TimeLine Layout

Октябрь, 2016

  • 10 октября

    ПАНИР дар Канзи Шифо (Китоб)

    Панир

    Панир дар вақташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба шир панирмоя мезаданд, баъд он монанди ҷурғот ғафс мегардад. Сонӣ онро намак зада, дар халтачаҳои матлуб андохта, даҳани онҳоро маҳкам баста, зери санг ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар натиҷаи фишор хӯрдан обияти он ҷудо шуда, сахт ва панир мешавад. …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    Муми занбӯри асал дар Канзи Шифо (Китоб)

    Муми занбӯри асал

    Ин ҷирми хонаи занбӯри асал аст, ки асалро дар он ҷамъ мекунад. Он се навъ аст: 1. Он аст, ки занбӯри асал асалро дар он ҷамъ мекунад. Ранги ин мум моил ба сурхию зардӣ, мулоим, ҷарб ва хушбӯ мебошад, инчунин аз нави он бӯйи асал меояд. 2. Он аст, ки …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    САРГИНИ ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Саргини Гов

    Саргини гов — барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро истифода мекунанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашандагӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни рафтаистодаро, агар ҷонварони заҳрнок газида бошанд, дардашро таскин медиҳад; агар ба ҷое аз …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    АБРЕШИМ — пилла дар Канзи Шифо (Китоб)

    Абрешим

    Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд. Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тариву хушкӣ мӯътадил медонанд. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    ДӮҒ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

    дӯғ

    Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷурғоти шири гов дӯғ тайёр …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    АСАЛ ЧИ ФОИДА дар Канзи Шифо (Китоб)

    Асал

    Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми занбӯри асал дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давоӣ беҳтар аст; баъд аз …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Садаф

    Ин ҷонварест обӣ, ки дар даруни он марворид ба ҳам мерасад ё ба ҳам намерасад. Беҳтарини садафҳо дар оби ширин мезиянд. Мизоҷашро баъзеҳо гарм ва баъзеҳо сард донистаанд. Вале баъди сӯхтан мизоҷаш гарм ва латиф мегардад, хушкӣ дар сӯхтаи он зиёда аз он, ки носӯхта бошад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    МОҲӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Сурати моҳӣ

    Ин ҷонвари обии маълум аст. Беҳтарини он дар наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷоҳои дур ва башиддат ҷорӣ мешуда бошад, ба ҳам мерасад. Беҳтарини наҳрии он шоҳмоҳӣ, ки ба тоҷикӣ гулмоҳӣ меноманд ва баъд аз он ширмоҳист. Барои хӯрдан беҳтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    БЕДОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

    бедона

    Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксолӣ ояд, шумораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бисёр мегардад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хушкии он зиёда мебошад. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он яке аз беҳтарин гӯштҳои парандаҳо мебошад, зуд аз меъда мегузарад, боҳро ба ҳаракат меоварад, бинобар гармии …

    Прочитайте больше»
  • 10 октября

    САНГПУШТ ВА ХИСЛАТИ ТИББИИ ВАЙ

    Сангпушт

    Сангпушт ҷонварест маълум, ки даштӣ, баҳрӣ ва наҳрӣ мебошад. Мизоҷи сангпушти баҳрӣ ва наҳрии он дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар, вале мизоҷи даштиаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани гӯшти он боҳ ва камарро қувват мебахшад. Агар гӯшти онро кабоб карда бихӯранд, ҳайзро банд мекунад; бо хояи …

    Прочитайте больше»