АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Ақиқ ва фоидаи вай

Ақиқ ва фоидаи вай

Ақиқ — инро дар як қатор маҳалхо тоҷикон хақиқ ҳам мегӯянд. Ақиқ санги қиматбаҳоест маълум ва кони он дар мулки Яман ва дар Канбоят бештар, инчунин дар соҳили бахри Рум (Византия) низ мебошад. Беҳтарини он яманн аст, ки соф ва шаффоф бошад. Фарқи миёни ақиқи яманӣ ва ғайрияманӣ дар он аст, ки ақиқи яманӣ сахт мебошад баръакси ғайриямании он ва бо рангҳон гуногун аст: сурх, зард, сафед, сиёҳ (ҳар яки аз инҳо рангин, нимранг, сурх, ҷигарӣ, соф, шаффоф, нософ, ало, сангранг, қабатдор).

Ақиқ

Ҳар якеи онҳо ҳангоми аз конаш баровардан камранг мебошанд. Қитьаҳои соф, шаффоф, инчунин беҷирми онро ҷудо карда, меҷӯшонанд,  сонӣ рангин мегардад. Тариқи ҷӯшониданаш чунин аст, ки деги калони сафолӣ ё мисиро, ки баланд бошад, то ба гардан дар он чӯбҳо мечинанду даруни дегро то нисфаш об меандозанд. Қитъаҳои ақиқро бар он чӯбҳо мечинанду сари дегро маҳкам баста, аз таги он оташи мулоим меафрӯзанд, ки бухороти гарм ба он қитъаҳо бирасад.

Касоне, ки ин амалро баҷо меоваранд, назди худ одамони қарорӣ доранд, то ки онҳо барои рангин кардани ақиқ дастёрӣ намоянд. Баъд аз рангин шуданаш, қитъаҳои ақиқро бароварда, тарошида, суфта, ба ҳар шакл ва намуде, ки хоҳанд, медароранд. Он чӣ аз онҳо бисёр рангини софи шаффофи барроқи якранг бошад, бисёр хуб аст.

  Барои давоҳо, ангуштарини қисми бисёр сурх, шаффоф ва барроқи онро сарачин мекунанд. Баъд зард ва он чӣ дар ҷирми он шаклҳои монанди шохи дарахтон ё сурати кӯҳпорае бошад, онро ҳаҷарӣ (сангӣ) меноманд. Он чӣ қабат бар қабат бошад, ҳар якеро ба ранги ҳамон қисм метарошанд, ки қабатҳои он яке аз болои дигаре мебошад, онро ҷазъ (бомшакл) меноманд. Он чӣ ба паҳноӣ бурида бошанд, ки дар сатҳи рӯйи он хатҳои гирдшакл ва ё ғайри гирдак бошанд, онро ҳаҷари… (санг…) сулаймонӣ ва ба тоҷикӣ бобогӯрӣ меноманд. Ин навъи охирин аксар сахттар мебошад назар ба хелҳои дигари он. Аксар санги мӯҳраро аз ҳамин навъаш месозанд.

  Мизоҷи ақиқ дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: як грамм ақиқи маҳин соидаро батанҳоӣ ё бо шарбати себ биёшоманд, дилро қувват мебахшад ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; ин миқдорро батанҳоӣ бихӯранд, хун қай кардан ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, хусусан хуни ҳайзро, ки бо ҳеҷ даво наистода бошад, манъ мекунад. Агар ин миқдор ақиқро бо асал ё бо ҷадвор бихӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд; бо тухми гулихайрӣ ё бо шибит ва ё бо ҷадвор бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

  Инро маҳин ос карда ё бо дигар давоҳои чашм даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват медиҳад ва даруни милки чашмро некӯ мегардонад.

  Ақики сӯхтаро ос карда батанҳоӣ ё бо марворид, ё бо марҷон ба дандон бимоланд, дандонҳои ҷунбонак ва милки онро мустаҳкам мекунад, рафтани хунро азбуни дандон манъ месозад вя чирки онро нест мегардонад.

  Агар ақиқро бо худ овезанд, шиддати ғазабро таскин медиҳад ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, манъ месозад, хусусан барои ҳайзи ҳамешаравон дору мебошад.

 Агар ангуштари ақиқро ба даст бипӯшанд (бигузоранд), дилтапакро дафъ мекунад, дар назари душман ҳайбатнок мегарданд ва аз дарди узвҳои даруни сина эмин мемонанд.

 Нақл аст, ки чун ақиқро бо мушк, кофур ва равғани зайтун соида, ба рӯ ва мӯйи худ бимоланду назди султон ва амирону амалдорон раванд, азиз ва гиромӣ мегарданд, маҳбуби ҳамаи халқ мешаванд, чунонкӣ мардуми аҷам фирӯзаро ба фол некӯ медонанд.

  Истеъмоли ақиқ ба дарун барои гурда зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.

  Миқдори як бор хӯрдан аз акиқ дар як рӯз то 1,75 грамм аст: Ва ба ҷойи ин марҷонро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …