АСОСӢ / Маориф / ФАЪОЛИЯТИ НАВИСАНДАГИИ АЙНӢ

ФАЪОЛИЯТИ НАВИСАНДАГИИ АЙНӢ

Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосанба таълифи асарҳои насрӣ машғул мешавад. Нахустин асари калонҳаҷми нависанда қиссаи

sadriddin_aini«Ҷаллодони Бухоро» мебошад, ки соли 1922 ба забони ӯзбекӣ ва соли 1937 ба забони тоҷикӣ чоп мегардад. Аз ин рӯ, аввалин асари насрии калонҳаҷме, ки устод Айнӣ ба хонан- даи тоҷик пешкаш намудааст, қиссаи «Одина» мебошад. Ин қисса бори нахуст бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (1924 — 1925) ба табъ расид. Чопи кито- бии қисса бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина» соли 1927 анҷом ёфт. Матни ҳозираи «Одина», ки аз чор қисм ва 30 боб иборат аст, маҳсули таҳрирҳои пайдарпайи нависанда ме- бошад.[1]

«Одина» аввалин қиссаи реалистии тоҷик аст. Нависанда дар ин асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои асри ХХ инъикос мекунад. Воқеа дар кӯҳистони Қаротегин (водии Рашт) мегузарад. Образҳои Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша, Арбобкамол, Муллохокироҳ ва дигарон хонандаро ба ҳаёти душвору сангин ва камбағалонаи мардуми меҳнатӣ шинос менамоянд.

Одина дар синни 12-солагӣ аз падару модар ятим мемонад. Қозӣ, муфтӣ ва оқсақол барин калоншавандагони деҳа меро- си камбағалонаи аз падари ӯ боқимондаро «тарака»[2] мекунанд. Харҷи маросими дафни падар ва ҳаққи таракачиён зиёд меша- вад. Дар натиҷа Одинаи сағир[3] аз арбоби деҳа даҳ танга қарздор шуд. Мувофиқи қарордод Одина дар синни 15-солагӣ ба хидмати Арбобкамол даромад. Вале дар бадали ду соле, ки Одина дар ин дарбор хидмати чӯпонӣ ва ҳезумкаширо ба ҷо овард, «аз хӯҷаини худ рӯйи хӯроки серӣ ва пӯшоки дурустро надид». Ба болои ин, Одина ҳамеша аз хӯҷаин зарбу лат мехӯрд ва дашному ҳақорат мешунид.

Одина роҳи ягонаи наҷотро дар гурехтан мебинад ва ба сӯйи Фарғона раҳсипор мешавад. Ӯ дар заводи пахтатозакунии Андиҷон дар шароити ниҳоят вазнину тоқатфарсо се сол кор ме- кунад ва бо пули пасандозаш барои модаркалонаш — Бибиоиша ва маҳбубааш — Гулбибй савғотӣ харида, роҳи ёру диёрро пеш мегирад. Одина мехост духтари холааш — Гулбибиро ба занӣ ги- рад. Бинобар ин, барои тӯй ҳам тайёрӣ дида буд. Вале дар роҳи Қаротегин закотчиёни амир қисми зиёди молу матои Одинаро ғорат мекунанд ва ӯ бо қисмати ками раҳовард ба хонаашон ме- расад.

Одина боз ба чанголи Арбобкамол меафтад ва маҷбур ме- шавад, ки ба ивази як миқдор пулу мол аз дасти хӯҷаини собиқаш раҳоӣ ёбад. Одина ба сафар баромад ва мақсад дошт, ки ин дафъа асбоби тӯйро ҳар чӣ тезтар ҷамъ карда, ба хона баргардад, Гул- бибиро ба занӣ гирад ва қисмати боқимондаи умрро ҳамроҳи модаркалонаш ва Гулбибӣ ба осудагӣ гузаронад. Вале дар заво- ди Андиҷон бемор мешавад, ӯро ҳамкоронаш барои табобат ба Тошканд мефиристанд. Вале азобу азияти зиёди ғарибӣ, меҳнати тоқатфарсову фикру андешаҳои ҳузновар дар бораи бозмондаго- наш ҷисми ҷавони Одинаро тамоман об карда буд ва ӯ дар Тош- канд соли 1918 аз касалии сил вафот мекунад.

Қаҳрамони асосии асар Одина мебошад. Ӯ дар дарбори Арбобкамол тамоман беҷуръат тасвир ёфтааст. Муносибати золимонаи Ар- бобкамол чашми ӯро чунон тарсондааст, ки

ҳатто ба хӯҷаин рӯ ба рӯ истода ёрои сухан гуфтанро надорад. Арбобкамол вақте ки пойи шикастаи як гӯсфандашро мебинад, аз Одина сабаби онро мепурсад: «Одина воқеаро ҳикоя карданӣ шуда «ман… ҳезум… чинӣ…» гуфта забонаш гирифта-гирифта су- хан сар карда буд, ки Арбоб маҷоли гап задан надода, монанди шағоли гуруснае, ки ба мурғе ҳамла оварад ё саге, ки ба гадое дар- афтад, ба тарафи Одина ҳуҷум карда ва сангеро аз замин бардош- та, чунон бар сари Одина зад, ки сараш торс кафида худаш ба за- мин афтод».

Шароити тоқатфарсои зиндагӣ ва муносибати ғайриинсонии Арбобкамол Одинаро ба андеша водор мекунад ва ӯ роҳи ягонаи аз дасти ин золим халос шуданро дар гурехтан мебинад.

Ҳамин тариқ, вобаста ба шароиту муҳит оҳиста-оҳиста хис- лату характери Одина такмил меёбад. Одина дар завод ба муҳити коргарй ошно мешавад ва аз ҳаракатҳои инқилобии коргарони рус огоҳ мегардад. Одина аз суҳбатҳои ҳамкорони гуногунмил- латаш ба фикре меояд, ки золимон ва истисморгарон на танҳо дар деҳаи вай ё дар Бухорои Шарқӣ, балки дар Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ вуҷуд доранд.

Дар охири асар муносибати Одина ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Ба Одинаи бемор Шариф чунин хабар мерасонад: вақте ки аскарони амири Бухоро ба заводи Қизилтеппа ҳуҷум мекунанд, коргарони тоҷики ин за- вод намегурезанд ва аскарони амир ҳамаи онҳоро нест мекунанд. Одина зудбоварӣ ва ба амир умед бастани коргарони тоҷикро маҳкум мекунад: «Уй бародар! Он тоҷикон дар ҳақиқат гунаҳкор буданд, гуноҳи бузурги онҳо нодонӣ аст: гуноҳи бузурги онон ин аст, ки барои мардумфиребӣ, барои нобуд кардани душманони худ ва барои пур кардани киса олат будани номи дину миллатро надонистаанд…»

Аз сужети қисса бармеояд, ки Одина дар байни солҳои 1914 — 1918 таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхта буд. Ҳамчунин, дар боби «Боздид» ҳолати руҳӣ ва одамшиносии Одина муфассал тасвир ёфтааст: Одина се сол боз модаркалонаш ва маҳбубаашро нади- да буд ва ҳангоме ки аз сарҳади Қаротегин гузашт, мехост ҳар чӣ тезтар ба хонаашон расад. Лекин аз тарафи Арбобкамол бим дошт, бинобар ин, рӯзона ва рӯйрост ба қишлоқ даромаданро ба худ салоҳ надонист, маркаби худро ба чаро сар дода, то шаб ба дарае хобид: «Одина, ки «боз касе дида намонад» гуфта дар лаби ҳарсанге хобида буд, ду чашмашро аз офтоб намеканд…

Оқибат офтоби толеи Одина баромад, дунё ба назараш рав- шан шуд, чунки офтоб охирин шуълаи худро аз теғаи кӯҳ гириф- та, ба уфуқ фурӯ рафта, дунёро дар зери пардаи торикӣ андохта буд… »

Ҳолати рӯҳии Одина ба вазъияти мушаххаси шароит марбут аст. Ӯ офтоберо, ки ҳамеша дар интизораш буд, ҳоло чашми ди- дан надорад ва фарорасии торикии шабро, ки ҳама вақт барояш андӯҳ меовард, аз дилу ҷон хоҳон аст, зеро вазъи ҳозираи Одина маҳз ҳамин тазодро тақозо дорад.

Аз ин тасвирҳои нависанда симои Одина чун ҷавони дур- андеш, бамулоҳиза ва нисбат ба модаркалону маҳбубааш садоқатманду дилсӯз намоён мешавад. Вале худи ҳаёти воқеӣ, муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои асри ХХ ва синну соли қаҳрамон (Одина ҳангоми ба кори завод даромадан ҳамагӣ 17-18 сол дошт) ба С. Айнӣ имконият намедод, ки Одинаро чун шахси муборизу фаъол тасвир намояд.

Нависанда дар образҳои Бибиоиша, Раҳимабегим, Гулбибӣ зиндагии занони одии кӯҳистони тоҷикро дар охирҳои салтана- ти амирони манғит тасвир намудааст. Муносибату муомила ва саргузашти пурфоҷиаи Гулбибӣ ба хонанда таассуроти амиқ гу- зошта, дар ӯ хислатҳои дӯстдорӣ, бурдборӣ, садоқат, ахлоқи пок, инчунин кинаю нафратро ба золимон тарбия менамояд.

Гулбибӣ аз ҷабру ҷафоҳои Арбобкамол сар задани бадбахтиҳои худ, Одина ва модаркалонашро ҳис мекунад ва вақте ки Арбоб ӯро ба писараш никоҳ карда, ишқи покашро пой- мол карданӣ мешавад, дигар ҳеҷ гуна урфу одат пеши роҳи туғёни ғазабашро гирифта наметавонад:

Арбобкамол… гуфт:

— Эй духтараки беҳаё, ин чӣ муомилаи бешармона буд, ки ба шавҳарат кардӣ?

Гулбибӣ, ки чиҳил рӯз боз дар ин хона касе овози ӯро нашу- нидааст, мисли шер дар ғурриш даромада гуфт:

— Беҳаё ту, золим ту, беномус ту!!!

Арбобкамол ба Гулбибӣ дармеафтад, Гулбибӣ низ риши са- феду дарози ӯро бо дастонаш мепечонад. Вақте ки Арбоб Гул- бибиро ба замин мезанад, «аз вазни афтодани ӯ як бандча риши Арбоб канда дар дасти Гулбибӣ мемонад».

Баъди чанд рӯзи ин воқеа Гулбибӣ аз дунё мегузарад.

Оре, Гулбибӣ орзуҳои ҷавониашро ба хок бурд, аммо ша- рафи инсонии худро на танҳо муҳофизат карда тавонист, балки дар охири ҳаёташ аз душмани худ як навъ интиқом ҳам гирифт. Чунин эътироз ибтидои муборизаест, ки дар симои персонажҳои асарҳои ояндаи С. Айнӣ чун Гулнор, Муҳаббат, Фотима ва Ҳабиба таҷассум ёфтааст.

Дар байни образҳои манфии асар образи Арбобкамол ҷолиби диққат аст. У мумсики гузароест, ки тамоми ҳиссиёташ ба ҷамъоварии пулу мол вобаста аст. Нависанда дар тасвири об- рази Арбобкамол аз ҳаҷв истифода кардааст. Аз ҷумла, аз шарми риши кандашуда то чил рӯз худро бемор сохта дар хона пинҳон шудан ва баъд «Худо ба ман умри дубора дод, вагарна бемориам бисёр сахт буд, мӯйҳои баданам тамом рехта, аз сари нав баро- мад, бубинед, асараш ҳанӯз дар ришам боқӣ аст» гуфта, дар назди мардум «шукрона» кардани ӯ ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар аст. Умуман, образҳои мусбату манфии қиссаи «Одина» ҳар ка- дом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳми муносиб доранд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Барои чӣ «Ҷаллодони Бухоро» не, балки «Одина» аввалин қиссаи реалистии тоҷик номида шудааст ?
  2. Мундариҷаи асарро баён намоед.
  3. Чаро Одина образи асосии асар қарор гирифтааст ?
  4. Дар бораи тағйироти хислати Одина маълумот диҳед.
  5. Чаро Одина дар назди деҳа фурӯ рафтани офтоб ва фарорасии шаб- ро орзу мекард?
  6. Дар бораи образи Гулбибӣ чӣ медонед ?
  7. Хусусияти ҳаҷвии образи Арбобкамолро нишон диҳед.

[1]   Яке аз хусусияти услубии эҷодиёти С. Айнӣ он аст, ки ӯ асарҳояшро пеш аз чопи навбатӣ таҳрир мекунад.

[2]   Тарака — тақсим намудани моли меросӣ байни меросхӯрҳо.

[3]   Сағир — хурд.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …