АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 20)

Тандурустӣ

КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)

Каргас

Ин аз ҷумлаи парандаҳои дарранда аст бузургҷусса, рангаш қариб ба уқоб монанд ва моил ба сурхӣ, параш монанди най миёнхолӣ мебошад. Чашми бисёр тез, лоша ва тӯъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва бӯяшро ҳам эҳсос мекунад. Инчунин, ба ҷоҳои хеле дур парвоз карда метавонад. Дар вақти хоб як чашмашро …

Прочитайте больше»

БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

Буз

Буз ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳлӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд ҷойи дувумро ишғол мекунад.  Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар …

Прочитайте больше»

МАРВОРИД дар Канзи Шифо (Китоб)

Марворид

Ин гавҳари машҳур аст, ки аз шиками навъе аз садаф бармеоваранд. Марворид дар ҳаҷм гуногун аст: майдаи он аз тухми кӯкнор резатар ва калони он то миқдори тухми гунчишк ва банудрат ба андозаи тухми кабӯтар низ ёфт мешавад ва то алҳол ба вазни то 14 граммаш мавҷуд ва маълум мебошад. …

Прочитайте больше»

ТУХМИ МУРҒ ВА КАНЗИ ШИФО

Тухми мург

Ин ҷо тухми мурғи хонагӣ дар назар дошта шудааст, ки маълум аст. Беҳтаринаш он аст, ки дар ҳаҷм калон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зоида бошад. Ҳарорати ҳаво бо мурури рӯзҳо онро палағда мекунад. Бинобар ҳамин дар айёми тобистон дар намак нигоҳ доранд, вайрон намешавад. Мизоҷи зардии он барои ҳамаи мизоҷҳои инсои …

Прочитайте больше»

ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Гов дар сурат расм

Мизоҷи гӯшти гов ки зиёда аз яксола гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз гӯшти шутур камтар ва дар хушкӣ аз гӯшти буз хушктар аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бадҳазм, ғализ ва аз хӯрдани он хуни ғафси савдовӣ ҳосил мешавад, бемориҳои савдовӣ, монанди: саратон, махав, варами сипурз, филпо, даволӣ (ғафс ва …

Прочитайте больше»

МУРҒОБӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мургоби

Мафҳуми калимаи «мурғобӣ» ҳамаи паранда ва мурғҳои шинокунандаро мефаҳмонад, масалан; ғоз, ӯрдак, чирак ва ғайра. Лекин мо дар ин ҷо ӯрдакро, ки фақат як қисми тоҷикон мурғобӣ меноманд, дар мадди назар дорем. Ин ба ҳама маълум аст, ки ин мурғ навъҳои аҳлӣ ва ваҳшӣ низ дорад. Мизоҷи мурғобии аҳлӣ, яъне хонагӣ …

Прочитайте больше»

ҒОЗ (ҚОЗ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Коз - Гоз

ҒОЗ ё худ онро низ ҚОЗ меноманд. Ин аз ҷинси мурғобӣ, вале калонтар аз он аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Ин аҳлӣ ва ваҳшӣ дорад. Аҳлиаш парвоз намекунад, вале ваҳшии он парвоз мекунад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дар ғизоият дерҳазм, вале чун ҳазм ёбад, баданро …

Прочитайте больше»

ИНСОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Инсон

Дар таркиби бадани инсон (одам) чизҳои фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Беҳтарини инсон барои истифодаи қисмҳои бадани он ҷавони тандуруст, пайкараш хушрехта ва сокини маҳалли иқлимаш мӯътадил бошад. Хислатҳои шифобахши он: агар чирки гӯшашро бихӯранд, дарунро пурбод ва касро беҳуш мекунад. Агар онро ос карда гузошта банданд, дарди нимсарро шифо мебахшад; ос кардаи …

Прочитайте больше»

ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Куршапарак

ШАБПАРАК — ин ҷонварро бинобар он, ки рӯзона парвоз намекунад, саҳван кӯршабпарак меноманд. Инро ҳама медонанд. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар чорум хушк аст. Гармии гӯшташ камтар аст аз ҳарорати саргини он. Хислатҳои шифобахши он: онро шӯрбо карда бихӯранд, ахлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исҳол аз бадан дафъ …

Прочитайте больше»

ФАРОШТУРУК дар Канзи Шифо (Китоб)

Фароштурук

Фароштурук — парандаи маълум аст. Мизоҷи гӯшташ дар миёнаи дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро кабоб карда бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезонад. 4,5 грамм гӯшти хушки онро кӯфта бихӯранд, қуввати ҷашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гӯшти …

Прочитайте больше»