Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи «Истиқлолият» ба мардум ё давлат мутаалиқ аст ва калимаи «Мустақилият» бошад ба ягон одам ва ё вазифаи ин ё он кас.
Истиқлолият доштан маънои онро дорад ки давлат ё мардум (халқ) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо хулосаву ҳаракатҳои худро мустақилона қабулу амалӣ месозад.
Истиқлолиятро асосан давлатҳо барои худ бо мақсади ҳифз ва тараққӣ додани боигарии милливу ҳуддудиашон истифода бурдани ҳастанд. Ба сифати боигарии миллӣ ин забони миллӣ, шумораи аҳолӣ, иқтисодиёт ва пули миллӣ, фарҳанг ва санъат ва ғайраҳо мебошанд.
Истиқлолияти давлат имрузҳо асосан аз ҷониби якчанд давлатҳо пазируфта шуданаш хело муҳим аст ва барои ҳамин ҳам фикри ҷомеаи беруна ниҳоят зарур аст барои истиқлолияти комил доштан. Агар давлат истиқлолияти худро бо эътирофи дигар давлатҳо дошта бошад дар тарраққӣ кардани ин давлат заминаи мустаҳакам мавҷуд аст ва агар эътирофи кишварҳои зиёдро надошта бошад пас ба мубталои ҷангу кашамакашиҳо дарафтоданаш эҳтимолияти зиёд дорад.
Истиқлолият мафҳуми «Сиёсиву ҳуқуқист» ва аз доштани он барои давлат як қатор манфиат ва зарарҳо мавҷуданд, аз ҷумлаи онҳо.
Манфиат аз Истиқлолият:
- Барои ҳифзи иқтисодиёт, асъори давлатӣ, марз, фарҳанг, илм ва дигар бахшҳои соҳаи хоҷагии шароити хуб фароҳам мешавад;
- Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатҳои қариб ҳаммаи халқу ҷамъият ба инобат гирифта мешаванд;
- Қарор барои қабули ҳифзи табақаҳои гуногуни ҷомеъа тезтар қабул ва амалӣ мешаванд;
Зарар аз истиқлолият:
- Хароҷотҳои маъмурӣ барои давлат зиёдтар шуда ба буҷаи давлат гаронии хароҷотҳо эҳтимолияти рӯй доданро дорад;
- Рушди бахшҳои иқтисодиёт метавонад суст шавад агар давлат хурд бошад.
Мустақилият чист?
Зери мафҳуми мустақиялият асосан озодии як фард ё оиларо дар назар доранд. Масалан ага роила ба хона алоҳидаи худ соҳиб шаваду соҳиби даромаду хароҷоти шахсӣ дошта бошад ва бе иҷозату розигии диагрон хоҳишу амалҳояшро ба сомон расонад пас чунин касро мустақил меноманд. Умуман калимаи мустақилият то солҳои 1995 ҳамчун истиқлолият маънидод мекардаднд вале солҳои 2000-ум пас мафҳуми мустақилияту истиқлолят алакай алоҳида ва гугоногун маъниндод мешуданд.