TimeLine Layout

Январь, 2018

  • 30 января

    Елими пӯсти ҳайвонот

    koja-jivotnix

    Елими пӯсти ҳайвонот —  Тариқи тайёр карданаш чунин аст. Пӯсти ҳайвонотро дар об то муҳарро шудан меҷӯшонанд. Баъд мегузоранд, то он ки дурдааш таҳшин гардад. Инро соф намуда аз нав меҷӯшацанд ва боз барои ҷудо гаштани таҳшинаш мегузоранд. Ин амалро якҷанд бор такрор менамоянд, то, он ки, дигар дурда таҳшин нагардад. …

    Прочитайте больше»
  • 30 января

    Сулаймонӣ

    сулаймони

    Сулаймонӣ — инро ба тоҷикӣ дорошшикана ва ба забони русӣ сулема (хлорид ртута) мегӯянд.   Ин чизест маснӯъи (сунъии) сахт, ки аз симоб ва марги муш тайёр мекунанд ба ин тариқ: дар таносуби симоб 306 грамм ва марги муш 25,5 грамм — ҳардуро бисёр маҳин ос карда, ба воситаи гармӣ додаи …

    Прочитайте больше»
  • 28 января

    Ақиқ ва фоидаи вай

    Ақиқ

    Ақиқ — инро дар як қатор маҳалхо тоҷикон хақиқ ҳам мегӯянд. Ақиқ санги қиматбаҳоест маълум ва кони он дар мулки Яман ва дар Канбоят бештар, инчунин дар соҳили бахри Рум (Византия) низ мебошад. Беҳтарини он яманн аст, ки соф ва шаффоф бошад. Фарқи миёни ақиқи яманӣ ва ғайрияманӣ дар он …

    Прочитайте больше»
  • 28 января

    Гили бӯта

    img_2

    Гили бӯта — Ин хокест сафедранг, мулоим, часпак ва андак чарб аст. Он рагхои хоки холиси часпак аст. Мизоҷаш хунук ва хушк аст.  Хислатхои шифобахши он: агар бо ин сарро бишӯянд, мӯйро аз чирк пок мегардонад. Агар инро бипошанд, гузошта банданд ва бимоланд, барои захмҳои кӯҳна, пучак ва чиртакҳо, тахлил додани …

    Прочитайте больше»
  • 27 января

    Хок чигуна фоида дорад?

    хок

    Хок — беҳтарини хокҳо хоки холис аст, яъне таркиби он шӯра, рег ва гӯгирд надошта бошад ва аз ҷоҳои обаш ширин бошад. Латифтарини хокҳо он аст, ки аз оби ширини равон таҳшин гашта бошад.  Мизоҷи хоки холис мутлақан сард ва хушк аст. Вале дар таркиби хок намак ва гӯгирд бошанд, хоки …

    Прочитайте больше»
  • 27 января

    Қатод — фоидаи табобатии вай

    Қатод

    Қатод — ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез, вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад, аммо маҳз дар соли беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯянд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ намояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фарбеҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои …

    Прочитайте больше»
  • 24 января

    Мисвок

    мисвок

    Мисвок —  Ин буттаи даштӣ ва кӯҳии маълум мебошад. Баргаш сербари дароз, сабз, хушранг, анбӯҳ; чӯбаш мулоим. Ин растанӣ хазон намекунад, хорнок ва бехор низ мешавад. Гулаш сурхтоб, самараш ба андозаи нахӯд дар хӯша, ҳангоми хом будан каме талхтаъмӣ бо тунҷии бисёр, сабз, вале дар охир баъди расидан баъзеаш сурх, …

    Прочитайте больше»
  • 22 января

    Шакари янтоқ

    yantoq

    Шакари янтоқ —  Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон менишинад ва монанди резаҳои набот шах мегардад. Таъмаш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шохҳои шакарбори онро бурида …

    Прочитайте больше»
  • 21 января

    Нишоиста

    ношоиста шоиста

    Нишоиста  —   Тайёр намудани ин чунин аст. Гандумро дар об то бӯйи бад пайдо кардан тар мекунанд. Ин вақт пӯсти он аз мағзаш ҷудо мегардад. Баъд ҳамаи онро бо чангол мемоланд, мағзаш аз пӯст ҷудо мегардад, яъне мағзи он аз даруни пӯсташ берун меояд. Баъд онро аз ширахалта мегузаронанд, суфлашро …

    Прочитайте больше»