TimeLine Layout

Январь, 2017

  • 1 января

    Китоби Забони Англиси барои синфи 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11

    Китоби Забони Араби

    Китоби дарсии «Забони арабӣ» маводи таълимиест, ки барои мактаббачаҳои синфи 5, 6, 7, 8, 9, 10 мувофиқи барномаи омузишии аз ҷониби Вазорати маоорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкардашуда мебошад. Забони арабӣ ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик баъди истилои арабҳо ба Осиёи Миёна ворид шуд ки то ҳол таъсири худро гузошта истодааст. Донистани …

    Прочитайте больше»

Декабрь, 2016

  • 17 декабря

    ПАНҶАНГУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

    ПАНҶАНГУШТ

    Панҷангушт ( Витекс ба русс.) — ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти одамӣ ва аз як нуқта ба ҳар тараф кашидашуда мебошад. Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ онро ҳамчун растании ороиш парвариш медиҳанд. Инро ба забони арабӣ аслақ ва ба ҳиндӣ синбҳолу меноманд ва дар баъзе маҳалҳо тоҷикон сода карда …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    Гази калони кӯҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Гази калон кухи

    Гази калони кӯҳӣ (ба русс. Тамариск) — Ин дарахт дар кӯҳистонҳо мерӯяд, баландиаш зиёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершох мебошад. Баргаш монанди баргҳои гази оддӣ ва арча аст, бе гул мебошад; самараш ба андозаи нахӯде, сабзи зардтоб. Таъми баргаш ҳам, самараш ҳам ба тунҷӣ моил ва каме талхӣ низ дорад. Самараш …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    ГАЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Газ

    Газ (ба русс. Гребенщик) — хелҳои гуногун дорад: баъзе босамар, баъзе бесамар; баъзеаш пуштиранги майда дар хӯша гул мекунад ва баъзеаш гул намекунад. Баргаш монанди барги арча. Беҳтаринаш дар канорҳои обҳои ширин рӯйидаи он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст, вале баъзеҳо сардии мизоҷи онро дар дараҷаи дувум …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    Арча дар Канзи Шифо (Китоб)

    арча

    Арча дарахти маълум аст, ки дар кӯҳистонҳо мебошад. Дар тиб аз ҳама бештар самарашро ба кор мебаранд Самараш кулӯла ва каме калонтар аз нахӯд, дар аввал сабз ва баъди расидан сиёҳ мегардад. Инро баъди сиёҳ шуданаш ҷамъ мекунанд ва дар соя хушк карда, дар зарфи маҳкам нигоҳ медоранд. Агар ҳамин …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

    Пиёзи Ансул

    Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин гиёҳест кӯҳӣ ва даштӣ, ки баргҳояш монанди баргҳои савсани кӯҳӣ ва наргис, вале дарозтар аз онҳо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад. Барои даво пиёзи қисми заминиашро ба кор мебаранд. Мизоҷи пиёзи ансул …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)

    Болдирғон

    Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд — баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯй. Қисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кӯчактар, гулаш чатрӣ, монанди гули шибит, вале назар ба …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    РЕВОҶ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Ревоҷ

    Ревоҷ (Ревень ба русс.) тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии машҳур аст. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ мехӯранд. Мизоҷи банди барг ва пояаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Ревоҷро: инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    Каду дар Канзи Шифо (Китоб)

    Каду

    Каду самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини берешаи он аст, ки бихӯранд. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум хунук ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим …

    Прочитайте больше»
  • 17 декабря

    ЮНУЧҚАИ ЗАРДАК дар Канзи Шифо (Китоб)

    Юнучқаи зардак

    Юнучқаи зардак — инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришқа ва ришқаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнучқа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шохҳои баъзе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад. Мизоҷаш мӯьтадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мизоҷҳоро …

    Прочитайте больше»