Ҳамин хонаи фурӯшӣ иборат аз 8 дар хона мебошад ва аз 2 бино иборат аст. Яке ин ва дигараш ана ин бино аст. Масоҳати замини хона 10 сотиқ мебошад ва дар ҳавлӣ чойлоби ангур, дарахтони гуногуни мевадиҳанда ҳастанд.
Меравем ба дохили ҳамин бино, ки дар дохилаш 5 дар-хона ва 1 ошхонаву санузели дохилӣ ҳаст. Ин ошхона, Якум хона, 2-юм, Сеюм, Чорум ва Панҷум хона. Ҳамаи ҳамин хонаҳо бо каридор 120 квадрат масоҳат доранд. Даруни ошхона гарнитура дорад. Вай дар, ба санузел меравад. Дигар хонаҳоро акнун аз назар мегузаронем.
Бояд гуфт, ки хона соли 2007-ум сохта шудааст. Деворҳои берун аз хишти пухта ва деворҳои даруни хона аз лойблок, ки барои нигоҳдории гармӣ дар зимистон ва салқин будан дар тобистон махсус ҳамин тавр сохта шудааст.
Қисми болои хона монолит дорад ва кас метонад 2-юм ошёнаро давом дода созад. Умуман ҳамаи хонаҳо таъмир доранд. Ҳамсояҳо ҳам зиндагӣ мекунанд ва маҳала ҷойи обод аст. Ана он тараф бинои времянка аст ки дар дохилаш 3 хонаи дарун. Дар давомаш ошхонаву ҳамом.
Дар времянка 3 хонаи дарун ба дарун ҳастанд ки барои истиқомат низ мувофиқанд ва масоҳаташон беш аз 40 квадарат мебошад. Ана ҳамин дар ба дохили хонаҳои времянка меравад. Онҷо дедонхона, ҳамом ва ташноби беруна аст.
Оби шаҳрӣ доимо ҳаст. Барқ ҳам доимо ҳаст чунки хона дар ҳудуди шаҳри Душабе ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад. Дар дохили ҳавли 2 мошин бемамоният гузоштан мумкин аст. Акнун ба суи дарвоза рафта кучаро нишон медиҳем.
Он тараф ба бозори Корвон меравад ки ҳамаги 5 дақиқа пиёда роҳ дорад. Ин тараф ба шаҳри Бохтар меравад.
Нархи хона 1,9 млн сомонӣ ё худ 170 ҳазор доллар аст ва боз савдо мешавад. Ба ягон квартира 2 ё 3 хонага аз ҳудуди ш. Душанбе низ иваз мешавад.