АСОСӢ / ГУНОГУН / Ҳасани аробакаш — Достони Турсунзода

Ҳасани аробакаш — Достони Турсунзода

Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.

Дар чор боби достон тақдири таърихии табақаи меҳнатии аҳолй дар солҳои 20 — 30 садаи ХХ ба тасвир омадааст. Образи асосй — Ҳасан ва образҳои дигари асар чун Садаф, Иван Кузмич, раиси кол- хоз, Турсунзодаи донишҷӯ, хаткашон, савдогари саройкамарӣ дар ҳалли мавзӯъ ва мундариҷаи асар саҳми муносиб доранд.

hasani_arobakash

Ҳасан аробакаш мебошад ва ба аспу аробаи худ муҳаббати бе- поён дорад. Ӯ ҳангоми сафарҳои пайдарпай аз манзараҳои табиати диёраш, аз тамошои қаторкӯҳу дарахтони Қаратоғ ва водии Ҳисор нашъаю лаззат мебарад. Ӯ ҷавони боғуруру сарбаланд аст, иззати нафс дорад ва меҳнатро асоси зиндагӣ медонад. Дар боби аввал давраи ҷавонӣ ва ривоҷи фаъолияти аробакашии Ҳасан тасвир ёфтааст. Ҳасани ҷавону камтаҷриба аспи худро нишонаи охирини Рахши Рустам дониста, онро муболиғаомез васф мекунад:

Дорад он дӯст яккаву танҳо

Бол афшонда по ниҳоданро, Аз сари кӯҳу синаҳои дашт Паҳлавонвор роҳ гаштанро.

Вале ҷараёни зиндагӣ, тағйироти иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон Ҳасанро водор мекунад, ки аз хислатҳои худписандӣ ва одамгурезӣ даст кашад ва ба ҷамъияти нав бошуурона мувофиқат кунад. Хислатҳои ватандӯстӣ ва озодандешии Ҳасан ҳангоми ӯро барои зиндагӣ дар Афғонистон даъват кардани сав- догари саройкамарӣ барҷаста ба назар мерасад:

Ҳасани мо аробаи худро

Аз алам саҳнаи мубориза сохт. Бойро бо ду даст боло кард, Бо ҳама қувва бар замин андохт.

Ҳамин тариқ, Ҳасан мувофиқи тағйироти иҷтимоии давр фаъолият карданро дуруст дарк мекунад ва бо мурури замон аз аспу ароба даст кашида, ронандаи мошин мегардад.

Хислату табиати Ҳасан дар алоқа ба дигар образҳо, махсусан ба образи Садаф боз ҳам равшантар намоён мешавад. Садаф яке аз аввалин духтарҳои тоҷик аст, ки дар солҳои 30 дар муассисаи му- аллимтайёркунии Душанбе мехонад ва ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавад. Садаф дар асар чун духтари покдоман, бофаросат ва вафодор тасвир ёфтааст. Ӯ ба Ҳасан дил мебандад ва суботкорона барои бахти худ мубориза мебарад. Садаф ошиқи худро аз суханҳои ноҷойи дугонаҳояш муҳофизат мекунад:

Ору номусдор як мардест,

Тамае аз касе надорад он.

Ба умеди Садаф — умеди висол Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.

Образи Иван Кузмичи табиб таҷассумгари масъалаи дӯстии халқҳои тоҷику рус мебошад. Иван Кузмич образи лаҳзавӣ мебо- шад, вале таҷрибаи зиёд, зиндадилӣ ва ҳазлу шӯхиҳои софдилона мавқеи ӯро дар асар меафзояд. Ҳасан низ маҳз баъди суханҳои ҳикматноки ӯ («додарам, давраи ароба гузашт, қадами сангпушт лозим нест») дар фикри ба мошин иваз намудани ароба меафтад.

Мирзо Турсунзода дар достони «Ҳасани аробакаш» аз анъ- анаи назми тоҷик ва таҷрибаи назми рус истифода кардааст ва дар мазмуну шакли асар навпардозиҳо зоҳир намудааст. Достон рӯҳияи аспбозону аробакашони даврро равшан ифода мекунад. Суханҳои ҳикматнок, мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ба тору пуди асар дохил шуда, дар он рӯҳи забони гуфтугӯйиро қувват дода- анд. Шоир дар як банд мазмуни зарбулмасали «Хурӯс дар ҳама ҷо як хел садо медиҳад» ва мақоли «Ба гузашта салавот»-ро чунин ифода кардааст:

Дар ҳама ҷо ба гӯши кас як хел Мерасад, дӯстам, садои хурӯс. Фикри ояндаро намо минбаъд, Ба гузашта махӯр ҳеҷ афсӯс.

Умуман, Турсунзода бо таълифи «Ҳасани аробакаш» дар наз- ми тоҷик шакли нави достони реалистиро ба вуҷуд овард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дӯстии Қодиру Микола дар чӣ зоҳир гардидааст?
  2. Мавқеи тамсилро дар «Писари Ватан» нишон диҳед.
  3. Достони «Ҳасани аробакаш» бо кадом бандҳо оғоз меёбад?

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …