«Барои чӣ як одами хуберо ба бронхоскопия равон меунед? – гуфта аксар вақт аз пульмонолог ё аз ҷарроҳи торакалӣ (торакального хирурга) мепурсанд. Биёед мутахассисони соҳаҳои ҷудогонаро (махсусро) пуштибонӣ мекунем: ин таҳқиқи инвазивӣ аст (яъне бронхоскоп ба даруни организми одам ворид мешавад), меҳнати бронхоскопист бошад арзон намеистад, барои ҳамин ҳам агар сабаби ҷиддӣ набошад одатан бронхоскопияро таъин намекунанд.
Ба нишонаҳои маъмулие, ки зарурати бронхоскопияро пеш меоранд инҳо дохил мешаванд.
– хунтуфкунӣ;
– нафастангӣ, агар ҳеҷ маълумоте оиди иллатнокии дил ё астма набошад;
– гумонбар шудан ба омоси шушҳо ё илтиҳоби музмини бронхҳо.
Таърихи алоҳида – таҳқиқ бо мақсади дарёфт кардан ва безарар кардани ҷисмҳои бегона, ки ба роҳҳои нафаскашӣ афтидаанд.
Бронхоскопистҳои кӯдакона коллексияи пурраи тугмаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ, бозичаҳои хурдро ҷамъоварӣ кардаанд, ки онҳоро аз дарахти бронхиалии беморони хурдсол пайдо карда баровардаанд.
Дар вақти бронхоскопия духтур метавонад биопсия гирад — анбӯрчаи бронхоскоп метавонад порачаи хурди луоби бронхро газида гирад, ки баъдан онро дар шӯъбаи патоморфологӣ дар зери микроскоп таҳқиқ мекунанд. Дар ҳолатҳои муғлақу духӯра ин имкон медиҳад, ки ташхиси дуруст гузошта шавад. Дар байни халқ беҳуда намегӯянд, ки ташхисгари беҳтарин – патологоанатом аст. Баъзан вақт бронхоскопияро ба мақсадҳои табобатӣ низ истифода мебаранд – то ин ки маводҳои доругиро ворид кунанд ва бронхҳои тангшударо васеътар кунанд ва стентҳо (васеъкунандаҳо) васл кунанд.
7 САВОЛ ДАР БОРАИ БРОНХОСКОПИЯ
БИСЁР БЕМОРОН АЗ ОН ДАР ТАШВИШАНД, КИ ДАР АСНОИ ИН ГУНА ТАҲҚИҚОТКУНӢ ЧӢ ТАВР НАФАС ХОҲАНД КАШИД
Барои он ки ҳиссиёти нофорам дар гулӯ камтар карда шаванд ва рефлекси қайкунӣ бартараф карда шавад, пеш аз проседура ковокии даҳонро бо маҳлули лидокаин дорушӯйӣ мекунанд. Диаметри бронхоскоп аз мӯрии (сӯрохии) бронхҳо камтар аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ нафасгир шудан имкон надорад. Ба ғайр аз ин дар вақти таҳқиқкунӣ мо ба беморон тавсия медиҳем, ки тез-тез ва бо сатҳи болоӣ, ба мисли сагча нафас кашанд– ин на фақат диққати онҳоро ба сӯи дигар мекашад, балки ба таври иловагӣ рефлекси қайкуниро низ камтар мекунад.
ЧӢ ТАВР БА ТАҲҚИҚОТ ТАЙЁР МЕШАВАНД?
Аз аввали бегоҳирӯзӣ дигар хӯрок хӯрдан мумкин нест. Пеш аз хоб доруи оромкунандаро хӯрдан мумкин аст, одами эҳсосотӣ (эмотсионалӣ) метавонад пагоҳӣ низ ин дорухӯриро такрор кунад, аммо ин бояд бо духтур маслиҳат карда шавад. Пагоҳӣ беҳтар аст, ки то таҳқиқот ҳеҷ чиз нанӯшед. Агар шумо дандонҳои протезии ҷудошаванда дошта бошед, бояд пеш аз бронхоскопия онҳоро кушода гиред.
ОЁ ЯГОН ХЕЛ ТАҲЛИЛ СУПОРИДАН ЗАРУР АСТ?
Бале, таҳлили гурӯҳи хун ва резус-фактор, маркерҳои вирусҳои гепатитҳо, сифилис ва ВНМО (ВИЧ) ва коагулограмма (таҳлили лахтбандии хун). Агар шумо доимӣ доруҳои тунуккунандаи хунро истеъмол мекарда бошед, ҳатман духтуро огоҳ намоед.
ТАҲҚИҚОТ ДАР КУҶО ВА ЧӢ ТАВР ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД?
Бемор дар рӯи стул менишинад ё дар рӯи нимкати мулоим хоб меравад. Дар назди духтур монитори калоне истодааст, ки расми узвҳои роҳҳои нафаскашии шумо ба он интиқол дода мешаванд. Се дақиқа кифоя аст, ки бронхҳои шумо бодиққат мушоҳида карда шаванд ва расми он ба хотираи компютер навишта шавад. Агар духтур барои гирифтани биопсия аз мавзеъи шубҳанок қарор диҳад, боз 1-2 дақиқаи дигар зарур меояд.
ОЁ ГИРИФТАНИ БИОПСИЯ – ДАРДНОК АСТ?
Не, пардаҳои луобии бронхҳо амалан дардро ҳис намекунанд, барои ҳамин ҳатто доруи бедардкунанда ҳам зарур намешавад.
ПАС АЗ БРОНХОСКОПИЯ ЧӢ ГУНА ЭҲСОСОТИ НОФОРАМ БОҚӢ МЕМОНАД?
Аз сабаи таъсири анестезия шояд дар гулӯятон ҳиссиёти ноҳинҷорӣ ва мушкилии фурӯбарии оби даҳон пайдо шавад. Ин гуна нишонаҳо (симптомҳо) пас аз 40-60 дақиқа нопадид мешаванд. Аз сабаби барангезиши пардаҳои луобии бронхҳо шояд каме сулфа пайдо шавад, баъзан бо хатчаҳои сурхе дар балғам. Агар дар давоми рӯз ин гуна нишонаҳо нопадид шаванд – ҳамааш хуб аст, аммо агар онҳо давом ёбанд – дар ин бора ба духтуратон хабар диҳед.
ОЁ ЗАРУРАТИ БИСТАРӢ КАРДАН (ГОСПИТАЛИЗАТСИЯ) ВУҶУД ДОРАД?
Ин таҳқиқот аз рӯи қоида бо фибробронхоскопи эластикӣ дар дармонгоҳ (поликлиника) гузаронида мешавад. Дар ҳолати махсусан душвор аз рӯи натиҷаҳои бронхоскопияи мулоим мумкин аст сахташро таъин кунанд. Он тавассути беҳискунӣ (дар зери наркоз) ва дар шароити статсионарӣ иҷро карда мешавад.
Маълумотҳо аз тарафи хонаи нашриётии «Здоровье» пешниҳод шудаанд.
Оё хатоеро дарёфт кардед? Онро намудор кунед ва клавишҳои Ctrl+Enter – ро зер кунед.