АСОСӢ / ГУНОГУН / Хариди назоратӣ чист ва барои чи лозим?

Хариди назоратӣ чист ва барои чи лозим?

Хариди назоратиро кӣ ва бо кадом мақсад анҷом медиҳад? Хариди назоратӣ мутобиқи моддаи 86 Кодекси андоз аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, хазинаи виртуалӣ, системаҳои компютерии дорои хотираи фискалӣ, мутобиқати маълумоти хотираи фискалии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ ба бақияи маблағҳои нақдии хазина, қайди маълумоти зарурӣ дар чеки назоратӣ-хазинавӣ ва додани чипта ба харидорон анҷом дода мешавад.

Мақсад аз гузаронидани хариди назоратӣ, асосан, муайян намудани риояи талаботи қонунгузории андоз оид ба тартиби истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд мебошад.

0b88f73bef9aa9f89c0916cce047a87a Хариди назоратӣ бо кадом тартиб гузаронида мешавад? Хариди назоратиро мақомоти андоз ҳангоми истифода карда нашудани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ ва субъекти соҳибкорӣ бо мақсади амалӣ намудани назорати андозӣ, инчунин, дар ҷараёни санҷиши амалиётӣ амалӣ карда мешавад. Аз натиҷаи амалӣ намудани хариди назоратӣ санади хариди назоратӣ тартиб дода мешавад. Барои амалӣ намудани хариди назоратӣ мақомоти андоз метавонад шахсони холисро, ки аз натиҷаи назорати андоз манфиатдор намебошанд, ҷалб намоянд.

Тарзи амалӣ шудани хариди назоратӣ дар санади хариди назоратӣ чунин нишон дода мешавад:

1) бо истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ ва додани чипта ба харидор;

2) бо истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, дар ҳолате, ки чипта зада шуда, лекин ба харидор дода нашудааст;

3) бе истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ, ҳангоми мавҷуд будани дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ, лекин дар он чипта зада нашудааст;

4) бо истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ, ҳангоми ба маблағи кам задани чипта, назар ба арзиши воқеии харид, кор ва хизматрасонӣ (бо нишондоди маблағе, ки ба он чипта зада шудааст);

5) бо истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ дар ҳолати корношоямӣ;

6) бо барномаҳои сертификатсияшуда истифода намудани хазинаи виртуалӣ ва системаҳои компютерии дорои хотираи фискалӣ, дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ додани чипта ба харидор, дуруст нишон додани маблағи харид дар он;

7) мутобиқати маълумоти хотираи фискалии дастгоҳи назоратӣ – хазинавӣ ба бақияи маблағҳои нақдии хазина;

8) қайди маълумоти зарурӣ дар чеки назоратӣ хазинавӣ. Агар дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо додани расидҳо, чиптаҳо, тамғаи пардохти почта, талонҳо ва варақаҳои дигари ҳисоботашон қатъӣ, ки тибқи шаклҳои мутобиқ ба шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда бошад, вобаста ба ин, дар банди 6 санади хариди назоратӣ сабт карда мешавад. Агар дар ҷараёни хариди назоратӣ муқаррар карда шавад, ки ба харидорон (мизоҷон) расидҳо ё дигар варақаҳои ҳисоботашон қатъии дар ҳисоббаробаркуниҳо истифодашаванда бо тартиби муқарраргардида дода нашудаанд, вобаста ба ин ҳолат, дар банди 7 санади хариди назоратӣ алоҳида қайд карда мешавад. Маблағҳои воситаҳои пулие, ки аз ҷониби андозсупоранда барои пардохти арзиши молу маҳсулот (иҷрои кор, хизматрасонӣ) қабул гардидаанд, бояд ба кормандони мақомоти андоз, шахсони дигари ҷалбшуда, ки хариди назоратиро гузаронидаанд, баргардонида шаванд, ҳамчунин, молу маҳсулоти дар ин раванд харидашуда ба андозсупоранда баргардонида шаванд.

Барасмиятдарории натиҷаҳои хариди назоратӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад? Санади хариди назоратӣ дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби корманди мақомоти андоз ва шахсе, ки фурӯши молҳо (иҷрои кор ва хизматрасони) ро анҷом додааст, имзо карда мешавад. Нусхаи дуюми санад бо гирифтани имзо ба шахсе, ки фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасони) ро анҷом додааст, супорида мешавад. Дар сурати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми гузаронидани хариди назоратӣ, аз шахси масъули субъекти хоҷагидорӣ (фурӯшанда, хазиначӣ) ба таври ҳатмӣ баёнот талаб карда мешавад.

Дар сурати саркашӣ кардани шахси масъули субъекти хоҷагидорӣ (фурӯшанда, хазиначӣ) аз додани баёнот ва имзо намудани санади хариди назоратӣ, корманди мақомоти андоз дар санади хариди назоратӣ бо нишондоди сана, гузоштани имзо ва навиштаҷот «аз гузоштани имзо даст кашид, нусхаи дуюм супорида шудааст» ро сабт мекунанд. Баъди супоридани нусхаи дуюми санади хариди назоратӣ корманди мақомоти андоз оид ба натиҷаҳои хариди назоратӣ дар китоби бақайдгирии санҷишҳо қайд мегузорад. Дар сурати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми гузаронидани хариди назоратӣ, субъекти хоҷагидорӣ ё субъекти соҳибкорӣ (фурӯшанда, хазиначӣ) барои муайян намудани ҳолатҳо доир ба моҳияти ҳуқуқвайронкунии ошкоргардида ва андешидани чораҳо ба мақомоти андоз бояд ҳозир шавад.

Дар ҳолати даст кашидани шахси масъули субъекти хоҷагидорӣ ё роҳбари ташкилот аз имзо (аз додани баёнот), корманди мақомоти андоз метавонад бо иштироки на кам аз ду шахси холис санади монеъшавиро дар ҳузури онҳо тартиб дода, имзои онҳоро дар санад гирад. Ҳангоми вайрон намудани тартиби истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавӣ ва системаҳои компютерии дорои хотираи фискалӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор татбиқ карда мешавад.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …