Соли дуюми донишҷӯӣ мавзӯи кори курсии ман дар бораи ҳикояи «Аспи обӣ» — и устод Баҳманёр буд. Ҳарчанд ҳавасам ба шеър бештар буд, бо шавқу завқи зиёд ин мавзӯъро пазируфтам. Зеро бисёр шунида будам, ки устод Баҳманёрро «шоири нависанда» мегуфтанд. Ба он хотир, ки насрашон чун шеър аст. Ҳикояи «Аспи обӣ» — ро бори дигар хондам ва рӯзе ба Иттифоқи нависандагон рафтам, то бо муаллиф суҳбат кунаму кори курсиам беҳтар иншо гардад. Аммо устодро наёфтам. Яке аз ҳамкоронашон тавассути телефони корӣ ба он кас зан зада, гӯширо ба ман дароз кард. Онро гирифта, бо ҳаяҷони зиёду садои ларзон гуфтам:
— Дуруд, устод Баҳманёр! Бузургмеҳри Тоҷиддин ҳастам, донишҷӯ. Мавзӯи кори курсиам яке аз ҳикояҳои шумост. Хостам бо шумо суҳбат кунам.
— Ман пагоҳ ба коргоҳ меравам. Биё, ҳамсуҳбат мешавем, — гуфтанд устод.
Бо ҳам то пагоҳ хайрбодӣ кардем.
Пагоҳ боз ба Иттифоқи нависандагон омадам, аммо ҳанӯз дари кабинети устод баста буд. Рафтанӣ шудам, ки омаданд. Аҳволпурсӣ кардаму худро шинос. Ба кабинеташон даромадем. Бори аввал гулҳои парваридаи устодро дидам. Ҳар як хандон. Бо устод суҳбат кардам. Баъд маро ба қаҳванӯшӣ даъват намуданд. Гарчанде бо чунин шахси бузург қаҳва нӯшидан шараф буд, аз шарми кӯҳистониям рад кардам. Ҳангоме рафтанӣ шудам, варақеро ба дастам доданд, ки дар он тарҷумаи ҳолашон буд ва гуфтанд, ки шояд дар кори курсиат лозим шавад.
Хуллас, кори курсиро бо баҳои аъло ҳимоя кардам. Баъд аз он оҳиста-оҳиста бо насри устод Баҳманёр бештар шинос шудан гирифтам. Вақте таҳсил дар донишгоҳро ба охир расонидам, тавассути озмун ба яке аз гимназияҳои намунавии пойтахт ба ҳайси омӯзгор ба кор пазируфта шудам. Хушбахтона, дар он боргоҳи маърифат ҷияни устод Баҳманёр ҳам омӯзгор будааст. Бо ҳам дӯст шудем. Рӯзе китоби «Сармаддеҳ» — и устод Баҳманёрро ба ман ҳадя кард, ки хеле хурсанд гаштам.
Баъдтар дар Агентии миллии Иттилооти Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хабарнигори сомонаи агентӣ ва ровии радиои «Ховар» ба фаъолият шурӯъ кардам. Бо дарёфти вақт ба Иттифоқи нависандагон зуд-зуд сар мехалондам, навиштаҳоямро аз назари устодон мегузарондам ва гоҳ-гоҳ шеъргунаҳоям бо дастгирии устодон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасиданд. Билохира, бо ёрии устод Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, устод Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ва устод Парда Ҳабиб, сармуҳаррири Нашрияи Иттифоқи нависандагон ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» корро дар ҳафтаномаи мазкур оғоз кардам.
Ин боис гардид, ки ҳар рӯз устод Баҳманёрро бинам, ҳамсуҳбат гардам.
Ҳар саҳар, пеш аз саршавии кор бо чанде аз ҳамкорон дар кабинети пур аз гули устод Баҳманёр ҷамъ мешудем, кокутичой менӯшидем, суҳбатҳо мекардем.
Устод Баҳманёр дар ҳама мушкил маслиҳатгару роҳнамои мо буданд. Дар узви Иттифоқи нависандагон шуданам ҳам саҳми он кас буд.
Тобистони соли равон вақте ба рухсатии меҳанатӣ баромаданду ба зодгоҳашон рафтанд, мо зиёд ёдашон кардем. Вақте хабари бозагаштанашонро шунидем, хурсандиамонро монанд набуд. Рӯзе, ки устод аз рухсатии меҳнатӣ баргаштанд, бо ҳамкорон вориди кабинеташон шудем. Мушоҳида кардем, ки гулҳо пажмурда гаштаанд. Сабабро аз устод пурсидем. Бо табассуми хос, нимшӯхиву нимҷиддӣ ҷавоб доданд:
— Ҳарчанд, дар набудани ман фаррош гулҳоро хуб нигоҳубин кардааст, набуданам боис шуд, ки пажмурда гарданд. Акнун, ки баргаштам, бо чашмони худ хоҳед дид, ки монанди пешин механданд.
Воқеан, баъди 4-5 рӯзи аз рухсатӣ баргаштани устод гулҳои кабинеташон аз нав шукуфон шуданд. Фаҳмидем, ки дасти гулпарварашон дигар будаасту муъҷизаофар. Яке аз гулҳо ниҳоят калон шуда буду ба замин хам. Устод Баҳманёр ба хотири нашикастанаш чигаси русиеро такягоҳаш карда буданд. Мо он гулро “гули чигасдор” ном кардем.
Устод Баҳманёр ҳам бо шахсият, ҳам бо ҷаҳонбинӣ, ҳам бо кори эҷодӣ, ҳам бо тарзи либоспӯшӣ, ҳам бо муносибат… аз дигарон ба куллӣ фарқ мекарданд.
Хабари маргашон барои мо ногаҳонӣ буд. Зеро устод аз синну сол ҷавонтар буданду чолок ва аз саломатӣ шикояте намекарданд. Танҳо чанд рӯзи охир мегуфтанд, ки меъдаам каме нотоб аст.
Вақте ба дунёи ҷовид пайвастанашонро фаҳмидем, аз гиря гулӯгир шудем. Зуд ба сӯйи хонаи устод шитофтем. Раҳораҳ аз хислатҳои наҷибашон ёд мекардему афсӯс мехӯрдем…
Устод Баҳманёр инсонҳои ба дилашон наздикро шӯхиомез “тупой” мегуфтанд. Маро низ.
Истилоҳи “тупой” аз мухотабҳои хоси он кас буд. Агар рӯзе ба наздашон намерафтам, занг зада мегуфтанд:
— Ҳой тупой, дар куҷоӣ? Барои чӣ наменамоӣ?
Боре ба он кас аз дигар телефон занг задам. Суҳбати мо чунин оғоз шуд:
— Салом, устод! Мана шинохтед?
— Ваалайкум ассалом! Туи тупоя кӣ намешиносад?!
Саҳаре чун ҳар саҳар дар кабинети устод Баҳманёр ҷамъ шудем. Касе аз дар ворид шуд ва баъди бо ҳар яки мо ҳолпурсӣ кардан ба устод моро ишора карда, бо ҳазл гуфт:
— Инҳо доим бо шумоянд-ку.
Устод баланд-баланд хандида, ба ӯ ҷавоб гуфтанд:
— Ин тупоё ага як рӯз мана набинанд, зиқ мешанд.
Инак аз дури дурҳо, аз ин дунё ба он дунё фарёд мекунем:
Устод Баҳманёр, шумо моро шӯхиомез “тупой” мегуфтед. Аммо акнун фаҳмидем, ки дар ҳақиқат “тупой” будаем!
- Агар “тупой” намебудем, дар ин ду-се рӯзи дар коргоҳ набуданатон хавотир шуда, ба Шумо занг мезадем.
- Агар “тупой” намебудем, дар ин ду-се рӯзи дар коргоҳ набуданатон хавотир шуда, ба хонаатон мерафтем.
- Агар “тупой” намебудем, дар ин ду-се рӯзи дар коргоҳ набуданатон хавотир шуда, аз пайвандонатон суроғ мекардем.
- Агар журналистони телевизиону радиову газетаҳо “тупой” намебуданд, дар тӯли умри нависандагиатон бо шумо мусоҳибаи хубе анҷом медоданд.
- Агар ҳамаи мо “тупой” намебудем, китобҳои шумо батамом ба фурӯш мерафт, аз даст ба даст мегашт, аз варақ задану хондан фарсуда мешуд.
- Агар мо “тупой” намебудем…
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН
(Бар асари марги устод Баҳманёр)