АСОСӢ / ГУНОГУН / Ишлон ва хусусияти табобатии вай

Ишлон ва хусусияти табобатии вай

Ишлон —  Ин гиёҳ дар заминҳои биёбон ва шӯразорҳо мерӯяд. Ҳамеша сабз ва пуроб мебошад, барг надорад, аз як бех (реша) шохҳои борики бисёр, ки гӯё ҳамаи онҳо аз гиреҳҳои буғумдор иборат мебошанд. Таъмаш шӯр аст. Агар инро хушк карда бисӯзанд, оташаш бисёр тез аст.

ishlon

Қисми рӯизаминии инро бо каланд бурида, ҷамъ карда, баъди хушк шуданаш, заминро чуқур канда, ишлони хушкро дар он чуқурӣ пур менамоянду оташ мезананд. Аз сӯхтаи он дар он чуқурӣ обе ҷудо шуда, ҳамон ҷо сахт мегардад. Ин ҷисми сахтшуда иборат аз ишхор аст. Баъд ба кор мебаранд.

Мизоҷи ишлон дар дараҷаи севум гарм ва дар охири дараҷаи дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин дарунро аз чизҳои ғайрӣ пок мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд, қайзи занҳо ва пешобро башиддат меронад, фузлахои ғализ, яъне моддаҳои нодаркори дар бадани инсон ғафсгаштаро таҳлил медиҳад.   Агар 10,5 грамм аз гиёҳи сабзи он бихӯранд, зардобро ба воситаи саргин аз бадан дафъ мекунад, бинобар чунин хислаташ иллати истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад. (Дар омади гап боз як намуди зардоби баданро бифаҳмонем, ки агар он бисёр ҷамъ шавад, мӯйи сар хоҳ дар мардон ва хоҳ дар занон тамоман мерезад ва ранги рӯ зардоб барин баднамо мегардад). 3,5 грамм аз сабзи он бихӯранд, ҳайзи бандшударо равон мегардонад; 2 граммашро бихӯранд, пешобро меронад; 17,5 граммашро бихӯранд, бачаи зинда ва мурдаро аз шиками зани ҳомила меафтонад. Ва 35 граммаш кушанда аст.

Агар онро кӯфта, ба захмҳо бимоланд, гӯшти зоиди онҳоро мехӯрад. Агар ба дандон бимоланд, дандонро аз чирк пок мегардонад, вале агар аз ҳад зиёд моланд, сири дандонро мехӯрад. Дар ин ҳолат мағзи тухми кадуро бихӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад. Хангоми хӯрдан агар ба хичак зиён кунад, бояд асал бихӯранд, ки ин ислоҳкунандаи зарари он аст.

Мо дар боло ишхор маҳсули ишлони сӯхта гуфтем. Беҳтарини ишхор он аст, ки ҳангоми сӯхтани ишлон дар зери он чуқурие, ки ишлонро месӯзанд, зарфи сафол гузошта бошанд, то ки рутубати ишхор дар он чамъ шуда, баъд сахт гардад — ин беолоиш ва соф мебошад.

 Мизоҷи ишхор дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст, ки ҳукми заҳрро дорад.

Хислатҳои шифобахши он:  ин хусусияти поккунандагӣ, сӯзандагӣ ва хӯрандагӣ дорад.

   Чун ишхорро дар об ҳафт маротиба ҳал кунанду баъд соф намуда, аз нав сахт гардонанд, ин ишхори соф ҳисоб меёбад. Аз ин 0,19 грамм бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм мекунад, иштиҳо меоварад, балғамро меканад ва он қайро, ки бо ҳеч тадбиру илоҷ боздошта нашавад, ба ислоҳ меоварад ва варами сипурзро тахдил медиҳад.

 Агар инро ба чашми ҳайвонот чун сурма бикашанд, гули чашми онҳоро дафъ мекунад. Агар онро бимоланд, гӯшти зоидро, ки гӯшти ҳароми захм аст, хӯрда, нест мекунад, озахҳоро хушк карда меафтонад; носур, доғи сафеди пӯст, пес, қӯтури тар ва ширинчаҳои гуногунро дафъ мекунад.

  Агар 3,5 грамми ишхорро касе бихӯрад, ҳамон рӯз мекушад ва 7 грамм аз он бихӯрад, ҳамон дам аз ҷонаш чудо мегардад, илоҷпазир нест. Агар касе инро хӯрда бошад, давояш равған ва шӯрбои равғандор хӯрда, қай намудан аст.

  Инро ҳамчун даво танҳо худашро молидан манъ аст ва бояд ки бо равған якҷо карда бимоланд. Зеро агар худашро танҳо бимоланд, ба дараҷае хушк мегардонад, ки ислоҳи он амри муҳол аст.

  Чун ишхорро дар равған ҳал карда, ба ангур бипошанд, ба зудӣ онро мавиз мегардонад.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …