АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Алокузанг -дар Канзи Шифо (Китоб)
Алоказанг дар сурат - расм
Алоказанг дар сурат - расм

Алокузанг -дар Канзи Шифо (Китоб)

Алокузанг — ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: калон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва майдааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш меёбад. Алокузанги калон рӯйи болҳояш хатҳои зард дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. Ин аз ҷинси ҷонварони заҳрнок аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Ба қавли баъзе табибон хушкиаш низ дар дараҷаи севум аст. Хислатҳои шифобахши он: бисёр тез, бадбӯ, решкунандаи пӯст ва аз заҳрҳои қаттол ҳисоб меёбад.

Агар инро сӯхта бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок мекунад, ки ёфтанаш душвор мегардад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Низ сӯхтаи онро бо шӯрбои гӯшти гоз ё бо равғани зайтун бихӯранд, дар одамони саги девона газида хавфро дафъ мекунад — дар ин бобат беҳтарини давоҳост. Корозмоҳо мегӯянд, ки якҷоя бо пешоби он одам лахтакҳои хуни шахшуда дафъ мегардад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Сӯхтани алокузанг ин тавр аст. Агар ба латта печонида, ба бухори сиркои ҷӯшон бидоранд, то он ки он бимирад — ин сӯхтаи алокузанг ҳисоб меёбад. Истеъмоли инро раво медонанд.

Сӯхтаи онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, нохунаки чашмро дафъ менамояд. Инро бо сирко сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад, ба доғҳои сафеди пӯст ва сафедии нохун гузошта банданд, шифо мебахшад; ба варамҳо банданд, онҳоро таҳлил медиҳад. Агар инро бо муми занбӯри асал ва равған даромехта, гузошта банданд, нохуни каҷ ё пӯсидаро афтонида, ба ҷояш нохуни солим мерӯёнад. Инро бо сирко хамир карда гузошта банданд, доғи сафеди пӯст, пес, шукуфаи пӯст, каждумгазида ва озахҳо — ҳамаашро шифо мебахшад.

Чун пойҳои онро ҳангоми зинда буданаш канда партофта, дар соя хушк карда, дар равғани бунафша бисоянд, баъд онро дар равғани зайтун то ғафс гаштанаш биҷӯшонанду инро нимгарм бичаконанд, гаронии гӯш ва дарди гӯшро ба ибро меоварад. Агар ин таркибро бимоланд, мӯйи абрӯро мерӯёнад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш низ бимоланд, мӯй мерӯёнад.

Чун навъи сиёҳи болҳояш нуқтаҳои сурх доштаи алокузангро гирифта, дар равған андохта, шаш моҳ дар офтоб гузоранд, барои дафъ кардани качалӣ (кальяра), ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, даво мешавад.

Алокузанги сӯхтаро бо хардал (горчица) даромехта бимоланд, мӯй мерӯёнад. Миқдори хӯрдани он аз сӯхтааш дар як рӯз як адад аст. Гуфтаанд, ки агар аз сеяки грамм зиёда бихӯранд, қаттол аст. Беҳтар он, ки инро ба дарун истеъмол накунанд. Ва агар бихӯранду зарар кунад, дарҳол оби шибитро, ки дар равғани гов ҷӯшонида бошанд, нӯшида қай кунанд, равғани зағир бихӯранду қай намоянд; равғани гули сурх ва сафедии тухми мурғ дар сӯрохи закар бичаконанд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …