Гази калони кӯҳӣ (ба русс. Тамариск) — Ин дарахт дар кӯҳистонҳо мерӯяд, баландиаш зиёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершох мебошад. Баргаш монанди баргҳои гази оддӣ ва арча аст, бе гул мебошад; самараш ба андозаи нахӯде, сабзи зардтоб. Таъми баргаш ҳам, самараш ҳам ба тунҷӣ моил ва каме талхӣ низ дорад. Самараш аз гиреҳҳои шохи он пайдо мешавад, дар фасли тобистон расида мегардад, даруни он тухмҳои резаи ба ҳам часпида дорад.
Мизоҷи шоху баргҳояш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале мизоҷи самараш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: барг ва навдаҳои онро бихӯранд, дарунро аз чизҳои бегона ва нодаркор пок мекунад, гиреҳҳои дар сипурз пайдошударо мекушояд, ҷигарро қавӣ мегардонад ва варами онро таҳлил медиҳад; барои иллати махав ва сиёҳ кардани мӯйи сафедшуда нафъ дорад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Онро сӯхта, ба дудаш ва дар об ҷӯшонида, ба бухораш бидоранд, каҷ шудани рӯйро ислоҳ мекунад.
Реша, шоху навдаҳо ва барги онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳҳои сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад, мӯйи сафедшударо сиёҳ менамояд, барои иллати махав дору мешавад. Агар онро дар сирко ё дар шароб ҷӯшонида, он сирко ё шаробро бинӯшанд, ҷигарро қувват мебахшад ва варами онро мегардонад. Ва агар инро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад.
Онро сӯхта, ба дудаш то ҳафт дафъа бидоранд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, донаҳои дамидаи иллати нағзакро мерезонад; бавосир ва ҷӯшишҳои майдаи пӯстро, ки зардоб аз онҳо таровиш кунад, шифо мебахшад.
Хокистарашро ё оберо, ки ҳар як қисми гази калони кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, мақъади баромада (кӯтани беруномадаро) ба ҷояш мебарад, мӯйро қувватнок мекунад. Хокистарашро ба ҷое, ки хун рафтан дошта бошад, бипошанд, хунро зуд манъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз обе, ки дар он гази калон ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз 250 грамм аст. Агар оби баргашро нӯшиданӣ бошанд, 130 грамм ошомидан кофист. Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаро заиф мегардонад. Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Агар гази калони кӯҳиро ёфтан душвор гардад, ба ҷойи ин самари сарвро истифода баранд, раво мебошад.
Самари ин газ назар ба маҳсулоти дигари дарахташ бештар давогӣ дорад. Онро бихӯранд, моддаҳои зарарноки аз ҷоҳои дигари бадан ба узв рехташавандаро рад мекунад; милки дандон, чашм, меъда, ҷигар ва сипурзро қавӣ мегардонад; рафтани хунро аз ҳар ҷойи аъзо, ки бошад, инчунин хун қай карданро манъ мекунад, намегузорад, ки назла аз сар ба поён фурояд, исҳолҳои сафровӣ ва рутубиро банд менамояд, зардпарвинро дафъ мекунад, рутубати беҷо равоншавандаи бачадонро хушк мегардонад.
Самари Гази калони кӯҳиро як шабонарӯз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро соф намуда, дар чашм чаконанд, моддаҳои ба чашм фурояндаро пас мегардонад, ба пилкҳои чашм қувват медиҳад, инчунин чашмро тез мекунад. Ва агар онро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳан гардонанд ва ё худашро батакрор бихоянд, милки дандонро мустаҳкам месозад, дандонро аз хӯрда шудан нигоҳ медорад ва агар он ҷунбонак бошад, сахт менамояд. Агар инро бихӯранд, барои хун қай кардан, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, бевақт равон шудани ҳайз ва хуни бавосир даво мешавад: хунравиро аз ҳар узв, ки бошад, манъ мекунад; намегузорад, ки назлаҳо аз боло ба поини бадан рехта шаванд, инчунин исҳолҳои сафровӣ ва рутубиро манъ мекунад. 25 граммашро дар об ҷӯш дода ё дар оби гарм як шабонарӯз тар карда, он обро бо шакар ширин карда бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад; қуввати заҳри ғундаро мешиканад, агар газида бошад; қӯтури тарро сиҳат мебахшад, рутубати бемаврид ва бисёри равоншавандаи бачадонро хушк мекунад ва дар мизоҷи тифлон барои дафъи рутубати ғализи бадбӯйи онҳо доруи хубест; ранги рӯйро пок, некӯ ва тару тоза мегардонад; бадани беморони силро фарбеҳ месозад ва баъд аз он ҳафт рӯз ё зиёда дар дӯғ катиро ҳал карда, бо 25 грамм самари ин дарахт пай дар ҳам биёшоманд ва аз болояш нони тунуки аз орди маҳини гандум тайёркардаро кӯфта бихӯранд, бисёр фарбеҳ мегардонад, инчунин ранги рӯйро пок, некӯ ва баравнақ месозад.
Хулласи калом ин аст, ки чун касеро дар баданаш рутубати мурдор бошад, инро бихӯрад, баданро аз он пок месозад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Касеро, ки меъда ва баданаш аз моддаҳои бегона пок бошад, агар бихӯрад, онро қувват мебахшад, фарбеҳ мекунад; исҳол, пешобравии беиродӣ, инчунин бемаврид равон шудани ҳайзро манъ мекунад. Агар инро дар зарфе битафсонанд, то он ки бӯяш барояд, онро бо 35 грамм гулнор ҳардуро якҷо кӯфта бихӯранд ва ду-се ҳафта ҳамин миқдор истеъмол намоянд, исҳолро манъ мекунад ва равон шудани хунро бозмедорад. Агар асабҳо нотавон гашта бошанд, инро кӯфта гузошта банданд, ба ибро меоварад. Агар инро дар об ё дар сирко ҷӯш дода, баъд кӯфта аз рӯ гузошта банданд, варами сипурзро мегардонад. Ва онро дар об ҷӯш дода, бо он об бишӯянд, қӯтури тарро шифо мебахшад, ранги рӯйро некӯ мегардонад, шапушҳоро нест мекунад. Агар инро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатҳоро аз рафтан манъ месозад, гӯшти зоиди онҳоро мехӯрад. Ва агар кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷо, равони андоми шарм ва бачадонро нест менамояд.
Чӯби гази калонро сӯхта, ба дудаш бидоранд, барои одамоне, ки рӯяшон каҷ шуда бошад, нафъ мекунад. Аммо хӯрдани гази кӯҳӣ ва самари он ба сар зарар дорад. Дар ин маврид тухми сабзии саҳроиро бихӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари он дар як рӯз аз 7 то 15 грамм аст. Агар самари гази калони кӯҳӣ ёфт нашавад, ба ҳамон вазн мозу ҷойи онро гирифта метавонад. Агар мозу ҳам дастрас нагардад, қисми даруни анорро ба ғайр аз донаҳояш ба ҷойи ин истеъмол намоянд, раво мебошад.