Сирко (Уксус ба русси) — Инро аз аксари чизҳо монанди: ангур, хурмо, анҷир, шакар, оби найшакар, асал ва ғайра, аз ҳар меваи обдор ва ширин, аз донҳо монанди: биринҷ ва ғайра тартиб медиҳанд. Беҳтарини ҳама сиркои ангурист, ки оби ангурро соф намуда, дар хуми сафолӣ ё чинӣ, ки даруни онро равған молида бошанд ё дар шиша рехта, ба таносуби 10 литр оби он як литр сиркои сараро дохил намуда, даҳани зарфро пӯшида ва гиландуд карда, дар офтоб ё ҷойи дигари гарм мегузоранд ва то расида гаштани он сабр мекунанд.
Ё дар он оби ангур ва ғайра, ки аз он тайёр кардан бихоҳанд, сирко бирезанду бигузоранд, то хуб ба ҷӯш ояду май гардад. Пас ба даруни он сирко ва намак бирезанд ва ҳамон тавр бигузоранд, то расида гардад, турш шавад, ки сиркои хамрӣ иборат аз ҳамин аст. Ё ин, ки май худ ба худ турш шуда сирко мегардад.
Сиркои хурмо он аст, ки як килограмм хурморо дар чор литр оби гарми ширини соф бирезанду дар хуми нави муқайяр (қирандуд) ё равған молидашуда рехта, даҳани онро маҳкам карда, як ҳафта дар офтоб мегузоранд. Баъд молида, соф гардонида, дар ду литри он як литр сиркои сара, 40 грамм намак дар он хум андохта, онро дар ҷое гузоранд, ки офтоб ҳамеша бар он бирасад, то он ки расида гардад. Аз дигар чизҳо низ ҳамин тариқ тартиб медиҳанд.
Мизоҷи сиркои ангурй мураккаб-ул-қувват аст, яъне камтар моддаи гарммизоҷ дорад ва миқцоре ҷавҳари сардмизоҷро доро мебошад; дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Мизоҷи сиркои хурмой, мавизй, анҷирӣ ва асалӣ наздик ба мизоҷи сиркои ангурист. Вале мизоҷи асалии он гармтар ва хунуктар аст назар ба ангурии он. Аз нок, себ ва биҳӣ тайёр кардашудаи он қабзиятдор мебошад. Сирко аз се чиз таркиб ёфтааст:
- Бинобар мизоҷи гарми оташӣ доштанаш гиреҳҳои баданро мекушояд ва ба чуқуриҳои бадан ҳаракат мекунад. 2. Бинобар мизоҷи сарди хокӣ доштанаш қабзият пайдо мекунад. 3. Аз боиси моддаи обии сарди тарӣ доштанаш ба ҳамаи дигар хислатҳояш ғолиб буда, асабҳоро суст ва заиф мегардонад.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти қабз ва хушккунандагӣ дорад, зуд таъсирбахш ва расонандаи қуввати давоҳо ба узвҳои гуногуни бадан мебошад, моддаҳои ғафс ва ғализро пароканда менамояд.
Агар инро бо равғани зайтун ё бо равғани гулисурх даромехта бимонанд, дарди сари гарм ва дарди сари аз расидани офтоб бошад, таскин медиҳад ё дарди саре, ки аз зиёд шудани хилти сафро ё аз ҷамъ омадани бухороти гарм ҳодис шуда бошад, ё дар хаммоми гарм сар ба дард оад, шифо мебахшад. Агар латтаеро ба ин таркиб тар карда, ба сар гузоранд низ, ҳамин асарро дорад.
Агар сиркоро батанҳоӣ бибӯянд, бастагии сари биниро мекушояд, назлаи гармро мебандад, дарди сари гармро таскин медиҳад ва майнаи гарммизоҷро қувват мебахшад. Агар бо равгани бодоми ширин ва ё равғани гулисурх, гулоб, оби бодиринг даромехта бибӯянд, дарди сари гармро таскин медиҳад, варами майна ва пардаҳои онро таҳлил медиҳад, ҳазён гуфтанро барҳам медиҳад.
Агар сиркоро ҷӯшонида, бухорашро ба дарун бикашанд, бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад ва бастагии сӯрохи биниро мекушояд. Ҳамчунин сиркоро ба хишти пухта ё санги тафсон бирезанд ё ки сангреза ва хишти пухтаи тафсонро дар он андохта, бухори онро бигиранд, бемориҳои дар боло зикрёфтароба ибро меоварад.
Чун як вазн сирко, ду вазн об, каме шакар дар кӯзаи сафолӣ рехта, даҳанашро бо сарпӯше маҳкам карда, атрофи даҳани онро бо хамири орди мош гирифта, каме ҷӯш диҳанду сарпӯши кӯзаро андак кушода, бухори онро бар варами гулӯ ва ҳалқ расонанд ва баъд аз се соат таркиби даруни кӯзаро аз нав карда, бо ҳамин усул бухори онро бигиранд, дар се-чор маротиба варами ин узв таҳлил меёбад.
Сиркоро бо асал даромехта бимоланд, кабудии зери чашмро дур мекунад, хуни мурдаи таги пӯстро низ пароканда месозад.
Сиркоро ба даруни гӯш чаконанд, кирми гӯшро мекушад, дардашро низ таскин медиҳад. Онро ҷӯшонида, бухорашро ба воситаи қиф дар гӯш бигиранд, ҷарангҳои гуногуни гӯш ва гаронии ин узвро дафъ мекунад; дар бинӣ бирезанд, бастагии сари биниро мекушояд ва боиси тезии шунавойӣ мегардад.
Чун 25 грамм пиёзи ансули хушкро бо корд варақ- варақ реза карда, дар сирко биҷӯшонанд, то пухта муҳарро шавад ва як ҳафта дар офгоб гузоранд. Баъд онро соф намуда, ҳар рӯз ба дили наҳор 7 грамми онро биёшоманд, барои бадбӯйии даҳан, ки вобаста ба ҳолати меъда бошад, дармон мешавад.
Сиркоро намакин карда, баъд дар даҳан гардонанд, хуни буни дандонро, ки канда бошанд, қатъ мекунад; инро бо зоки сафед даромехта, онро дар даҳан гардонанд, дандонро сафед ва аз чирк пок мегардонад, хуни равонро аз милки он манъ менамояд, дандонҳои сустро мустаҳкам мегардонад; бо шибит сиришта, ба дандон бимоланд, дандони ҷунбонакро сахт мекунад.
Бо худи сирко ғарғара кунанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба ҳалқ манъ мекунад, дарди гулӯи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун дар он мавзеъ мебошад, шифо мебахшад; забончаи ҳалқро, ки афгода бошад, боз ба ҷояш мебардорад, дарди дандонро таскин медиҳад; бо зира ва кокутӣ сиришта ин таркибро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва захмҳои милки дандонро шифо мебахшад.
Агар сиркоро андак-андак бихӯранд, зулуки дар ҳалк часпидаро берун меоварад, сурфаи кӯҳнаро шифо мебахшад, нафаси роста, яъне ростнафасро, ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад.
Ғӯраи чормағзро дар вақти пунбадона барин буданаш дар сирко андозанду ҳамон тавр бигузоранд, то он ки расида гардад, баъд бо он ғарғара намоянд, барои дарди гулӯ ва бемориҳои номбурдаи узвҳои
даҳан ва ҳалқ беҳтарин даво мебошад.
Сиркоеро, ки аз пиёзи ансул тайёр карда шуда бошад, биёшоманд, барои сурфаи сабабаш моддаҳои сардмизоҷ ё аз хунукӣ бошад, зиқ-ун-нафас (тангии нафас), бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои сипурз ва истисқо даво мешавад.
Ҳар навъ сиркоро бихӯранд, ташнагиро дафъ мекунад, барои ҳазми таом ёрӣ мерасонад, хунравиҳои гуногунро аз аъзои дохилӣ қатъ мекунад, иштиҳоро бармеангезад, балғамро мегудозад, сипурзро пок мегардонад, шиддати сафроро мешиканад; гиреҳи мосориқо, яъне гиреҳҳоеро, ки дар мӯрагҳои шикам пайдо шуда, ба воситаи он мӯрагҳо ғизои дар рӯдаҳо ҳазмёфта ба ҷигар кашида мешавад, мекушояд, гиреҳҳои сипурзро кушода мегардонад ва давоҳоро ба сипурз бурда мерасонад, бинобар туршии таъми савдо дар сипурз аст, шифо мебахшад.
Ҳар рӯз ба дили наҳор сирко бихӯранд, кирмҳои меъдаро мекушад. Таомеро, ки бо сирко пухта шуда бошад, бихӯранд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба меъда манъ мекунад.
Сиркоро гарм карда бихӯранду қай кунанд, заҳри давоҳои қотилро дафъ мекунад, хун ва шири шахшударо хориҷ месозад ё дар ҷояш мегудозад. Агар инро бо намак бихӯранд, заҳри занбӯруғҳои заҳрнок ва саги девона газидаро дафъ менамояд, хусусун сиркои ангурӣ дар ин бобат пуртаъсир аст.
Сиркоеро, ки дар он анҷир ё мавизи ангур, ё пӯсти решаи кавар як шабонарӯз тар карда шуда бошад, ба дили наҳор биёшоманд, сипурз ва истисқоро таҳлил медиҳад.
Агар сиркоро бимоланд, паҳн гаштани решҳои бадфиол, сурхбод, ҷамра (карбункул) ва доначаҳои сурхи дарднок, қӯтури решгашта, бавосир, милкаки нохӯн, шукуфаҳои пӯсг, варами зоҳирй ва ботиниро манъ мекунад, инчунин намегузорад, ки ҷароҳати нав
варам оварад, хориши бадан ва заҳри ҷонваронро дафъ мекунад, барои хунравӣ аз узвҳои берунӣ ва сӯхтагии оташ даво мешавад. Низ онро бимоланд, намегузорад, ки моддаҳои атрофи он ба он ҷо ҷамъ гарданд.
Агар инро бимоланд ё баррезанд, барои газидани ҷонварони заҳрнок ва манъ кардани ҳунравӣ аз узвҳои беруни бадан дармон мегардад.
Анҷирро, ки дар сирко пуҳта бошанд, гузошта банданд, сӯзиши узв ва дағалии онро ислоҳ мебахшад. Агар инро бо гӯгирди кӯфта сиришта гузошта банданд, ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад.
Орди ҷавро бо сирко хамир карда гузошта банданд, варами гулӯ, пистон, инчунин варами баногӯш ва дигар варамҳои гармро таҳлил медиҳад; агар испанди кӯфтаро бо сирко сиришта гузошта банданд, карахтӣ, кузоз (сголбняк) ва дарди буғумҳоро дафъ мекунад. Сиркоро бо хокистари гарм хамир карда гузошта банданд, рӯдаҳо ва варами сардро тахдил медиҳад.
Сиркоро бар санги гарм рехта, мавзеъро ба бухораш бидоранд, бавосирро даво мебошад.
Хӯрдани сирко ба пирони савдовимизоҷ ва одамони бемории шушдошта, монанди сурфаи нав ва сурфаи хушк зарар дорад, инчунин ба одамони узвҳояшон боди ғализдошта, дарди буғумнок, узвҳои ботиниашон заиф, боҳашон суст ва бачадон зиён мерасонад, низ ба асабҳо ва узвҳои асабонӣ, ба касони нав аз беморӣ хеста ва сардмизоҷон зиёнкор аст. Агар инро бардавом истеъмол кунанд, иллати истисқо ва хирагии чашмро ба амал меоварад, ранги рӯйро зард мегардонад, харошида шудани рӯдаҳоро найдо менамояд, баданро лоғар мегардонад.
Барои ислоҳи ин гуна зарарҳояш шириниҳо, инчунин обгӯшт хӯрдан даркор аст, барои ислоҳи зарараш ба сурфа ширинӣ ва равғани бодоми ширин истеъмол фармоянд, барои ислоҳи зарараш ба одамони камҳарорат ва сустии асабҳо асал ва давоҳои гарммизоҷ истеъмол бояд кард; барои он ки хароши сатҳи даруни рӯдаҳоро ҳодис накунад, луобҳо истеъмол намоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз сирко дар як рӯз то 32 грамм аст. Ба ҷойи ин дар баъзе маврид шароб ва дар баъзе ҳолат лимуро истеъмол намоянд, раво мебошад.