АСОСӢ / Маориф / Китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Ҳисор (шаҳр)

Китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Ҳисор (шаҳр)

Дар маркази ноҳия — шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияро низ санаи 22.09.2015, расман мавриди истифода қарор дод.

Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию  шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит 2011” бунёд гардид.

Китобхонаи Хисор библиотека
Сурати Китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Ҳисор (Шаҳр)

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони ин боргоҳи маърифат ва кормандони соҳа самимона истиқбол гирифта, китоби тозанашрро таҳти унвони «Донишномаи Ҳисор», ки бахшида ба таҷлили 3000 — солагии Ҳисори шодмон чоп шудааст, тақдим намуданд.

Китобхонаи марказӣ дорои 40 утоқ, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудаанд. Дар бинои нави китобхона 30 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи аввали бино  аз  толори маҷлисгоҳи китобхона боздид ба амал оварда, дар маҳфили Рӯдакихонии муштариёни ин  махзани илму маърифат иштирок кард.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Дар китобхонаҳои ҳудуди ноҳия 343 ҳазор асарҳои гуногун мавҷуд аст, ки аз он беш аз 200 ҳазорнусха дар китобхонаи марказӣ нигоҳ дошта мешавад. Шумораи умуми хонандагон бошад,  10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Китобхонаи марказӣ аз шуъбаҳои маълумотдиҳӣ, библиографӣ ва илмӣ-методӣ,  шӯъбаи феҳристи электронӣ, китобхонаи электронӣ ва бахши маълумотдиҳию бақайдгирӣ, толори адибони водии Ҳисор ва ду толори барҳавои хониш иборат мебошад.

Дар китобхона 500 ҳазор нусха асарҳои гуногун, аз ҷумла 500 нусха китобҳои электронӣ мавҷуд аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити китобхона пурра шинос шуда, бунёди чунин китобхонаи муосирро саривақтӣ донист ва онро ҳамчун тӯҳфаи арзишманд ба ҷавонону дӯстдорони китоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисори шодмон тақдим намуд.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …