АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҶАЙРА дар Канзи Шифо (Китоб)
Чайра

ҶАЙРА дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҷайра (Чайра) ҷонвари маълум аст, ки дар баданаш хорҳое дорад ба дарозии як ваҷаб ва аз он кӯтоҳтар, ки барои ҳимояи худ ба кор мебарад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: Ҷобир бинни Ҷаббон-ус- Сӯфӣ дар «Китоби хавосси кабир», гуфтааст, ки гӯшти ҷайра барои кушодани пешоби баста шифо мебахшад ба ин усул, ки онро бо корд гулӯ бурида, пӯсташро канда, гӯшташро дар офтоб чандон хушк намоянд, ки қобили кӯфтан ё бо сӯҳон тарошидан гардад. Баъд кӯфта ё бо сӯҳон тарошида, аз 9 ё 13,5 грамми онро дар шароб ҳал карда, биёшоманд, пешоб ба зудӣ кушода мегардад ва бо ҳамин аз он иллат шифо меёбад.

Гӯшти чайраро бихӯранд, барои дафъ кардани иллати ниқрис (подагра) нафъи азим дорад. Агар инро батакрор гузошта банданд ва молидани хуни он доғи кунҷидак ва чиркҳои баданро дафъ мекунад. Гӯши онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро равон мекунад.

Аз хори он мор ва ҷонварони дигари заҳрнок мегурезанд, хатто ба он наздик намеоянд. Хорпушт ва ҷайра ба мор хусумат доранд, онро мекушанд. Бинобар ҳамин морҳо аз онҳо гурезон мебошанд.

Чун ҷайраро бисӯзонанд ва бо навшодир то ба ҳадде бикӯбанд, ки қариб ҳал гардад, баъд бо асали кафкгирифта сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ба зудӣ. Ҷоҳои ин қабил мӯйрехтаи сарро бо танакори арманӣ то сурх шуданаш бимоланд, баъд саргини ҷайраро бо равғани зайтун даромехта бимоланд, ба зудӣ мӯй мерӯёнад.

Саргини сӯхтаи ҷайраро бо равғани мӯрд ё бо дигар равғанҳо даромехта, ба ҳар ҷойи бадан, ки хоҳанд, бимоланд, мӯй мерӯёнад. Пӯсти ҷайраро сӯхта, бо ҳардал (горчица) ва асали сурхи кафкгирифта сиришта, ба сар бимоланд, мӯйро дароз мекунад ва аз тарқидану рехтан нигоҳ медорад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш батакрор бимоланд, мӯй мерӯёнад.

Сипурзи хушккардаи ҷайраро кӯфта, бо шароб биёшоманд, барои гудохташавии сипурз дору мебошад; чунончӣ, шахсе иллати шадиди сипурз дошт, сипурзи ҷайраро бирён карда бихӯрд ва баъди се соат арақи бисёр кард, дар дарунаш дарди сахт пайдо шуд ва баъди як соат пешоби бисёре кард, ба қадри 200 грамм ва зиёда аз он шошиду шифо ёфт.

Заҳраи ҷайраро бароварда, бо сурмаи аълосифат ос кунанду онро ба чашм кашанд, гули чашмро ба зудӣ дафъ мекунад. Заҳраи хушккардаи онро чанд маротиба бимоланд, песи навро дафъ мекунад; бо гӯгирд даромехта бимоланд, песи кӯҳнаро дафъ мекунад.

Заҳраи ҷайраро хушк карда, кӯфта, бо шароб хамир карда, қурсҳо сохта, хушк намуда, вақти хоҷат бо сирко соида, ба бавосири кӯҳна бимоланд, онро сиҳат мебахшад ва ҳамон дам хунашро қатъ менамояд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …