TimeLine Layout

Август, 2014

  • 23 августа

    Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХVI

    image020

    Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошканд, Фарғона, ҳисор ва ғ.-ро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобӣ рӯ ниҳода буд. ҳуҷуми қизилбошҳо, истибдод ва ғорати муғулҳо, қатли омҳо ба зиндагонии мардум ва ҳаёти хоҷагии мамлакат таъсири ҳалокатбор расониданд. Зимистони қаҳратуни …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    МУБОРИЗАИ ШАЙБОНИЁН ВА БОБУР

    Расми Бобур

    Дар сарзамини паҳновари давлати Шайбониён чанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид ва ба ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – ҳам аз шимоли шарқӣ ва ҳам аз ҷануби ғарбӣ ин оромӣ халалдор карда шуд. Бодиянишинони қазоқ, ки замоне …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    ШАЙБОНИЁН — АСРИ ХVI

    shayboniho

    Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ӯзбекҳои бодянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннаҳри марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – «Шайбонӣ» машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ- Абулхайрхон дар нимаи …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    ЗАМОНИ ТЕМУРИЁН

    timuriyon

    Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ назар ба замони муғулҳо хеле беҳтар гардид. Ҷангҳои Темур харобиовар буданд, ӯ мардуми бисёреро нобуд сохт, хусусан дар шаҳру қишлоқҳои муқобилатнишондода ваҳшигариҳои бемислу монанде кард. Лекин, дар айни замон, вай барои барқарор намудани иншоотҳои обёрии вайронкардаи муғулҳо ва васеътар гардонидани майдонҳои кишт дар чанде …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    УЛУҒБЕК – ЗАМОНИ ҲУКМРОНИИ Ӯ

    ulugbek-mirzo

    Вақте ки Шоҳрух писари понздаҳсолаи худ — Улуғбекро ҳукмрони Самарқанд таъин кард, зимоми ҳокимият амалан дар дасти сипаҳсолори номдор, ҳамразми Темур амир Шоҳмалик буд. Аз вақти ба тахт нишастани Улуғбек дере нагузашта, 20 апрели соли 1410 дигар сипаҳсолори темурӣ, ҳокими Туркистон бо қӯшуни сершуморе ба Самарқанд ҳамла овард. Улуғбек маҷбур …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    Муборизаи сулолавии Темуриён

    temuriyon

    Пас аз марги Темур давлати бузурги императории ташкилкардаи ӯ аз по афтода, Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаҳои хунини сулолавӣ табдил ёфт. Темур ҳанӯз дар вақти ҳаёти худ давлатро дар байни фарзандонаш — Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш — Муҳаммадсултон, Пирмуҳаммад, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд. ҳанӯз аз фавти Темур …

    Прочитайте больше»
  • 23 августа

    ТЕМУР ДАР РОҲИ ҲОКИМИЯТ

    amir_temur_

    Хонҳои муғул батадриҷ дини исломро қабул карда, ба атрофи худ намояндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда, сиёсати марказият додани ҳокимияти ҳомиро пеш гирифтанд. Чунин рафтори онҳо норизогии пешвоёни қабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали қарни ХIV дар улуси Чағатой, яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни …

    Прочитайте больше»
  • 22 августа

    СУЮРҒОЛ — КАТЕГОРИЯҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗАМИН

    tijorat

    Муносибати иҷтимоию иқтисодии замони муғулҳо, таъсири истило ва фармонфармоии онҳо ба созмонҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии давлати ҳулокуиҳо ҳаматарафа омӯхта шудааст.[1] Албатта, мушоҳида ва хулосаҳои муаррихони Эронро ба таври механикӣ ба шароити Осиёи Миёна татбиқ кардан мумкин нест, лекин ин материалҳо барои фаҳмидан ва дарк кардани баъзе мадракҳои ғайримустақими оид ба …

    Прочитайте больше»
  • 22 августа

    ОСИЁИ МИЁНА ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХIV

    Чорводори

    Кабакхон аввалин ҳукмрони муғул аст, ки умеди худро тамоман ба Мовароуннаҳр алоқаманд намуд. Худи ӯ аслан бутпараст буда, дини исломро қабул накарда буд, вале бо уламои ислом доир ба мавзӯъҳои динӣ бо майли тамом сӯҳбат меорост. Баъзе далелҳое ҳастанд, ки кӯшишҳои гоҳо бобарори ӯро дар роҳи пешгирӣ кардани таъқиботи сахти …

    Прочитайте больше»
  • 22 августа

    ФУТУҲОТИ МИНБАЪДАИ ЧИНГИЗХОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА

    chingiz-mongol

    Истилогарони муғул аҳолии зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубатҳои даҳшатангезе гирифтор намуда, пас аз андак таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Онҳо шаҳри Тирмизро ба харобазор табдил дода, сокинони онро ба қатл расониданд. Пас аз ин хунрезиҳо Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афғонистони …

    Прочитайте больше»