АСОСӢ / Blog List Layoutстраница 39

Blog List Layout

Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

Канаф (Кенаф)

Канаф (Кенаф — Kenaf) — ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази …

Прочитайте больше»

Сагангур

Сагакангур

Сагангур — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ангури сагак низ меноманд. Дар сарзамини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сагангури табиӣ ду навъ аст: самараш сиёҳ ҳангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун истеъмол кардан ва давогӣ сагангури самараш рангин, яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале навъи самараш сиёҳи он нисбатан …

Прочитайте больше»

Сафедчор

Сафедор

Сафедчор — асли ин калима сафедор, яъне сафеддарахт буд, ки ин дарахти маълум аст ва дар ҷоҳои салқин хубтар ва бисёртар нашъунамо меёбад. Чӯби он дар иморатҳо истифода мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши сафедор: оби баргашро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи барги сафедор …

Прочитайте больше»

Ҳандалак

Ҳандалак

Ҳандалак-ин аз ҷинси харбуза аст, вале майдаи пешпазак, пухтагиаш зард, кабуд, сафед ва ғайра мебошад. Намудаш гирдаки шалғамшакли рахдор аст. Таъмаш ширин аст, хушбӯй. Инро ба забони форсӣ дастанбӯя меноманд. Хислатҳои шифобахши он: бӯидани он ба майна қувват мебахшад ва гиреҳи онро мекушояд. Хом ё пухтагиашро бихӯранд, пешобро меронад, хусусан …

Прочитайте больше»

Кӯкнор

Кукнор

Кӯкнор (Кукнор) — ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад ва ба забони русси онро «Опийный мак» меноманд. Мизоҷи пӯсти кӯзаи он дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он қавитар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад. Хислатҳои шифобахши он: пӯсти …

Прочитайте больше»

Ороиши муй

mui_sar-2014

Орову торо додани муй барои одамизод ҳусни зебо мебахшаду касро ҷолибтар ва ба чашми дигарон хушкилтар мегардонад ва инро шахсоне ки қадр менамоянд вақту пули худро ба ин самт сарф карда ба ҳадафҳои худ мерасанд . Ороиш додани муйи сар метавонад  ба дараҷае таъсир расонад ки фоида он метавонад ба ошиқиву …

Прочитайте больше»

АНҒӮРА

Ангургура

Ангурғӯра — ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи турши он аст аз ҳар навъи ангур, ки бошад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум сард ва дар дувум хушк аст. Агар оби онро дар офтоб ғафс гардонанд, мизоҷаш сардтар ва хушктар мегардад то дараҷаи севум. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ҳарорати хун …

Прочитайте больше»

Санавбар

Санавбар

Санавбар — ин дарахтро ба забони русӣ сосна меноманд, ки ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедиҳад, фақат аз шилми он қатрон ҳосил мекунанд; дигараш самари монанди дили гӯсфанд дорад — ин навъи модаи он аст. Самараш дар хомӣ яклухт метобад ва агар расида гардад, донаҳояш аз ҳам шукуфта, …

Прочитайте больше»

Шафтолу

Шафтолу -самара ва мевааш

Шафтолу — ин самари маълум аст, ду навъ мебошад: 1. Пӯсташ нозук, рангоранг, сафед, сург, сабз, пашмакдор, ки пӯсташ ба осонӣ ҷудо мегардад – инро  шафтолуи ширин меноманд. 2. Агар пӯсташ ба гӯшти он ва гӯшташ ба донаки он часпида бошад, онро шафтолуи кордӣ мехонанд, беҳтарини он ширин, бузург, шодоб …

Прочитайте больше»

Бед

Бед - дарахт

Мурод аз беди шифобахш гуфтан беди оддӣ аст, ки ба ҳама маьлум мебошад. Беҳтаринаш дар лаби об рӯидаи он аст. Низ бед самар ҳам дорад, ки онро хӯшаи бед меноманд. Мизоҷи гулаш дар дараҷаи дувум сард ва дар якум тар аст; мизоҷи баргаш сард ва хушк аст, мизоҷи хӯшааш дар …

Прочитайте больше»