Ҳардал — инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёҳ монанди баргҳои турб, вале аз он майдатар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқирра, гулаш зард, тухмаш кулӯлаи сурхи тундтаъм аст. Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар тиб бӯстонӣ, яъне боғии он истеъмол мешавад, ки баъд аз кӯфтан зардтоб мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, бемориҳои сарди вобаста ба ҳолати майна ва бодии монанди: лисаргус (летаргия), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узвҳо ва дарди сари аз хунукӣ ба ҳам расидаро шифо мебахшад, сӯрохи бандшудаи сари биниро мекушояд, назлаҳои сардро манъ мекунад, ҳамаи даҳ ҳисҳои баданро равшан ва буро мегардонад, зеҳнро тез мекунад, иштиҳоро қувват медиҳад, дарди ҷигар ва сипурзро сокин мекунад.
Мӯйи сарро тарошида, баъд ҳардалро хамир карда гузошта ба сар банданд, лисаргусро шифо мебахшад, назлаи хунукро манъ мекунад; агар онро бо асал хамир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад ва назлаҳои пай дар пайро манъ месозад, дарди ҷигар ва сипурзро низ сокин мегардонад.
Агар кӯфтаи инро дар бинӣ бирезанд ё бо найча ба дарунаш пуф кунанд, каси саръгирифта ва беҳушро ҳушёр мекунад; бачадони хафашударо, ки гоҳ-гоҳ бемораш беҳуш мегардад, шифо мебахшад. Инро дар об ҷӯшонида, худро ба бухораш бидоранд ва аз шамол хӯрдан эҳтиёт шаванд, гиреҳҳои рагҳоро дар даруни гӯш мекушояд. Кӯфтаи ҳардалро бо об ва асал даромехта, ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ мекунад ва дағалии пилкҳои чашмро мулоим ва ислоҳ мегардонад. Ҳардалро дар об ҷӯшонида, ба он об асал даромехта, дар чашм чаконанд, шабкӯриро ба ислоҳ меоварад; дар гӯш ва ба дандон бичаконанд, дарди луққосӣ ва дарди дигари ҳар дуи ин узвро таскин медиҳад.
Чун тухми тари онро кӯфта, оби онро фишурда гирифта хушк намоянд ва баъд маҳин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, ҳамаи бемориҳои чашмро фоида мебахшад ва пайдо шудани ҳар хел намудаҳоро дар он дафъ мекунад. Тухми онро бо анҷир якҷо кӯфта, чун шамъча сохта, дар гӯш гузоранд, дард ва ҷаранги онро дафъ месозад. Инро орд барин ос карда, бо шаҳдоб (асалоб) даромехта, бо он ғарғара кунанд ва ё онро дар даҳан бигардонанд, варами таги забон, гаронӣ ва сусту нотавон гаштани онро шифо мебахшад, дарди дандонро таскин медиҳад, дағалии роҳи нафасро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад. Агар инро ба танҳоӣ бихоянд, балғамро ба воситаи даҳан ихроҷ мекунад.
Агар инро кӯфта бимоланд, дарди луққосии дандон ва дардҳои дигари онро, ки бе варам бошанд, ҳамон дам таскин медиҳад. Кӯфтаи ҳардалро бо асал ё бо чарбӣ ё бо муми занбӯри асал дар оташ гудохта, бо равғани зайтун даромехта, ба чеҳра бимоланд, ранги рӯйро соф мегардонад ва агар инро ба чашм бимоланд, хуни хобрафтагии онро дафъ месозад.
Агар инро бо асал даромехта бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва сурфаи тарро шифо мебахшад, боҳро қавӣ мегардонад; агар бо пудина ва шароб даромехта бихӯранд, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад. Инро нимкӯфта бо об бихӯранд, таби балғамӣ ва савдовиро сиҳат мебахшад ва ҷаранги гӯшро, ки сабабаш моддаи ғафси часпак бошад, ба ибро меоварад.
Агар инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, иллати ниқрис (подагра)- ро, ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, моддаҳои дохилиро ба рӯйи пӯст мекашад, дарди аз боди сард баамаломадаро таскин медиҳад; варамҳои балғамии кӯҳнаро дар ҳар узве, ки бошад, мегардонад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, қӯтури решгашта ва шукуфаи пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад; агар бо сиканҷабин ва гӯгирд ё бо сиканҷабину карами тоҷикӣ сиришта гузошта банданд, ханозерро бо як аҷобате таҳлил медиҳад. Инро бо барги гули хайрӣ якҷо кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт ва савдовиро мегардонад; бо решаи хушки ҷадвор якҷо карда, гузошта банданд, песро нест мекунад; бо равған сиришта, ба закар бимоланд ё гузошта банданд, онро ба ҳаракат меоварад.
Агар 20 грамм тухми онро бо шароб ба дили наҳор бихӯранд, боҳро қувват мебахшад. Инро бо нон ё бо шароб даромехта бихӯранд, кирми меъдаро дафъ мекунад. Гиёҳ ва тухми онро бо таом бихӯранд, таомро ҳазм ва меъдаро гарм мегардонад, варами сипурзро таҳлил медиҳад.
Агар инро пухта ва ё барги тарашро бихӯранд ё тухмашро бо лаблабу ва тугмачагули даштӣ пеш аз қай кардан бихӯранд, балғамро аз дарун ҷудо намуда, барои дафъ кардан тайёр месозад. Инро бардавом бо лаблабу пухта бихӯранд, барои иллатҳои сард ва сиёҳ задани чашм, ки аз ҷамъ шудани балғам дар мағзи сар бошад, дармон мешавад.
Аз ҳардал обкома низ тайёр мекунанд, ки тунду тезмаза, хӯрданаш гудозанда ва башиддат поккунандаи балғам мегардад; меъда ва ҷигарро гарм мегардонад; агар ҳамеша инро ва ба танҳоӣ ҳам биёшоманд низ, меъда ва ҷигарро гарм мегардонад; бо ғизоҳои душворҳазм тановул намоянд, ҳамин тавр таъсир мебахшад — ин гуна зарарашро бо хӯрдани коснӣ, бодом ва сирко ислоҳ метавон кард. (Обкома—ин нонхӯришест, ки аз ҷурғот, тухми испанд, хамиртуруши хушк ва сирко тайёр карда мешавад ва агар ба ин ҳардал ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номбурдаро пайдо мекунад).
Муаллифи «Ихтиёроти бадеӣ» гуфтааст, ки шукуфаи пӯсте, ки бо ҳеҷ даво илоҷпазир нагашта бошад, чун баьд аз ҳаммом кардани бемор ҳардалро соида, тайёр намуда, аввал шукуфаро бо матои дағал то хунолуд гаштанаш бимоланду баъд ҳардалро ба он бимонад, аз он зардоби бисёр равон мешавад ва сиҳат меёбад. Ҳардалро дуд кунанд, аз он ҷо ҳашарот ва ҷонварони зарарнок мегурезанд. Ҳакими машҳур Розӣ гуфтааст, ки ҳардалро дар сӯрохи мор бирезанд, боиси хало-кати он мегардад.
Вале ҳардал ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, яьне ташна мекунад. Дар ин ҳолат коснӣ, равғани бодом ва сирко биёшоманд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Миқдори як бор хӯрдаи дар як рӯз аз кӯфтаи ҳардал то 10,5 грамм аст. Дар истеъмоли ҳардал аз ҳама пеш бояд мизоҷҳо, намудҳои беморӣ, вақти мувофиқ, обу ҳаво ва мавқеъи ҷуғрофии маҳалро риоя кунанд.
Агар ҳардалро дар оби ангур бияндозанд, ҷӯшидани онро мань месозад, яъне май ва сирко гаштани онро монеъ мешавад. Аз ҳардал равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Тухми ҳардалро ҳар қадар, ки хоҳанд, гирифта, нимкӯфта, ба он каме оби гарм бипошанд ва бо қуввати тамом ба ҳар тарик, ки хоҳанд, бипошанду ҳамаи равғанашро биситонанд. Агар пеш аз кӯфтан тухмашро панҷ-шаш соат дар об тар кунанд, баъд фишурда равғанашро бигиранд, инчунин беҳтар мешавад, агар дар ин амал зарфи мисини қалъагӣ давондагиро ба кор баранду он зарфро ба рӯйи оташ молида гарм карда, камтар набот дохил намуда, бифишоранд, равған бештар ва беҳтар бармеояд.
Равғани ҳардалро биёшоманд, гиреҳи асабҳоро мекушояд, нисёнро (фаромӯшхотириро) дафъ мекунад; фолиҷ, дардҳои сарди кӯҳна, табҳои кӯҳна ва бӯғма (хафа) шудани бачадонро ба ибро меоваранд. Агар нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад, инчунин варами гӯшро, ки сабабаш хунукӣ бошад, таҳлил медиҳад. Агар бимоланд, барои дарди дандон, бӯғма шудани бачадон дармон мешавад, дардҳои кӯҳнаро таскин медиҳад, инчунин варамҳои сахт ва дигар варамҳои сардмизоҷро мегардонад. Миқдори як бор хӯрдан аз равғани ҳардал дар як рӯз то 10,5 грамм аст.