АСОСӢ / ГУНОГУН / ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ (1941-2021)

ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ (1941-2021)

Шарҳи ҳол –Автобиография. Фатҳуллоев Ҳикматуллох маъруф ба номи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳаи Гилмони водии Қаротегин дар хонаводаи деҳқон (барзгар ё кадевар ё киштварз ё кишоварз) дида ба дунё кушодааст.  Санаи 13-уми апрели соли 2021 аз олам чашм пушидааст.

Домулло ҲикматуллоҳДомулло Ҳикматуллоҳ таълими ибтидоии мазҳабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст ва шуруъ аз соли 1952 назди донишмандоне аз қабили Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғарми, Домулло Назрӣ, Домулло Хуҷаи Кўлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонмӣ таълим мегирад.

Домулло Ҳикматуллоҳ илми худро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ комил мегардонад ва китобҳои «Тафсири Ҷалолайн», «Тафсири Байзовӣ», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Саҳеҳи Муслим», «Мишкоту-л-масобеҳ», «Мухтасару-л-маъони», «Шамсия бо шарҳи Қутбӣ» ва «Сулламу-л-улуми ва таҳзиб бо Шарҳи Абдуллоҳи Яздӣ», «Ҳикмату-л-айн», «Конунча фи–т-тиб», «Китоби Уклидус», «Хулосату-л-ҳисоб», «Унвону-л-баён», «Адабу-д-дунё ва –д-дин», «Мақомоти Замахшари», «Мақомоти ҳарирӣ», «Гулистон», «Бўстон», «Шабистон», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Чаҳор унсур», «Қасоиди фуюз» ва дигар рисолаҳои илмиро таълим гирифтааст.

Соли 1964 Домулло Ҳикматуллох бо тавсияи устодаш Мавлавии Хиндустони ба ноҳияи Ҷомӣ меравад, то пас аз дарёфти «илми зоҳир» назди Эшони Абдурраҳмонҷон (яке аз донишмандони суфимашраби даврони шўравӣ) аз «илми ботин» низ бархурдор гардад. Дар ин бора Домулло Ҳикматуллох мегўяд: «Хазрати Мавлави фармуданд, баъд аз дарёфти улуми зохири ба улуми маънави бояд пардози ва ба хузури саросар нур Хазрати Эшони Абдуррахмон ибни Эшони Порсохоча рафта, адаби хидмат ба чой ори. Муддате ба хидмат мерафтем ва баракати сўхбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем».

Аз таълифоти Домулло Ҳикматуллох метавон асархои зеринро ном бурд: «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон», «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима». Шохасари пурмазмуни МАВЛАВИ Хикматуллох ибни Фатхуллохи Каротегини «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон» яке аз бехтарин асархои мазхаби ханафия ба шумор меравад.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …