АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МУСТАҲКАМ КАРДАНИ АМОРАТИ БУХОРО

МУСТАҲКАМ КАРДАНИ АМОРАТИ БУХОРО

Чунон ки дар боло қайд карда шуд, норизоятии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбегӣ ва қозикалон мегардид. Яке аз писарони ӯ — Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ тафовут надошт. Бо фармоиши шайх ҳатто дар бозор ҳаммолӣ мекард. Содагӣ ва дастрасии зоҳирӣ, тарзи зиндагии шикастанафсонаи шаҳзода, ки ба куллӣ хилофи зиндагонии айёшона ва пурдабдабаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбӣ буд, боиси дар байни оммаи халқ ва аҳли зӯҳду тақво шӯҳрат ва эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид. Шоҳмурод, махсусан, ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Дониёлбӣ чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шаҳзода дар умури давлат беш аз пеш нуфуз пайдо намуд. Ӯ ба бекор кардани баъзе андозҳо низ муваффақ шуд. Падарро ба ҷуз вориси худ таъин кардани ӯ дигар чорае намонд.

Пас аз вафоти Дониёлбӣ валиаҳди ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кӯчаҳои Бухоро гашта, бо лобаву зорӣ аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳҳои нисбат ба мардум кардаи марҳумро бубахшанд. Вай ҳамчунин ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки «аз онҳо ситонида шудааст», баргардонанд. Чунин вонамуд мекард, ки гӯё ӯ ғайри хоҳиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва, аз ин рӯ, боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зӯҳду тақво нигоҳ медошт. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ (либоси фақру фоқа мепӯшид ва онро то ҷиғда-ҷиғда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддӣ ва хеле кам мехӯрд, ҳеҷ гоҳ ҳадя намегирифт, дар як рӯз барои эҳтиёҷоти худ фақат як танга харҷ мекард ва ғ.) муосиронашро дар ҳайрат мегузоштанд. Ӯ барои таҳдиди синфи хоҷагон ва ашроф қушбегӣ ва қозикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонид. Чунин рафтору кирдори ӯ, ки аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ сурат мегирифт, дар кори соҳиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваҷҷӯҳи оммаи мардум роли муҳим бозид.[1]

buxaraИн таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоятдараҷа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор нафар кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст. Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷавру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад кард. Ва фармони ӯро ба рӯи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холӣ ва фақат василаи аз ғазаби халқ раҳоӣ ёфтан буд. Аз бухориён минбаъд ҳам молиёти махсус, ки ба мақсадҳои ҳарбӣ андохта мешуд, меситониданд.

Аҳди салтанати амир Шоҳмурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад.

Шоҳмурод ба мақсади бартараф намудани норизоятии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорӣ намуд. Вай фақат чунин андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз қавмҳои ғайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳиёна муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқ мусодира  карда  буданд, дубора барқарор  кард.  Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода мебурд.

Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар оғози ҷулуси худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти калон пайдо намуд. Хонҳои сулолаи Ҷониён ва сипас нахустин амирони манғит сиккаҳои нуқраи камиёр бароварда, аз тафовути қурби расмӣ ва амалии ин сиккаҳо фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ин ҳолат, дар навбати худ муомилоти пулиро вайрон карда, чун бори гароне ба дӯши аҳолӣ меафтод. Шоҳмурод иқдоми қатъӣ намуд. Шакли зоҳирӣ, ҳаҷм ва вазни сиккаҳоро тағйир дода, онҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуданд. ҳар кас метавонист ба сиккахона нуқра оварда, ба ивазаш (ҳаққи зарробиро пардохта) пул бигирад. Зоҳиран, сиккаҳои кӯҳнаи пеш аз ислоҳот      аз эътибор соқит карда шуданд.[2] Ин ислоҳоти пулӣ бар тибқи талаботи айнии иқтисодиёт ба вуқӯъ пайваста, ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.

Ба Шоҳмурод лозим омад, ки ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ ҳокимони вилоятҳоро аз кор барканор карда, ҳокимони нав таъин намояд. Ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъин карданро низ ӯ ба таомул даровард. Муқобилати феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалӣ, ки дар вақти Дониёл худро дар Шаҳрисабз мустақил эълон карда буд, итоати амир Шоҳмуродро қабул намуд.

Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки бар тибқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. Чунин тадбирот як андоза пеши роҳи ғорату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталаби аҳолӣ буд. ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекунанд, барои дуздӣ дасти ростро мебуранд ва ғ. Шоҳмурод ин чорабиниҳоро таҳти ливои мубориза дар роҳи риояти аҳкоми шариат амалӣ намуда, бо ин баҳона барои муроқибат ва муҳофизати расму оин мансаби раисро ҷорӣ сохт, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хурдагирона назорат мекард.[3]

Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагии воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёи Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳод. Дар бобати афзудани нуфуси ноҳияҳои камодам чораҳо дида шуданд, каналҳои нави обёрӣ акнун на аз они феодалҳои маҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб меёфтанд ва аз ин ҳам мадохили хазинаи давлат меафзуд. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ протсесси ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишини ӯзбек дар заминҳои навобод қувват гирифт.[4]

Амир Шоҳмурод риёкорона қиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва аз он ба мақсади ҷорӣ кардани сиёсаташ истифода менамуд. Ӯ таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Умарои Манғития дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меоварданд. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри ХVIII, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбӣ, ки дар Марв ҳукм ронда, барои ҷудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, дохили муҳориба гардид ва сарбанди дарёи Мурғобро ба куллӣ вайрон намуд. Ӯ тадриҷан қисмати зиёди  аҳолии  ин воҳаро  ба Самарқанду  Бухоро кӯчонида,  дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шоҳмурод то андозае ба тармими харобиҳои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарқанд ва Бухоро мусоидат кард, вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани воҳаи Марв гардид. Шоҳмурод якчанд дафъа  ба  тарафҳои Ӯротеппа лашкар кашид ва дар  ин  мавридҳо низ  аксари  аҳолии қобили  меҳнати  Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.[5]

[1] Соддагӣ ва порсоии Шоҳмурод ба дараҷаи афсона расида, номи аслии ӯ «Амир Маъсум» (ба маънии «амири бегуноҳ» ) машҳур шудааст – ниг.: Семёнов А.А., 1953, с. 41–42. Аммо золимии ӯ низ ба андозае муосиронашро мутаҳайир сохтааст, ки таърихи вафоташро «золим мурд» гуфтаанд –ниг.: Семёнов А.А., 1924, с. 163, эзоҳи 2.

[2] Давидович Е.А., 1964, с. 164–168.

[3] Мирзошамси Бухорӣ, 1861, с. 45.

[4] Бартольд В.В., 1963 в. с. 281.

[5] Мухторов А., 1964 с. 45

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …