Бодиён

Бодён

Бодён — ин ду навъ аст: бодёни оддӣ (арпабодиён) ва бодёни хитоӣ — ин ситорашакл аст. Бодёни оддӣ низ ду навъ дорад: саҳроӣ ва бӯстонӣ. Беҳтарини он оддии бӯстонии он аст. Ин тухми маълум ва машҳур мебошад.

Мизоҷи бӯстонии он дар аввали дараҷаи севум гарм ва дар дараҷаи якум хушк аст. Валё ҳаким Буқрот дар дувум гарм ва дар якум хушк донистааст. Мизоҷи тухмаш гармтар назар ба барги он. Решааш барои давогӣ қавитар аз қисмҳои дигари он аст. Хислатҳои шифобахши он: тухмашро бирён карда бихӯранд, маҷроҳои узвҳои даруни сина, ҷигар, сипурз, гурда ва хичакро мекушояд ва инчунин дардҳои ин узвҳоро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад; чашм ва меъдаро қувват медиҳад, бодҳо ва ахлоти ғафсгаштаро таҳлил мебахшад ва пароканда мекунад, шири занонро пайдо ва зиёда мегардонад, хусусан нави он пешоб ва ҳайзро равон месозад, бар зидди заҳрҳои ҳайвонӣ тарёқ мешавад.

Тухми онро дар об ҷӯш дода, он обро бо гули говзабон ва он тухм бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ) ва иллати беҳушшавиро дафъ мекунад; агар инро бо сунбул ва анҷир бихӯранд, барои сурфа; дамкӯтаҳӣ ва душвории нафас дору мешавад. Агар худашро танҳо биёшоманд, бодҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад; дардҳои паҳлу ва тиҳигоҳро таскин медиҳад; қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст ва ба забони русӣ колит меноманд, мекушояд; рутубати ғафс ва часпаки меъда, беҷо (беҳузур) шудани дил, балғами шӯр — ҳамаашро дафъ менамояд; қуввати давоҳоро ба ҷоҳои дури бадан, ҳатто ба дасту поҳо низ мерасонад; исҳоли кӯҳнаро мебандад ва агар якчанд рӯз бо зираи сабз бихӯранд, исҳолҳои дигарро низ баста мегардонад, меъдаро қувват медиҳад; бо асал ва ё бо сиканҷабин бихӯранд, табҳои кӯҳнаро ба ибро меоварад: ҳангоми гирифтани табҳо бо оби хунук бинӯшанд, беҷо шудани дил ва тафси меъдаро, ки аз ҷамъ шудани балғами шӯр бошад, таскин медиҳад ба воситаи ба худ ҷаббидан ва бухор гардонидани он модда ва ҳамон тавр ба воситаи пешоб хориҷ мекунад. Агар кӯфтаи инро бо гулқанд сиришта бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, инчунин рутубат ва балғамҳоро аз он дафъ месозад.

Дарахти БодиёнШираи бодиёнро бо кӯфтаи он сиришта, андак гарм карда, ба шиками тифлон бимоланд, боди даруни онро пароканда мекунад, дарди онро низ шифо мебахшад.  Агар аз рӯзи якуми моҳи ҳамал то сар шудани моҳи саратон ҳар рӯз 3,5 грамм тухми арпабодиёнро бо ҳамвазни он шакар талқон сохта, тановул намоянд, дар он сол ба хӯрандаи ин иллат ва беморӣ намерасад. Оби барги тару тозаи онро дар офоб, қивом намоянд, инро усораи арпабодиён меноманд. Усораи хушки онро ос карда чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мекунад. Баъзеҳо гиёҳи тару тозаи онро дар оташ дошта ва аз он рутубатеро берун меоваранд ва онро ҷамъ карда ба чашм мекашанд, фоидаи ин ба чашм назар ба усораи баргаш қавитар аст.

Оби барги тару тозаи онро дар зарфе ба оташ гузоранд, чун ду-се ҷӯш хӯрад, кафки онро бо асал ва шилми сакбина (шилмест, ки дарахташ ҳеҷ нафъ надорад) даромехта дар чашм кашанд, барои манъ кардани зардоби ба гавҳарак фуроянда, қавӣ гардонидани рӯшноии чашм даво мебошад. Чун усораи оби барги онро дар офтоб хушк гардонида, бо заҳраи калхот дар шиша андохта, се ҳафта дар офтоб биёвезанд ва баъд ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавҳарак манъ ва заифии чашмро дафъ мекунад. Ин боз як фоида дорад. Баъзан гавҳараки чашм васеъ гашта, ҳамаи сиёҳии чашмро (қарнияро) фаро мегирад — инро низ шифо мебахшад.

Решаи бодиёнро кӯфта, бо асал сиришта бимоланд, барои газидани саги девона нафъ дорад. Шилмаш дар хислат монанди усораи он аст. Агар онро чун сурма ба чашм кашанд, барои пурқувват гардонидани чашм ва рад кардани оби ба гавҳарак фуроянда ва инчунин агар он об дар он фуромада бошад, даво мешавад. Агар инро бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад,

Вале истеъмоли арпабодиён ба дарун барои одамони гарммизоҷ зарар дорад — дар ин ҳолат барои ислоҳаш сиканҷабин бояд бихӯранд. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз 3,5 то 9 грамм аст; аз обе, ки решаи он ҷӯшонида шуда бошад, аз 9 то 14 грамм андохта биҷӯшонанд. Ба ҷойи ин тухми карафсро метавон истеъмол намуд.

Гули бодиён

Бодёни саҳроиро шохҳояш ғафстар, вале решааш хурдтар назар ба решаи бӯстонӣ мебошад, бисёр хушбӯй, тухмаш низ калонтар ва сабзтар аст. Мизоҷи ин дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми инро бихӯранд, чакмезакро ислоҳ менамояд, бачадонро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, решҳоро аз чирку рим пок месозад, исҳоли кӯҳнаро мебандад; ҳайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад; сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табҳои кӯҳна ва зардпарвинро шифо мебахшад.

Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб бинӯшанд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, барои газидани саги девона фоида дорад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …