АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Давлати ҳахоманишиҳо — пайдоиши точикон

Давлати ҳахоманишиҳо — пайдоиши точикон

Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IХ-VII пеш аз милод тааллуқ дорад[1]. Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони ғарбӣ ба ҳайъати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоятҳое, ки баъдтар маркази салтанати мидиҳо гардидаанд, дар таҳти тасарруфи давлати Ошур буданд; тоифаҳои форсии ҷанубу ғарби Эрон, ки аввалҳо ба подшоҳии Аллом ва баъд ба ҳахоманишиҳо итоат мекарданд, тақрибан дар соли 640 пеш аз милод тобеияти худро нисбат ба Ошур эътироф намуданд). Дар асрҳои VIII–VII қисмати муҳими хоки шимолу ғарби Эрон дар зери идораи давлати подшоҳии Монӣ муттаҳид гардид.

Тоифаҳои эронизабон дар марҳилаҳои аввали нуфузи худ ба Эронзамин (аз охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милод) ҳанӯз ба ҳамон дараҷаи тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ, ки таъсиси иттиҳодияе мисли давлат имкон медода бошад, нарасида буданд. Фақат баъдтар дар асоси ин тоифаҳо ва ба онҳо омехтани аҳолии маҳаллии як қатор вилоятҳои Эрон тамаркузи (консолидатсияи) унсурони эронизабон ба амал омада, дар натиҷаи инкишофи он дар чоряки дувуми асри VII пеш аз милод давлати подшоҳии Мидӣ таъсис меёбад, ки аввалҳо дар ҳудуди ноҳияи Экботан (ҳамадон) ва чанде аз вилоятҳои ҳамсоя қарор гирифта, пас аксарияти вилоятҳои Эрон (аз ҷумла, вилояти Форс), хоки давлатҳои Монӣ ва Урарту, як идда ноҳияҳои тобеи давлати Ошур, қисмати шарқии Осиёи Хурдро тасарруф намуд[2]; ҳудуди он дар шарқ то сарҳадди Осиёи Миёна расида буд.

midiyaДар миёнаҳои асри VI пеш аз милод ба ҷои давлати Мидӣ давлати ҳахоманишиҳо ба вуҷуд меояд. Бо зуҳури давлати ҷаҳонии ҳахоманишиҳо ҳамон протсесҳои хоси давраи гузашта (асрҳои IХ-VI пеш аз милод), ки тамоюли ба як давлат муттаҳид кардани халқу кишварҳои мухталифи Шарқи бостониро (чунон ки давлатҳои Ошур, Урарту, Мидӣ ва Бобули Нав муттасил вусъат меёфтанд) ифода менамуд, ба анҷом расиданд.

Бунёди давлати ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. Ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Мидиро ҳам соҳиб шуд[3].

Куруши II ҷангҳои зиёде кардааст. Ӯ аввал тамоми мулкҳои тобеи давлати Мидиро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлакати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард[4].

[1] Ба истиснои ноҳияҳои ҷануби uарби Эрон, ки дар он ҷо ҳанӯз дар нимаи дувуми ҳазораи III пеш аз милод давлати Аллом ба вуҷуд омада буд.

[2] Беҳтарин тадrиrоти оид ба таърихи давлати Мидӣ асари И.М. Дьяконов (1956) мебошад, ҳамчунин ниг.: Алиев И., 1960. Аз асарҳои хориҷиён: Camӯron G., 1936.

[3]  Дьяконов И.М., 1956, с. 417–422.

[4] Тадrиrи муфассали таърихи онваrтаи Эрон асари М.Дандамаев аст: Дандамаев М.А., 1963 а. Наrли батафсили таърихи сиёсӣ: Olmstӯad A. U., 1959. Назари мо доир ба таърихи иҷтимоӣ-иrтисодии давлати {ахоманишӣ дар асари муаллиф (Uафуров Б.U., 1966; 1971) муфассалтар баён ёфтааст.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …