери таъсири ашъори падараш ва маҳфилҳои адабии Кирмоншоҳ эҷод гардида, фарогири мавзӯи тасаввуфӣ будаанд. Дар ҳамин давра ба худ Лоҳутӣ[6] тахаллус кардааст:

Додӣ Лоҳутиям Худой лақаб, Малаке бин ба сурати башарам,-

гуфтааст шоир соли 1902.

Истеъдоди фитрӣ ва шавқу завқи беандоза ба ашъори клас- сикони адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шайх Атто- ру Ҷалолиддини Румӣ ва Саъдиву Ҳофиз ба такмили маҳорати эҷодии Лоҳутӣ мусоидат намуд ва ӯ баъди ба Теҳрон рафта ба ҳаракати инқилобӣ пайвастан ба навиштани шеърҳои иҷтимоӣ шурӯъ намуд. Шеърҳои инқилобии Лоҳутиро, ки аз соли 1906 сар карда дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо дарҷ мегардиданд, ҷавонони равшанфикр дар паҳлуи ашъори инқилобии Адибул- мамолики Амирӣ, Маликушшуаро Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Саид Ашрафиддини Гелонӣ мехонданд.

Ашъори давраи машрутаи Лоҳутӣ, ки

Ашъори давраи байни солҳои 1906 -1911 эҷод шудаанд, беш- машрута тар дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҳабл-ул- матин», ки дар Калкатаи Ҳиндустон чоп мешуд ва «Эрони нав» ба табъ расидаанд. Шеъри «Эй ранҷбари сиёҳтолеъ» (аз 90 мис- раъ иборат буда, дар шакли маснавӣ суруда шудааст) собит месо- зад, ки Лоҳутӣ ба назарияи инқилобҳои Фаронсаву Англия ва Русия ошноӣ доштааст. Шоир кӣ будани ранҷбар ва як умр дар азоб будани ӯро ошкор сохта, ягона роҳи аз ин варта раҳоӣ ёфта- ни ин табақаро дар иттиҳод ва талош варзидан баҳри соҳиб шу- дан ба ҳукумат медонад:

Ҳар вақт ҳукумат аз шумо шуд,

Дарди ту, яқин бидон, даво шуд.

Дар шеърҳои «Фарёди миллат» (1909), «Маънии одам» (1910), «Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам» (1912) назари Лоҳутӣ ба сохти ҳамонвақтаи Эрон боз ҳам амиқтар ифода ёфта- аст. Бахусус, ғазали машҳури «Ё ҳар ду» дар масъалаи фош сохта- ни ниятҳои манфиатҷӯёнаву зараровари вакилону вазирони давр, ки ба ҷомеаи Эрон хиёнат кардаанд, ҷолиб мебошад. Ғазали «Ё ҳар ду», ки аз ёздаҳ байт иборат аст, сар то по ифодагари ғазаб ва нафрати миллати Эрон ба ҳукуматдорон мебошад:

Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,

Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду.

Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон, Зи чаккуш мешавад ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду.

Дар дигар шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ низ мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва озодихоҳӣ мавқеи муҳим доранд. Умуман, шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа давоми якдигар буда, яке дигареро тавқият медиҳад.

Ашъори солҳои 1914-1921 эҷодкардаи Лоҳутӣ аз ҷиҳати жан- ру услуби нигориш инкишоф ёфта, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои сиёсӣ- иҷтимоии шоирро боз ҳам амиқтар ифода мекунанд. Дар ғазали «Шарқ», ки дар Бағдод эҷод гардидааст, мавзӯъҳои инқилоб ва танқиди сиёсати мустамликадорӣ ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони лирикӣ дар шахсияти шоир тайёр аст, ки дар роҳи саодати Ватан ҷонашро дареғ надорад:

Лоҳутиё! Чу аз ҳама ҷо ранҷбартар аст, Бояд ки зудтар бидиҳӣ ҷон барои Шарқ.

Дар байни шеърҳое, ки солҳои 1914-1917 таълиф ёфтаанд, маснавии «Шамъу парвона», ки ба тарзи тамсил навишта шуда- аст, мавқеи арзанда дорад. Ин шеър аз 60 мисраъ иборат буда, дар асоси муколамаи шамъу парвона сохта шудааст:

Шабе парвонае бо шамъ мегуфт,

Ки: «Эй гардида дардат бо дилам ҷуфт!…» Ҷавобаш дод шамъи нуктапардоз, Ки: «Эй нопухта ошиқ, ғофил аз роз!…»

Дар адабиёти асримиёнагӣ парвона рамзи ошиқи содиқ ва шамъ рамзи маъшуқаи асилу покдоман аст. Дар шеъри Лоҳутӣ парвона рамзи ватандорони мубориз ва шамъ рамзи Ватани онҳо мебошад. Шоир ба воситаи суҳбати шамъу парвона таъкид ме- намояд, ки ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамеша аз сӯзу гудози Ватан огоҳ буда, кӯшишу ғайрати хешро сарфи роҳи осудагию оромии Ватан менамояд. Шамъ мегӯяд:

Ту бояд аз шикоят лаб бидӯзӣ, Агар парвонаӣ, бояд бисӯзӣ.

Маснавии «Шамъу парвона» оғози услуби фардӣ ва диди бадеиву зебоишиносии Лоҳутӣ мебошад. Шеърҳои то ин дав- ра эҷодкардаи шоир бештар дорои хусусияти тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Вале дар «Шамъу парвона» ҷойи оҳанги ҳангоматалабонаро як навъ садои ҳазину дилнавоз, ҷойи ҳукму таҳдидҳои урёнро андешаҳои хаёломезу орзупарвар гирифта, ғояи шеър ба воситаи тасвирҳо (шамъу парвона) ва баёни воқеа (суҳбати шамъу парвона) сурат мегирад. Дар ин шеър аввалин бор дар эҷодиёти Лоҳутӣ шамъ ҳамчун тасвири рамзии Ватан ва парво- на чун баёнгари қаҳрамони лирикӣ муҳтавои сиёсӣ пайдо мекунад.

Дар ин солҳо дар эҷодиёти Лоҳутӣ дар баробари равияи рам- зи тасвири публитсистӣ низ мавқеъ дорад, ки ба он шеърҳои «Яке Руму яке Юнон парастад», «Яке аз ранҷи мардум ризқ мехӯрд», «Ба духтари Эрон», «Зоҳид, ин даъвии ту лоиқи изҳор, ки нест» ва як қатор рубоиҳо мансубанд:

Яке Руму яке Юнон парастад, Яке куфру яке имон парастад…

Яке аз дасти зулми Инглистон

Халоси мулки Ҳиндустон парастад… Агар аз кеши[7] Лоҳутӣ бипурсй, Наҷоти фаълаву деҳқон парастад.

Дар байни ашъори солҳои 1914-1921 ашъори истамбулии Лоҳутӣ, ки маҳсули муҳоҷирати маҷбурии ӯ дар Истамбул (1918­1921) мебошанд, мавқеи намоён доранд. Ашъори истамбулии шоир 67 шеърро дар бар карда, қисми кулли онҳо дар шакли ғазал эҷод шудаанд ва фарогири мавзӯъҳои Ватан, инқилоб, озодии за- нон, навсозии маориф ва ғ. мебошанд.

Дар ғазалиёти истамбулӣ ифодаи рамзию маҷозии мақсад мавқеи асосӣ дорад ва тасвирҳои лирикии ошиқонаи адабиёти классикӣ ба баёни мазмунҳои сиёсиву иҷтимоии давр тобеъ кар- да мешавад. Гул, булбул, хор, сайёД, шамъ, парвона, ёр, агёр, гур- гу шубон, мург, лона, ошёна, ракцб барин мафҳумҳои бадеӣ дар ғазалиёти истамбулии Лоҳутӣ илова ба маъниҳои аслӣ мазмунҳои таҳтонӣ[8] гирифтаанд. «Ин ашъор, — қайд кардааст шоир, — акса- ран бо рамзу киноя гуфта шудаанд. Сабаби ин ҳам возеҳ аст. Агар матлабро ошкор мегуфтам, сензураи[9] ҳарбии Туркия, ки дар зери назорати инглисҳо буд, ашъори зиддиимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳ зимистони манфур номидаам, ки гулҳои боғро хазон мекунад ва гоҳ сайёди бераҳме хондаам, ки булбули маҷрӯҳро ба доми худ асир кардааст». Ба чанд мисраи ғазали «Аё сайёд» таваҷҷуҳ намоед:

Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро, Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро… Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам, Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро… Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам, Ки дидам тоза бо гург улфате бошад шубонамро. Чу Лоҳутӣ ба ҷон миннатпазирам то абад онро, Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Калимаву таркибҳои ғазал дар маънои аслй низ ҷолиби диққат буда, аз ҳикмати зиндагӣ бархурдор мебошанд. Дар ҳақиқат, му- росо кардани чӯпон ба гург боиси қатли рама мегардад ва мурғи дар қафасбуда ниёзманди боғбон аст. Вале маҳз ифодаи маҷозии калимаю таркибҳо бадеият ва образнокии ғазалро таъмин на- муда, боиси баёни ҷозибаноку нишонрастари ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир гардидаанд.

Ҳамин тариқ, дар Истамбул ашъори сиёсии Лоҳутӣ мавқеъ пайдо намуд. Шоир дар ғазалҳои истамбулиаш аз ҳама латофату назокати сухани бадеӣ истифода намуда, дар адабиёти халқҳои форсизабон ғазали сиёсиро инкишоф дод.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Лоҳутӣ шеърнависиро кай сар кардааст ва тахаллуси ӯ чӣ маънӣ дорад ?
  2. Ашъори машрутахоҳии Лоҳутӣ кадом солҳоро фаро мегиранд ва чӣ мазмун доранд ?
  3. Шеъри «Шамъу парвона» кай ва ба кадом услуб эҷод гардидааст?
  4. Оид ба ашъори истамбулии Лоҳутӣ маълумот диҳед.
  5. Чаро Лоҳутиро инкишофдиҳандаи ғазалҳои сиёсӣ меноманд?
  6. Ғазали «Аё сайёд»-ро аз ёд кунед.

[1]   «Одамият» ҷамъиятест, ки дар Эрон нимаи дуюми асри XIX ташкил ёфта буд ва намояндагони он дӯстӣ, бародарӣ, иттиҳод ва ёрии якдигарро таблиғ мекарданд.

[2]   Машрута аз рӯйи қонун фаъолият намудани ҳукумат. Машрутахоҳӣ — тала- би ҳукумати конститутсионӣ.

[3]   Ордени Сатторхон ба шарафи роҳбари ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон таъсис ёфта буд.

[4]   Чанта — кашкул, зарфест, ки қаландарон ва дарвешон ба миён баста мегар- данд.

[5]    Лаолӣ — ҷамъи лӯълӯъ; суханҳои фасеҳ.

[6] Лоҳутӣ — худоӣ, илоҳӣ.

[7]   Кеш — мазҳаб, дин, оин.

[8]   Таҳтонӣ — пӯшида, зимнӣ, дуюмӣ.

[9]   Сензура — системаи назорати давлатӣ ба матбуот ва воситаҳои ахбор.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …