АСОСӢ / ГУНОГУН / Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

Системаи асаби вегетативӣ (худмухторӣ). Дар аввали асри XIX олими франсавӣ Ф.К. Биш вобаста аз иҷроиши вазифаи худ системаи асаби вегетативиро кашф кард.

Асаби вегетативӣ аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст. Қисми марказӣ — дар мағзи cap ва ҳароммағз ҷойгир буда, канорӣ бошад аз асабҳо ва гиреҳҳои асабӣ иборат аст. Асабҳо дар навбати худ аз марказҳои вегетативии ҳароммағз ва мағзи cap ба гиреҳҳои вегетативӣ раванда ва асабҳои аз гиреҳҳои нейронҳо ба узвҳо раванда ҷудо мешаванд. Қисми автономии системаи асаб аз қисми соматикӣ бо он фарқ мекунад, ки танзими кори узвҳоро фақат тавассути гиреҳи асабӣ таъмин мекунад. Нейронҳои гиреҳҳо импулсҳои на он қадар зиёдро равона мекунад, ки ба кори узвҳои дохилӣ халал намерасонад. Танзими автономӣ бешуурона буда аз тарафи одам идора карда намешавад. Қисми автономии системаи асаб дар навбати худ аз ду зерқисм иборат аст. 

Асабхои вегатитиви

Симпатикӣ ва парасимпатикӣ (гумроҳ). Маркази асабҳои симпатикӣ дар моддаи хокистарранги сегментҳои гардан то чорбанд ҷойгир шудаанд. Маркази асаби парасимпатикӣ бошад дар мағзи дарозрўя ва чорбанд ҷойгир шудааст. Асабҳои симпатикӣ ва парасимпатикӣ муқобили якдигар амал намуда кори муътадили узвҳои организмро таъмин мекунанд.

Масалан: асаби симпатикӣ кори дилро фаъол намуда, рагҳои хунро хурд мекунад дар натиҷа фишори хун баланд мешавад. Ҷудошавии шираи меъда кам шуда, кашишхўрии девории он суст мегардад.

Асаби парасимпатикӣ бошад, кори дилро нофаъол менамояд, дар натиҷа рагҳои хун васеъ шуда, фишори хун паст мешавад. Ҷудошавии шираи меъда зиёд мешавад. Кашишхўрии девории меъда фаъол мегардад. Ҳазмшавии хўрок ва ба хун дохилшавиаш меафзояд. Фаъолияти системаи асаби вегетативӣ дар мутобиқшавии  организм ба шароити муҳити атроф нақши муҳими биологӣ мебозад. 

Саволҳо

  1. Системаи асаби вегетативӣ чист?
  2. Кадом намудҳои ин асабро медонед?
  3. Асабҳои симпатикӣ ва гумроҳ ба узвҳо чӣ хел таъсир мекунанд?

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …