АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / КАЖДУМ дар Канзи Шифо (Китоб)
Каждум (расм -сурат)

КАЖДУМ дар Канзи Шифо (Китоб)

Каждум навъҳои гуногун дорад. Каждуме, ки дар вақти ҳаракат дунболаи худро баланд гирад, онро каждуми сайёла меноманд ва агар думашро бар замин кашида равад, онро каждуми ҷаррора мегӯянд. Каждуми ҷаррора аз сайёла хурдтар ва заҳраш қавитар, ки кушанда мебошад. Заҳри каждуми мода қавитар аз нари он аст. Бадтарини ҳамаи инҳо навъи сиёҳи он аст. Ҳелҳо каждуми бадзаҳр бисёранд. Ҳатто чунин каждум ҳам ҳаст, ки агар неш ба санг занад, онро реза-реза мегардонад.

Мизоҷи каждум дар дараҷаи севум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: равғанашро бимоланд, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон ва суст шудани аъзо, каҷ шудани рӯй, дарди буғумҳо ва карахтиро шифо мебахшад.

Хокистари онро бо мурч соида, ба он занҷабил ва ғайра давоҳои гарммизоҷи муносиб даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки чашми инсонро дафъ мекунад. Каждуми сӯхтаро ба ним вазни он саргини муш даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, кӯтур ва пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Каждумро бирён ё кабоб карда бихӯранд, сурфаи кӯҳнаеро, ки аз сардӣ бошад ва захмҳои узвҳои пешобро шифо мебахшад. Каждуми сӯхтаро бо шилми олу ё бо тухми кӯфтаи гули хайрӣ ва ё бо шибит бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошадонро осон мекунад, ҳатто дар ин бобат назир надорад, қулинҷҳои (колитҳои) гуногунро шифо мебахшад.

Каждуми калонро хушк сохта, ос карда, бо сирко сиришта бимоланд, доғи песро, ки нав бошад, дафъ мекунад; инчунин барои доғи сафеди пӯст ва доғи кунҷидак дору мешавад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйи рехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Чун каждумро дар равғани зайтун бисӯзонанду ба реши радии бадфиоли беҳнашаванда бимоланд ва аз болои он кӯфтаи каждуми сӯхтаро бипошанд, фоида мебахшад, инчунин он равғанро ба ҷойи сар ва риш, ки мӯяш гирдак-гирдак рехта бошад, бимоланд, мӯй мерӯёнад. Ва агар ин равғанро ба бавосир пай дар пай бимоланд, донаашро меафтонад.

Каждуми зиндаро чок кард ба ҷойи каждумгазида барбанданд, заҳри онро ба худ мекашад. Ва агар кабоб ё бирён кардаи онро бихӯранд, заҳри газидаи каждумро дафъ мекунад.

Агар дар охири моҳ, ки се-чор рӯз аз он монда бошад, як адад каждумро дар шиша андохта, бар болояш равғани зайтун рехта, даҳани шишаро маҳкам карда, чанд рӯз онро дар офтоб бигузоранд, то ки қуввати каждум ба равған бигузарад. Ин равғанро бимоланд, дарди пушт ва ирқуннасоро (радикулитро) шифо мебахшад, инчунин фолиҷро ба ибро меоварад ва донаи бавосирро меафтонад. Агар адади каждум зиёд бошад, миқдори равғанро дар таносуби ба як адад каждум 35 грамм равғани зайтун дар вақти ба офтоб гузоштан афзоянд ва чил рӯз дар офтоб гузоранд, баъд ин равған равғани каждум ҳисоб меёбад. Агар ин равғанро аз рӯ бимоланд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

kajdum-2Нақл кардаанд, ки занеро бача дар вақти ҳомилагӣ аз шикам меафтода бошад, каждуми мурдаи хушкро ба худ биёвезад, бачаи вай дигар намеафтад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз хокистари каждум аз 1,75 то 4,5 грамм аст. Вале хӯрдани ин ба шуш зарар дорад. Давояш тухми карафс хӯрдан ва ошомидани оби пиёз то 180 грамм мебошад.

Агар каждум касеро бигазад ва ҷойи газидааш варам кунад, сахт ва сурх гардад ва он каси каждумгазида ду ҳолати зидди ҳамдигарро ҳис кунад, ки гоҳ хунук хӯрад ва гоҳ гарм гардад, ғамгин шавад, дар изтироб ояд, сустӣ дар дили худ ҳис кунад, арақи хунук ояд, сустии бадан, ларза, беҷошавии ақл, паридан лабҳо, оруғ ва қайи сахт ҳодис гардад ва дар вай чизе часпак барояд, бод дар шикамаш пайдо гардад, дандонҳо барҳам афтанд, беҳушӣ содир шавад, рангаш бипарад, забонаш ғафс гардад, узвҳо сард ва суст гарданд, закараш варам кунад, мақъадаш (кутанаш) барояд — ин ҳам илоҷпазир намебошад.

Хуллас, илоҷи он дарҳол, агар мумкин бошад, сахт бастани болои он мавзеъ, монанди моргазида ба амал оваранд; тухми зағир ва гӯгирдро кӯфта, бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ сиришта, ба он мавзеъ гузоранд; хояи сагобӣ, мурчи дарозро бо сирко сиришта, ба он ҷо сахт бимоланд, бо оташ гармбандӣ кунанд, сир (чеснок) бихӯронанд ва низ сирро кӯфта банданд, ҷадвор бар он бимоланд ва аз истеъмоли давоҳои кушояндаи гиреҳҳо худдорӣ намоянд. Ва агар имконияташ бошад, он каждуми газидаро бигиранду кӯфта, ба ҷойи газидааш банданд, заҳрашро дафъ мекунад. Оҳак ва барги тутро гирифта, бо равғани дунба саришта, ба ҷойи захми он низ ва оҳаку равғанро ба ҷойи газидаи он бимоланд, дардаш сокин мегардад. Агар он равғанро бо асал даромехта, чун кӯдак аз модар зоида шавад, 1,75 грамм аз он ба комаш бимоланд, баъд аз он агар дар тамоми умраш ӯро каждум бигазад, дард намекунад.

Чирки гӯши хукро ба мавзеъи каждумгазида бимоланд, дардаш сокин мешавад. Барги токро кӯфта, ба ҷойи газидаи он гузоранд, дардашро таскин медиҳад. Агар мағзи чормағз, анҷир, сири кӯфта бар захми он бимоланд, низ судманд мебошад. Шамъчаи яхро дар мақъад бардоранд, дарди онро таскин медиҳад. Шиками мушро чок карда, гармогарм ба он ҷо гузошта банданд, тухми юнучқаро гузошта банданд; решаи кавар, талхшувоқ — ҳардуро баробар гирифта, кӯфта, бо асал маъҷун сохта аз он 2 грамм бихӯронанд, фоида дорад.

Нақл аст, ки касе гирифтори фолиҷ гашта, ба хестан ва роҳ гаштан қодир набуд. Иттифоқан дар вақти шаб ҳангоми хоб чанд ҷойи ӯро каждуми ҷаррора газид ва бемор аз иллати мазкур наҷот ёфт.

Агар каждуми ҷаррора бигазад, давояш хӯрдани равғани гов ё гӯсфанд ва он равғанро тафсонида, ба такрор ба ҷойи газидааш рехтан аст; инчунин аз он мавзеъ хун гирифтан ё чок карда, хуни он ҷоро сар додан аст: оби себи туршро дар оташ ғафс гардонида ошомидан аст; талқони себи туршро бо оби сард ошомидан, коснӣ ва дигар таскиндиҳандаҳои фишори хун, аз ҷумла: оби ҷав, оби каду, оби бодиринг ва монанди инҳо биёшоманд; инчунин барги себи турш, кашнизи хушк — аз ҳар як баробар миқдори се каф бихӯранд, фоида дорад.

Тариқи сӯхтани каждум ин аст. Каждуми зиндаро дар зарфи мис ё оҳан, ё сафол андохта, даҳани онро бо хамир маҳкам намуда, танӯрро бо ҳезуми ток ва ғайра тафсонида, баъд оташро аз танӯр бароварда, он зарфи каждумдоштаро шаб дар он гузоранду даҳани танӯрро бипӯшанд, пагоҳӣ каждумро бароварда бисоянд. Шарташ ҳамин, ки танӯр гарми бад набошад, ки мабодо каждум сӯхта, тамоман хокистар гардад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …