Ин маълум аст, ки ҷисмҳо сӯхта мисли хок мегарданд. Хокистар аз ҳар ҷисме, ки бошад, хосияташ ба он мансуб аст, яъне аз чӯби ток бошад, хокистари ток, аз чӯби тут бошад, хокистари тут ва ғайра. Беҳтарини хокистарҳо аз чӯби дарахти солхӯрда ҳосилгаштаи он асг. Мизоҷаш хушки моил ба ҳарорат. Мизоҷи …
Прочитайте больше»Канзи Шифо
Сурб ва хислати он
Сурб — инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта қӯргошим ҳам мегӯянд. Сурб фулуззӣ нарми зудгудоз аст, рангаш ба сиёҳи хокистарӣ моил мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст. Ба русси онро свинец мегуянд. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо равғани гулисурх ё бо оби …
Прочитайте больше»Қалъагӣ ва хусусияти шифоии вай
Қалъагӣ — ин фулузи маълум аст, рангаш сафед, аз оҳан нармтар ва аз сурб сахттар аст. Мизоҷаш дар дараҷаи севум сард, хушккунанда бо ҷавҳари тар аст. Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол кардан ҷоиз нест, зеро кушанда мебошад. Агар қалъаиро чун сурма ба чашм кашанд, сурхии чашм, обравӣ ва дағалии …
Прочитайте больше»Зар — ва хусусияти табобатии он
Зар — Инро тилло ҳам меноманд, ки номи дувумаш аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ гузаштааст. Зарро дар намуди холис дарёфт мекунанд, аз регҳои дарёҳо ҷудо карда мегиранд ва инчунин аз таркиби сангҳо ҷудо карда ҳосил менамоянд. Мизоҷаш мӯътадил аст, каме моил ба гармӣ ва андак рутубати табиӣ дорад. Хислатҳои шифобахши …
Прочитайте больше»Даҳанифаранг
Даҳанифаранг— Ин чизи маълум аст, ки ба русӣ медний купорос меноманд. Рангаш сабзи тира. Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Ҳамаи давоҳо, ки мизоҷи дараҷаи чорум дошта бошанд, аз ҷумла даҳанифаранг ҳам хислати заҳрнокӣ доранд. Бинобар ҳамин инро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд. Хислатҳои шифобахши он: …
Прочитайте больше»Тӯтиё (дудиё) — хусусияти тиббии он
Тӯтиё — асли ин калима тоҷикӣ — дудиё мебошад, вале дар таъсири забони арабӣ монда тӯтиё гаштааст. Тариқи гирифтани тӯтиё чунин аст: Вақти сурбро аз маъданаш бароварда, ҳангоми гудохтан кӯкаи оташдони онро дутабақа месозанд. Қабати якум ҷоест, ки оташ меафрӯзанд. Ба дарозии як ваҷаб аз лойи часпак қаламҳо сохта, …
Прочитайте больше»Сурма ва хислати он
Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар об андохта шустушӯй медиҳанд. Сурмаи шустагӣ барои даво латифтар ва форамтар мегардад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Ба қавли Абӯалӣ ибни Сино, мизоҷи ин дар дараҷаи якум …
Прочитайте больше»Рими оҳан ва хусусияи шифоии он
Рими оҳан — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт тафсонидан аз он ҷудо ва дар таги кӯра шах шуда мемонад. Инро дажғоли оҳан ҳам мегӯянд ва ба русӣ шлак мехонанд. Ин беҳтарини римҳои фулуззот аст. Инро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он …
Прочитайте больше»Оҳан — метли шифобахш
Оҳан — ин фулуззи машҳур аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: оби оҳантофта, яъне оберо, ки оҳангарон оҳан ё фӯлоди тафсонро дар он сард мекунанд, биёшоманд, боҳро бағоят қувват мебахшад, дарунро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳоро ба ибро меоварад, бавосирро дафъ мекунад, варами сипурзро …
Прочитайте больше»Сафол — зарфи шифобахш?
Сафол — Ин зарфест маълум, ки аз гили пухта ва маҳсули кулол мебошад. Мизоҷаш бисёр хушк асг ва бо андак гармӣ. Хислатҳои шифобахши он; ҳамаи навъҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоимро тахдил медиҳад, захмҳои узвҳои хушкмизоҷро, ки монанди: ғузруф (тағояк) ва барои даридаии пӯсти бадан даво мешавад. Сафоли навро кӯфта, …
Прочитайте больше»