АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)
Кофур

Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)

Кофур (ба забони руссӣ— Камфора) — Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар сарзаминҳои ҷануби шарқи Осиё парвариш меёбад, инчунин дар соҳили баҳри Сиёҳи Қафқоз мавҷуд аст. Мизоҷи ин шилм дар дараҷаи севум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши Кофур: инро бихӯранд, фараҳ мебахшад, дил ва майнаро қавӣ месозад; таби диқ (лоғаркунанда) ва дигар табҳои шадидро дафъ мекунад; инчунин зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), захми шуш ва силро шифо мебахшад; исҳоли гарм ва сафровии бенизомро ба ибро меоварад; ташнагӣ, тафси ҷигар ва гурдаро таскин медиҳад, сӯзиши пешобро, ки сӯзок ҳам меноманд, сиҳат мекунад. Агар кофурро ос карда дар бинӣ бирезанд, низ барои бемориҳои вобаста ба майна ва фараҳ бахшидан дору мешавад. Барои иллатҳои зот-ул-ҷанб ва сил аз рӯ молиданаш низ кифоя мебошад. Инро бо гулоб даромехта бихӯранд, дарди сари аз гармӣ сарзадаро таскин медиҳад, ҳавос (ҳамаи ҳисҳо) ва узвҳои мағзи сарро қавӣ мегардонад.

Ин шилм (кофур)-ро бо равғани гулисурх ё бо сиркои ангурӣ даромехта, ба пеши сар бимоланд, дарди сари сафровиро таскин медиҳад. Агар бо барги кашнизи тар ё бо барги зуф кӯфта, ба тораки сар бигузоранд. хуни биниро манъ мекунад. Ба микдори як ё ду ҷави онро бо оби барги кашниз ё бо сирко даромехта, дар бинӣ бирезанд, хуни биниро манъ мекунад. Инро бо барги коҳу якҷо кӯфта, ба сар гузошта банданд ва дар оби барги коҳу ҳал карда, дар бинӣ бирезанд, бехобии гармизоҷонро ба ибро меоварад ва ҳарорати баланди майнаро таскин медиҳад; агар бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, варамҳои гармро пас мегардонад.

Кофурро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад; бо оби кашниз ва сурма — ҳамаро якҷо соида, ба чашм кашанд, баромадани обиларо дар чашм ҳангоми бемории нағзак ва сурхакон манъ мекунад ва агар баромада бошанд, зуд онҳоро дафъ месозад; инчунин кофурро бо оби туқумшулук даромехта, ба чашм кашанд, ҳамин хосиятро дорад.

Кофурро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ чаконанд, вайронии мизоҷи сар ва чашмро ислоҳ мекунад. (Вайроншавии соддаи мизоҷи майна ва чашм он аст, ки ҳангоми баланд хестани офтоб ба само ва зиёда гаштани нури он, бемории майна ва чашм авҷ мегирад ва агар офтоб поён фурояд ва дар вақти шаб иллат суст мегардад). Кофурро дар оби кашнизи тару тоза ҳал карда, дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад ва хуни биниро, ки аз майна ва пардаҳои он ояд, манъ мекунад.

Шохи Дарахти Кофур
Шохи Дарахти Кофур

Кофурро дар гулоб ҳал карда, бо он ғарғара кунанд ё онро дар даҳан гардонанд, дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад; ҷӯшиш, яъне пухтани даҳанро шифо мебахшад. Кофурро дар ковокии дандони кирмхӯрда бигузоранд, зиёд шудани ковокии онро манъ мекунад.

Кофурро бо мушк ва анбар бихӯранд, низоми сардии онро ба эътидол меоварад ва рӯҳи ҳайвониро, ки мақомаш дил аст, рӯҳи нафсониро, ки мавзеаш майна аст, дар одамони сардмизоҷ ва заиф қувват мебахшад; бар зидди заҳрҳои гарммизоҷ, аз ҷумла заҳри каждуми ҷаррора, ки қаттолтарин аст, тарёқ мебошад. Хӯрдани кофур табҳои диқ (лоғаркунанда) ва гарми тезро шифо мебахшад, вале ба табҳои моддӣ, яъне табҳое, ки аз зиёд гаштани яке аз чор модда (хилт) – хун, балғам, сафро ва савдо бошанд, зарар дорад.

Хӯрдани кофур барои одамони сардмизоҷ ва заифмизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад, меъдаро суст мекунад, узвҳои ғизоро ҳам суст менамояд, инчунин барои боҳ (пушти камар) низ зиён дорад (ҳатто бисёр бӯйиданаш ҳам зарар меоварад), маниро шах мегардонад, гурда ва хичакро хунук месозад. Кофур дар бобати зарар кардан ба боҳ аз афюн бадтар аст. Агар кофурро аз ҳад бисёр бибӯянд, бинобар бисёр баланд будани дараҷаи хушкии мизоҷаш бехобиро ба амал меоварад, боиси сафед гаштани мӯй ва пир шудани одам мегардад, иштиҳо ва наслро катъ мекунад, дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад. Ҳамаи ин зарарҳои кофурро мушк, анбар, хояи сагобӣ, давоҳои гарммизоҷи хушбӯй, гулқанд, равғани савсан, равғани гулихайрӣ, равғани бунафша, равғани наргис ва монанди инҳоро бихӯранд, дафъ мекунад.

Микдори як бор хӯрдан аз кофур дар як рӯз то 0,5 грамм аст. Вале агар 9 граммашро бихӯранд, боҳро қатъ ва меъдаро вайрон мекунад. Ба қавли баъзеҳо, 9 грамми он кушанда мебошад. Мегӯянд, ки агар зан кофурро дар фарҷи худ бимолад, мард ба он зан қодир намегардад.

Аз кофур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Равғани кунҷиди сафеди навро гирифта, ба даруни он ҳар қадар, ки хоҳанд, кофур андозанд, як шаб ҳамон тавр бигузоранд. Рӯзи дигар ҳамаи онро ба шишае, ки гили бӯта молида шуда бошад, бирезанд. Он шишаро дар деги анбиқ андохта, дар оташ равған кашанд. Баъд он равғанро дар шишаи муқаррарӣ рехта, даҳанашро маҳкам кунанду вақти ҳоҷат ба кор баранд. Ин равған барои табҳои сӯзон, вабоӣ ва тоун (чума) даво мешавад, ки ба давоҳои ин бемориҳо илова карда мехӯранд ва инчунин барои захмҳои хабиса (злокачественные язвы) низ. Ин равғанро ба забони русӣ камфорное масло меноманд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …