Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ў сарсабзии бўстон шавад.
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар навиштан шер шир.
Кори мардон рўшаниву гармӣ аст,
Кори дулон ҳилаву бешармӣ аст.
Чун ғараз омад. ҳунар пўшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сўйи дида шуд.
Чун диҳад қозӣ ба дил ришва қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?
Ҳар ки ў бедортар, пурдардтар,
Ҳар ки ў, огоҳтар, рухзардтар.
Кўйи навмедӣ марав, умедҳост,
Сўи торикӣ марав, хуршедҳост.
Ҳар ки ў бинҳод нохуш суннате,
Сўйи ў нафрин равад ҳар соате.
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.
Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст ҷаҳл.
Ашк хоҳӣ, раҳм кун ҳам ашкбор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабри неъмат аз кафат берун кунад.
Гар таваккал мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.
Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бўҷаҳл худ яксон будӣ.
Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Сахт дармонад амири сустриш,
Чун на пас бинад на пеш аз аҳмақиш.
Лафзҳову номҳо чун домҳост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.
Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,
Ҳар чи бинвисӣ, фано гардад шитоб.
Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.
Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ҳар ки нуқси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ даҳаспа тохт.
Ақл бо ақли дигар дуто шавад.
Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад.
Ёр чашми туст, ай марди шикор,
Аз хасу хошок ўро пок дор.
Хоб бедорист, чун бодониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
Рўҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рўҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?
Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард,
Гарм гармиро кашиду сард сард.
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона накун.
Гарчи ҳикматро ба такрор оварӣ,
Чун ту ноаҳлӣ, шавад аз ту барӣ.
То нашуд таҳқиқ , аз ёр он мабур,
Аз садаф магсил, нагашт он қатра дур.
Гар тарозуро тамаъ будӣ ба мол,
Рост кай гуфтӣ, тарозу васфи ҳол.?
Гуфт: Пайғамбар «Худош имон надод,
Ҳаркиро сабре набошад дар ниҳод».
Гуфт: Пайғамбар, ки Яздони маҷид,
Аз паи ҳар дард дармон офарид.
В-ар бувад кашфаш, марав дар санглох
В-ар ду шох астат, машав ту чоршох.
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷў
Ҳеч аҳлият беҳ аз хўйи накў.
Булҳаким номаш шуду Бўҷаҳл шуд,
Ай басо аҳл аз ҳасад ноаҳл шуд.
Ҳар киро хўйи накў бошад, бираст,
Ҳар касе, к-ў шишадил бошад, шикаст.
Ҳар касе, к-ў айби худ дидӣ зи хеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Гар ҳамехоҳӣ ту дафъи шарри нор,
Оби раҳмат бар дили оташ гумор.
Кирм дар бехи дарахти тан фитод,
Боядаш барканду дар оташ ниҳод.
То намурдаст ин чароғи богуҳар,
Ҳин, фатилаш созу равған зудтар…
Лаб бибанду каффи пурзар баркушо,
Бухли тан бигзору пеш овар сахо.
Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,
Бегумон, Мансур бар доре бувад.
Дўст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х (в) аш аст.
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
В-аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад
В-аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мешавад
В-аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.
Оқибатбин ақл аст аз хосият,
Нафс бошад, к-ў набинад оқибат.
Хок зан дар дидаи хасбини хеш,
Дидаи ҳис душмани ақл асту хеш.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро мазҳабу миллат Худост.
Чун гарониҳо асоси роҳат аст,
Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст.
Гуфт: Пайғамбар: «Адоват аз хирад,
Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
Пунбаи васвос берун кун зи гўш,
То ба гўшат ояд аз гардун хурўш.
Ақл қувват гирад аз аҳли дигар,
Найшакар комил шавад аз най шакар.
Хўй, к-он бо шир рафт андар вуҷуд,
Кай тавон онро зи мардум во кушуд.
Бар умеди рост кажро мехаранд,
Заҳр дар қанде равад, он гаҳ х (в)аранд.
Гарм бош, ай сард, то гармӣ расад,
Бо дуруштӣ соз, то нармӣ расад.
Ту чи донӣ завқи сабр, ай шишадил?
Хоса сабр аз баҳри он нақши чигил.
Мори шаҳватро бикуш дар ибтидо
В-арна инак гашт морат аждаҳо.
Гўшро бандат тамаъ аз истимоъ,
Чашмро бандад ғараз аз иттилоъ.
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад.
Қавли Пайғамбар шунав, ай муҷтабо!
«Гўри ақл омад ватан дар русто».
Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, ай киром!
Мо бар ў чун меваҳои нимхом.
Ҷузв аз кул қатъ шуд, бекор шуд,
Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд.
Ҳар киро дил пок шуд аз эътидол,
Он дуъояш меравад то Зулҷалол.
З-аҳмақон бигрез, чун Исо гурехт,
Сўҳбати аҳмақ басе хунҳо, ки рехт.
Қиммати ҳар кола медонӣ, ки чист?
Қиммати худро надонӣ аҳмақист.
Шукри ҷони неъмату неъмат чу пўст,
З-он ки шукр орад туро то кўи дўст.
Баъди навмедӣ басе умедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.
Марги ҳар як, ай писар, ҳамранги ўст,
Пеши душман душману бар дўст дўст.
Ҷўяке кўчак , ки доим меравад,
На наҷас гардад, на ганда мешавад.
Модар ар гўяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он хў хоҳаду марги фасод.
Он гурўҳе, к — аз адаб бигрехтанд,
Оби мардӣ в — оби мардон рехтанд.
Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар,
Аз яке дасти ту бе дасти дигар.
Халқи обиро бувад дарё чу боғ,
Халқи хокиро бувад он маргу доғ.
Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.
Гар набудӣ майлу уммеди самар,
Кай шинондӣ боғбон бехи шаҷар?
Гов агар воқиф зи қассобон будӣ,
Кай пайи эшон бад-он дўкон шудӣ?
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон
Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.
Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст,
Толиби расвоии хеш ў шудаст.
Аҳмақон сарвар шудастанду зи бим,
Оқилон сарҳо кашида дар гилем .
Рав касе ҷў, ки туро ў ҳаст дўст,
Дўст баҳри дўст, лошак хайрҷўст.
Ҳар ки бошад ҳамнишини дўстон,
Ҳаст дар гулхан миёни дўстон.
Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун,
Машварат бо ёри меҳрангез кун.
Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
Хомушӣ баҳр асту гуфтан ҳамчу ҷў,
Баҳр меҷўяд туро, ҷўро маҷў.
Кай шавад бустону кишту баргу бар,
То нагардад назми ў зеру забар?
Ҳам суол аз илм хезад ҳам ҷавоб,
Ҳамчунон ки хору гул аз хоку об.
Нафс Фиръавнест, ҳон, шераш макун,
То наёрад ёд аз он куфри куҳун.
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай нўшад лабан?
Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард,
Коми дунё мардро бадном кард.
Мурғи ғофил мехурад дона зи дом,
Ҳамчу андар доми дунё ин авом.
Ҳар гурусна оқибат қуте биёфт ,
Офтоби давлате бар вай битофт.
Чун дарахт аст одамиву бех аҳд,
Бехро тимор мебояд ба ҷаҳд.
Ҳар киро бошад мизоҷу табъи суст,
Ў нахоҳад ҳеч касро тандуруст.
Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур,
Пас чи донад зулмати шаб ҳоли нур?
Феъли оташро намедонӣ ту бард,
Гирди оташ бо чунин дониш магард.
Ҳар ки ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар ки ҷидде кард, дар ҷадде расид.
Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шўру шар.
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд.
Меъдаро хў кун бад-он райҳону гул,
То биёбӣ ҳикмату қути Расул (с).
Меъдаи тан сўи каҳдон мекашад,
Меъдаи дил сўи райҳон мекашад.
Мири охур дигару хар дигар аст,
На ҳар он ки андар охур шуд, хар аст.
Ҳирс кўру аҳмақу нодон кунад,
Маргро бар аҳмақон осон кунад.
Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рўҳ, ҷуз гил нест он.
Чун найӣ ранҷур, сарро бар мабанд,
Ихтиёрат ҳаст, бар сиблат маханд.
Ишқ бар мурда набошад пойдор,
Ишқро бар ҳайи ҷонафзой дор.
Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мад,
Кофир аз имони он ҳасрат хурад.
Ганҷу гавҳар кай миёни хонаҳост?
Ганҷҳо пайваста дар вайронаҳост.
Ҳар киро гулшан бувад базму ватан,
Кай хурад ў бода андар гулхан?
Шохи гул ҳар ҷо, ки рўяд ҳам гул аст,
Хумми мул ҳар ҷо, ки ҷўшад, ҳам мул аст.
Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист,
Ҳар ки беҷон аст, аз дониш тиҳист.
Мулку молу атласи ин марҳала,
Ҳаст бар ҷони сабукрав силсила.
Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф,
Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.
Пеш аз он ки шаб шавад, ҷома биҷў,
Рўзро зоеъ макун дар гуфтугў.
Оқибат ҷўянда ёбанда бувад,
Ки фараҷ аз сабр зоянда бувад.
Ҷисмҳо чун кўзаҳои бастасар,
То ки дар ҳар кўза чӣ буд? Он нигар.
Ҷоҳил ар бо ту намояд ҳамдилӣ,
Оқибат заҳмат занад аз ҷоҳилӣ.
Ин масал андар замона ҷонӣ аст,
Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Қиссаи он марди савдогарро, ки барои тиҷорат ба Ҳиндус-тон мерафт, бодиққат хонда мазмуни онро нақл кунед.
2. Тўтии маҳбуси бозургон пеш аз сафари соҳибаш ба Ҳиндус-тон аз ў чӣ хоҳиш кард?
3. Вақте ки бозаргон ба Ҳиндустон расиду тўтиёни зиёдеро дид, пайғоми тўтии худро ба онҳо гуфт ё не?
4. Баъди бозгаштани бозаргон ба ватани худ ва боз гуфтани ҳолати яке аз тўтиёни Ҳиндустон ба тўтии бозаргон чӣ ҳодиса рўй дод?
5. Маънии байти:
«Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон» — ро гўед.
6. Бигўед, ки афтидан ва мурдани тўтии Ҳиндустон ва ҳолати
тўтии маҳбуси бозаргон ба ҳам чӣ муносибат доранд?
7. Бигўед, ки Ҷалолуддини Балхӣ қиссаи бозаргон ва тўтии маҳбуси ўро бо кадом мақсад овардааст? Чунин тарзи ифода-ро дар адабиёт чӣ мегўянд?
8. Мақсади шоир аз овардани байтҳои зер чист?
Ай забон, ту бас зиёнӣ мар маро,
Чун туӣ гўё, чӣ гўям мар туро?
Ай забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?
Ай забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Ай забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
9. Қиссаи ошиқ шудани подшоҳ бо канизакро хонда, мазму-нашро нақл кунед.
10. Подшоҳ барои табобат кардани канизак чӣ чораҳо андешид?
11. Қисса бо кадом ҳодиса ба охир мерасад?
12. Бигўед, ки Мавлавӣ дар «Маснавии маънавӣ» бештар ба кадом масъалаҳои пандуахлоқӣ диққат додааст?
13. Даҳ байти андарзҳои Мавлавиро азёд кунед.
14. Маънои ин абётро шарҳ диҳед:
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.