АСОСӢ / ГУНОГУН / Бодрангбӯя
Бодрангбӯя

Бодрангбӯя

Бодрангбӯя — ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, бодранҷбӯя гаштааст. Ба русӣ лимонная трава (лимонная мята) ва мелисса меноманд. Ин дар ҳама ҷоҳои намнок мерӯяд. Қадди гиёҳаш то 85 сантиметр мехезад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи дигараш баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандонадор, пояаш монанди райҳон пуршох, гулаш бунафши моил ба сурхӣ, ки инро ба ҷойи сабзӣ бо таом мехӯранд. Гули қисми дигараш майда ва гиёҳаш баҳорӣ ва тобистонӣ мешавад, ҳар сол аз тухм ва аз реша низ месабзад. Тухмаш ба тухми зағир монанд, вале аз он майдатар ва ғуборнок. Қисми дувумаш дар бӯй ба навьи якум шабоҳат дорад, каме тундтар, баргаш гирдак — ин навъаш низ намудҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад, аз як бех чанд шох мерӯяд, баргаш нисбатан дағал ва дурушттар аст.

Мизоҷи ҳамаи намудҳои он дар миёнаи дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Ин гиёҳ мансуб ба сайёраи Муштарӣ мебошад. Ба қавли баъзе табибон, мизоҷаш мӯътадил дар гармӣ  ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Аммо кавли якум саҳеҳтар ва қавитар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ қувватбахши дил, майна, ҳамаи даҳ ҳисси бадан ва ҳисҳои меъдаву ҷигар аст. Агар бихӯранд ва бибӯянд, фараҳ мебахшад, гиреҳҳои узвҳои майнаро мекушояд, моддаҳои ғафсро нарм ва рақиқ мекунад, дар ҳоб сиёҳӣ пахш карданро ба ибро меоварад; барои ваҳшати савдовӣ, яъне тарсончакӣ аз зиёд шудани моддаи савдо дар майна, дилтапак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ҳиккаки (ҳиқичоқи) бодӣ дармон мегардад. Агар бихӯранд ва гузошта банданд, моддаи савдоро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад; бемориҳоеро, ки аз бисёр гаштани балғам ба амал омада бошанд, дарди рӯдаҳо, иллатҳои сурин ва гурдаро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, бӯйи шаробро дафъ месозад ва бадбӯйии даҳанро дур мекунад -дар ин бобат хеле пуртаъсир аст. 10,5  грамм барги хушкашро бо 1,75 грамм танакори арманӣ (танакори сурх) бихӯранд, захми рӯдаҳо ва дарди ин узвҳоро даво мешавад. 13,5 граммашро бо 4,5 грамм танакори сурх биёшоманд, таъсири заҳри занбӯруғҳоро мешиканад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои пӯсидани дандонҳо дармон мебошад. Кӯфтаи ин гиёҳро бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас)-ро дору мешавад.

Аз 17,5 то 35 грамм кӯфтаи онро бо шароб биёшоманд, барои газидани саги девона ва ғунда даво мешавад.

Инро кӯфта гузошта банданд ҳам, барои бемориҳои номбурда шифо мебахшад, дилро қувват медиҳад, савдоро ба таҳлил мебарад ва дафъ мекунад; агар бо сирко даромехта гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро дафъ созад, меъдаи сарди тармизоҷро қувват мебахшад, таомҳои бадҳазмро латиф мегардонад, оруғ ва хоб меоварад фавран.

Оби баргашро бимоланд, барои қӯтури савдовӣ, мӯрчагазак, нори форсӣ ва захмҳои хӯранда даво мешавад; агар инро бо намак даромехта дар ҳаммоми гармиаш мӯьтадил бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад, инчунин кашокашӣ ва ларзонидани табҳоро дафъ мекунад.

Баргашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд. Онро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандгаштаи онҳоро мекушояд. Вале ба сурин зарар дорад, гуфтаанд. Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Ба ҷойи ин гиёҳ ду баробари вазнаш абрешим ва аз ду ҳиссаи он пӯсти меваи турунҷро бихӯранд, равост. Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 35 ва аз тару тозаи он то 70 грамм аст. Феълҳои тухмаш дар шифоӣ заифтар аз барги он мебошад. 4,5 грамм аз ин бихӯранд, барои ларза ва кашокашии бадан ва дарди рӯдаҳо дору мешавад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин 9 грамм аст.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …