АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гурба (пишак) — ин ҷонвар навъҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва обӣ дорад. Мизоҷи гурбаи хонагӣ дар дараҷаи дувум гарм ва рутубаташ бисёр, яъне тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти гурбаи хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст: дарди буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории ниқрис ва даббаро, ки аз даридани пардаи шикам бошад, дору мешавад, гурдаро гарм мегардонад, бавосир ва дарди пуштро судманд аст.

Агар аз пӯсташ пӯстин дӯхта бипӯшанд, баданро гарм мекунад, хусусан пӯсти гурбаи обӣ, ки пашмаш маҳинтар ва дарозтар аст, инчунин пӯсти гурбаи пашмдарози дигар ба он наздик аст. Гурбаро дар кӯза ҷо карда, дар танӯри тафсон ё дар кӯраи ҳаммом бисӯзанд, то он ки хокистар гардад, онро бо сирко сиришта, бо пари мурғ бимоланд, кафидани ангӯштони дасту поҳоро шифо мебахшад.

Мизоҷи саргинаш дар гармӣ қавӣ аст. Агар онро занҳо аз таг бардоранд ё сӯхта ба дудаш худро бидоранд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками онҳо меафтонад. Гӯшти нави гурбаро гузошта банданд, ниқрисро дафъ мекунад. Гӯшти хушкашро кӯфта, гузошта банданд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мекашад, устухони шикастаро ба ҳам мепайвандад.

Бо гурба ҳамнафас шудан ва хӯрдани гӯшти он лоғар мекунад ва иллати силро ба ҳам мерасонад. Табиб Маҳрёрус гуфтааст, ки мағзи сари онро бо оби индови зироатӣ биёшоманд, чакмезак ва дарди гурдаро даво мешавад.

Заҳраи гурбаи сиёҳро бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, мӯйро сиёҳ мекунад. Агар ин заҳраи онро дар вақти зоидан ба чашм кашанд, дар шаб тезбин мегарданд. 1,75 грамм заҳраи онро бо равғани зайтун даромехта дар бинӣ резанд, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, агар бо намаки кӯфта даромехта бимоланд, ҷароҳати кӯҳнаро ба ибро меоварад.

Гурба - пишшак
Сурати Гурбаи хокистаранг

Сипурзи гурбаи сиёҳро занҳое, ки ҳайзашон бемавриду бамаврид равон мешавад, ба ронашон биёвезанд, хуни равони онҳоро манъ мекунад. Ҳаким Арасту мегӯяд, ки хояи хушки гурбаро кӯфта, дар бинӣ бирезанд, барои иллати махав бағоят фоидабахш аст.

Гурбаи ваҳшӣ дар намуд шишаранг аст, аз хонагӣ калонтар мебошад, мӯяш камтар. Барои давоӣ қавитар аз хонагӣ бувад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: мағзи сарашро сӯхта, дудашро бигиранд, барои резонидани нутфа аз бачадон дору мебошад. Майнаи онро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, дарди камар ва ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад.

Хӯрдани гӯшти ин ҷоиз нест, зеро ки бинобар мурдорхӯр буданаш дар бадан мурдорӣ меоварад. Агар гурбаи ваҳшӣ касро бигазад, дарди бисёр ва сабзии ранги бадан меоварад. Давои ин пудинаи даштӣ ё пиёзро кӯфта, ба ҷойи газидааш гузошта бастан аст.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …