Биринҷ — ин растании зироатӣ ба мо маълум аст, ки дар заминҳои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об мерӯяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шолӣ дар Ҳиндустон ду карат ҳосил мегиранд: дар вақти баҳорон ва дар тирамоҳ. Аз шолие, ки дар лаб ва наздики баҳрҳо ва уқёнусҳо мерӯяд, биринҷи хуб ҳосил намешавад. Навъҳои биринҷ хеле бисёр аст. Беҳтарини биринҷҳо латиф, яъне осонпаз ва сафеди он аст.
Доир ба мизоҷи ин қавлҳои гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо гарм дар дараҷаи якум ва баъзеи дигар сард ва баъзеи дигар мизоҷи онро мӯътадил донистаанд. Хушкии мизоҷи он дар дараҷаи дувум мебошад — оид ба ин қавли ҳамаи ҳакимон як хел аст. Вале баъзеҳо биринҷро мураккаб-ул-қувват донистаанд. Ин фикр ба ҳақиқати он наздик аст. Инчунин қавлҳои аввала ҳам дуруст мебошанд. Зеро ки чун онро дар об биҷӯшонанду оби онро дур намоянд ва он биринҷро дам диҳанд — инро ба забони деринаи тоҷикӣ-форсӣ чуловкаш меноманд — мизоҷи ҷирми ин биринҷ дар дараҷаи якум сард мебошад, вале мизоҷи он обе, ки дар он биринҷ ҷӯшонида шудааст, дар дараҷаи якум гарм аст, аммо он обро ҷудо бигиранду биринҷро дар он об дам диҳанд ва паловро ба ҳамин тариқ бипазанд, мизоҷаш ба гармӣ моил мегардад.
Лекин, ба шарте ки пеш аз пухтан биринҷро дар об тар намуда ва хуб молида, чанд карат бо об шуста, баъд бипазанд, Ва илло биринҷҳои часпакро чанд мартаба ба ҷӯш бояд бидиҳанд, оби шилмаки ғафси онро рехта дур намуда бошанд, зеро ки истеъмоли он раво нест — ин гуна палав дар одамони гарммизоҷ гармӣ ва дар одамони сардмизоҷ сардиро пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат шояд табибон ва одамони дигари корозмои қадим, инчунин аксари мардуми баъдина барои хӯроки сабуки беморон биринҷро нахӯронидаанд! Бале онҳо инро махсус ба одамони тандурӯст беҳ донистаанд. Зеро ин дар беморон кайфияти зиддиятнок зоҳир мекунад ва дар одамони сиҳат қайфияти мувофиқ, яъне форам ба амал меоварад. Албатта, ин тафсилот барои биринҷҳои ғайриҳиндӣ гуфта мешавад. Зеро барои баъзе беморон биринҷи ҳиндиро оши суюқ карда хӯронидан мувофиқтар аст назар ба донагиҳои дигар. Инашро ҳам бигӯем, ки барои баъзе беморон нони гандум форамтар аст.
Биринҷи сафедкарда навъҳои сурх ва сафед дорад. Қисми сурхи онро бихӯранд, дарунро мебандад, вале навъи сафедаш ин тавр набуда, балки ҳамчун ғизо қавитар аз сурхи он аст. Қавлҳое мавҷуданд, ки хӯрдани ҳамаи навъҳои биринҷ дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба ҳам мерасонад, қабзиятдор мебошад. Агар инро батанҳоӣ пухта бихӯранд, ғизоияташ кам, вале барои иллати исҳол, исҳоли хунин ва хафа (бурма) шудани бачадон, бемориҳои гурда ва хичак даво мешавад. Агар бо шакар бихӯранд, ғизоияташ бисёр мегардад, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад; бо дӯғи нав ва татум бихӯранд, тафси баданро таскин медиҳад, барои исҳоли сафровӣ даво мешавад; бо шири навдӯшида бихӯранд, исҳолро мебандад; бо чарбии гурдаи буз ва равғани гов бихӯранд, дарди рӯдаҳоро бартараф мегардонад. Агар биринҷро бисёр бихӯранд, ҳоли нохуши баданро ба ислоҳ меоварад, ранги рӯйро пок менамояд, умри дароз мебахшад, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад ва боиси дидани хобҳои хуб мегардад.
Биринҷро дар об ҷӯшонида, монанди оби ҷав бипазанду бихӯранд, сӯзиш ва тезии ахлоти сафровии меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад. Биринҷро бо шири навдӯшида баробармиқдор гирифта пухта бихӯранд, мании бисёр пайдо мекунад.
Низ қавлҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки биринҷ баъд аз хӯрдан зуд аз меъда фуруд меояд, ғизои сабук мебошад, барои табъи аксари одамон ҳар доим форам аст, вале ҳамчун ғизо қувваташ аз гандум камтар мебошад. Инро бо таъкид қайд кунем, ки дар хусуси мизоҷаш ҳамаи табибон як нуқтаи назар доранд ва мегӯянд, ки хушк аст дар дараҷаи дувум. Вале гармӣ ва сардии онро ба таври мухталиф медонанд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки дар дараҷаи якум сард аст ва дигар табибон мизоҷи онро гарм дар дараҷаи якум медонанд; инчунин баъзеи дигарон мизоҷи онро дар гармиву сардӣ мӯътадил донистаанд.
Ин ҷо ҳар сеи қавл ҳам саҳеҳ мебошад. Зеро ки мураккаб-ул-қувват аст; таркибаш қисми сарди борутубат дорад, вақте ки дар об ҷӯшонанд. Агар инро дар об ҷӯшонида, аз об ҷудо кунанд, худаш сардмизоҷ дар дараҷаи якум мегардад. Обе, ки дар он биринҷ пухта шуда бошад, аз ҷиҳати мизоҷ дар дараҷаи якум гарм аст.
Ҳакими Самарқандӣ дар «Китоби ағзия» гуфтааст, ки ба қавли қавме, биринҷ гармкунандаи бадани одамони гарммизоҷ аст. Ин қавл аз рӯйи таҷриба ва қиёс маъқул аст. Зеро ки хушкӣ ва часпандагии биринҷ ҳар гоҳ амал кунад, дар баданҳои одамони гарммизоҷ бо ҳарорати мавҷуда боиси афзоиши хушкӣ ва часпандагии он мегардад. Бинобар он ки чизҳои часпаки хушки камрутубат ба зудӣ гармиро қабул намуда, аз ҳарорати пурқувват ба сӯзиш меоянд. Дар ин чунин ҳолат рӯй медиҳад.
Биринҷ ҳангоми хӯрдан дар ҳолати баланд будани ҳарорати бадан дар мизоҷ гармӣ меоварад ва аз сабаби кам будани рӯтубаташ аз гармии бадан ба сатҳи даруни рагҳои борик, аз ҷумла дар мӯрагҳои мосорико часпида, дар он банд гашта, гиреҳҳоро ба амал меоварад ва ба ҳамин минвол ҷараёни обро ба даруни ҷигар манъ мекунад. Бо ин восита мизоҷи одамони гарммизоҷро зиёдтар мегардонад. Аммо ин дар одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ бошад, бинобар бисер будани тарӣ, хушкӣ ва часпандагии он кам мегардад. Зеро қисми часпандаи он ба рӯтубатҳои бадани онон омезиш ёфта, ҳал мешавад ва инак, мизоҷи он касонро мӯътадил месозад.
Мувофиқтарин вақтҳои хӯрдани биринҷ он аст, ки ҳаво пурнам бошад, зеро он вақт иштиҳо ба таом зиёдтар мегардад. Хуллас, агар биринҷ ҳангоми хӯрдан дар рагҳои бадан гиреҳҳо пайдо намояд, инро ба воситаи маскаи нав, ширинии бисёр, дар меъёри мӯътадил намак дохил карда, дар оби сабӯси гандум як шаб биринҷро тар намуда, бо шарбати тухми маҳсар пухта бихӯранд, мувофиқи муддао мегардад, низ барои зуд наомадани манӣ мадад мебахшад ва қабзият оварда, дер нигоҳ дошта шудани онро таъмин менамояд. Инчунин дар ин бобат, биринҷи ношустаро истеъмол фармоянд, ҳамин гуна хислат дорад.
Ширбиринҷро бо шакар ширин карда бихӯранд, маниро зиёд мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро пок месозад. Вале хӯрдани биринҷ ба касоне, ки иллати қулинҷ доранд, бад аст; инчунин ба одамоне, ки рагҳои баданашон гиреҳ пайдо мекарда бошанд, зарарнок мебошад. Вале биринҷ барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо аз бисёрии сафро ва захми ин узвҳо мувофиқтар аст. Дар ин ҷиҳат биринҷро аввал бирён карда, баъд муҳарро пухта ва монанди кашки ҷав гардонида бихӯранд, айни муддао мегардад.
Биринҷро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш барои ҳамаи намудҳои иллати сил фоида дорад, хусусан аз он ширбиринҷро бо шири хар бипазанд, нафъаш бештар мегардад. Биринҷро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бо почаи буз ё гӯсфанд пухта бихӯранд, барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пешоб, нафъи бисёр дорад.
Оберо, ки аз бирииҷ шира кашида гирифта бошанд, бо шакари янтоқ ширин карда биёшоманд, душвор зоидани занонро осон мекунад. Бо обе, ки дар он биринҷ шуста бошанд, ҳуқна (клизма) кунанд, харошида шудани сатҳи даруни рӯда ва захми онро ба ибро меоварад.
Орди биринҷро бо оби харбуза даромехта бимоланд, доғи кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад. Ин ордро бо чарбиҳо сиришта гузошта банданд, пучакро мекафонад. Агар инро бипошанд, хуни ҷароҳати навро мебандад ва онро сиҳат мегардонад. Орди биринҷро бо равғани гурдаи буз дурудароз пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислоҳ меоварад, инчунин барои исҳоли аз хӯрдани даво ҳодис шуда ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо давои хеле хуб мебошад.
Як силсила корозмоҳо шаҳодат додаанд, ки чун биринҷро то сурх гаштанаш бирён карда микдори 68 грамми онро дар 180 грамм об як шаб тар карда ва субҳ оби софи онро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро дафъ мекунад ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани рӯтубат ва ё ҳарорат бошад, шифо мебахшад.
Ҳангоми палав тайёр кардан аввал пиёз ва гӯштро дар равған сурх гардонида, баъд масолеҳи дигар дохил намуда, ба шарте ки биринҷи дар об соате таркардашударо кафмол карда шуста, баъд дар дег андохта, аз болояш он миқдор об дохил намоянд, ки ҳангоми баъди ҷӯшонидан дам кардан, биринҷ мувофиқи муддао об гирифта бипазад. Ин ғизои солеҳ аст аз ҳар ҷиҳат барои нигоҳ доштани дурустии тани одам ва дарди сареро, ки бо иштироки ҳолати дил бошад ва агар баъд аз пок гардонидани бадан аз моддаҳои зарарнок ин хӯрда шавад, шифо мебахшад. Инчунин барои дарди саре, ки сабабаш аз меъда ба сар баромадани бухорҳо бошад, нафъи хубе дорад.
Биринҷро шуста дар об пазанду онро соф карда, чун оби ҷав хунук гардонида бихӯранд, шиддати тезии хилтҳои (моддаҳои ) меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, қуввати боҳро зиёда мегардонад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад.
Биринҷро дар об пухта, дар охири пухтан каме шакар, гулоб, заъфарон ва равғани маскаи гов андохта, дам дода бипазанд, ин палави заъфароннок ном дорад. Хӯрдани ин ба дарди саре, ки сабабаш дар дил зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад. Тариқи дигари тайёр кардани ин палав ба усули ҳиндӣ чунон аст, ки биринҷро бо ҳамон обе, ки вай тар карда мешавад, бипазанду дам диҳанд, яъне дам хӯронанд, то монанди палави хушка (беравған) мулоим гардад. Баъд равғани гов дохил карда бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.