АСОСӢ / ГУНОГУН / ҲАМОСА

ҲАМОСА

Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс ҷудо мешаванд.

  1. Ҳамоса ё ҷинси ҳамосӣ (эпикӣ).
  2. Лирика ё ҷинси лирикӣ (ғиноӣ).
  3. Драма ё ҷинси драмавӣ.

Ҳамоса таърихи қадима дорад. Дар фаҳмиши таърихӣ ҳамоса асари калонҳаҷми манзум ме- бошад, ки зиндагии мардумро ба таври васеъ фаро гирифта, аз гузаштаи қаҳрамононаи
халқ ҳикоят мекунад. Шоири ҳамосасаро бештар ба сужети асар, саргузашту амалиёти қаҳрамонон ва кӯшишу талоши онҳо баҳри ҳимояи марзу бум[1] диққат медиҳад. «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомери юнонӣ, «Маҳабҳарат» ва «Рамаяна»-и ҳиндӣ, «Нибелунгҳо»-и немисӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиёти хаттӣ ва «Манас»-и қирғизӣ, «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷикӣ дар адабиёти даҳонӣ намунаи хуби ҳамоса мебошанд.

Дар адабиётшиносӣ ҳамоса ба истилоҳи эпос (юнонӣ — дос- тон, ҳикоя) муродиф аст. Дар асарҳои ҳамосӣ ё эпикӣ ҳодисаҳои ҳаёт ба воситаи нақлу ҳикоя баён меёбад. Нависанда ё шоир сар- гузашти як ё якчанд касро ба тасвир гирифта, рафтору кирдори онҳоро нишон медиҳад. Яъне, дар асарҳои ҳамосӣ зиддияти асар ба воситаи тасвири воқеа, амалиёту муносибати образҳо, су- жет, симои персонажҳо ҳал мегардад. Фарқи асарҳои ҳамосӣ аз асарҳои лирикӣ ва намоишномаҳо дар забони асар низ равшан мушоҳида мешавад. Дар асарҳои лирикӣ, асосан, сухани тавси- фии нависанда ба назар мерасад. Дар асарҳои драмавӣ сухани персонажҳо мушоҳида мешавад, дар асарҳои ҳамосӣ ҳам сухани персонажҳо ва ҳам сухани нависанда мавқеъ дорад.

Навъҳои асосии ҷинси ҳамосӣ латифа, тамсил, ривоят, ҳикоя, баллада, қисса, роман, достон, ёддошт ва ғайра мебошанд. Дар жанрҳои латифа, тамсил, баллада, ҳикоя до-

мани воқеа маҳдуд ва тарзи баён муъҷазу мухтасар мебошад. Би- нобар ин, онҳо ба гурӯҳи хурди жанрҳои ҳамосӣ мутааллиқанд. Аз ҷумла, латифа хурдтарин жанри ҳамосӣ ба шумор меравад. Латифа мазмуни ҳазломез ва ҳаҷвӣ дошта, образҳои он шахсони зирак, доно ва зариф мебошанд:

Султон Маҳмуд, ки сар болои зонуи Аёз гузошта буд, аз ӯ пурсид:

Ба аҳмақон чӣ мешавӣ?

Гуфт:

Болишт!

Калимаи болишт, ки ҷавҳари латифаро ташкил медиҳад, аз як тараф, симои Аёзро чун шахси ҳозирҷавобу ҳазлкаш, аз тара- фи дигар, образи Султон Маҳмудро чун шоҳи золиму кӯтоҳандеш ошкор месозад.

[1] Марзу бум — кишвар, сарзамин.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …