АСОСӢ / ГУНОГУН / ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)
lak-lak-aist

ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Лаклак - парандаи калонҷусса буда, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофизати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯй мебошад. Мизоҷи лаклак дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, барои иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ, бодҳои ғализ, ҷой гирифтани сардӣ дар узвҳои бадан, сустии боҳ (пушти камар), заҳрҳои ҷонварони газанда даво мебошад. Хӯрдани гӯшти бачааш беҳтар аз гӯшти лаклаки калон аст. Гӯшти лаклак ба одамони гарммизоҷ зарар мекунад.…

User Rating: Be the first one !

Лаклак — парандаи калонҷусса буда, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофизати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯй мебошад.

Мизоҷи лаклак дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, барои иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ, бодҳои ғализ, ҷой гирифтани сардӣ дар узвҳои бадан, сустии боҳ (пушти камар), заҳрҳои ҷонварони газанда даво мебошад. Хӯрдани гӯшти бачааш беҳтар аз гӯшти лаклаки калон аст.

Гӯшти лаклак ба одамони гарммизоҷ зарар мекунад. Дар ин ҳолат равғани кунҷид бихӯранд ё онро бо сирко, карафс, кашнизи бисёр, равғани зайтун ва равғани бодом пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад, вале аз болои гӯшти лаклак шароб ва май набояд ошоманд.

ВИДЕО-СУРАТ

Тухми он барои табобат дар аксар ҳолат аз гӯшти он қавитар аст. Заҳраи онро ба чашм бикашанд, шабкӯриро дафъ мекунад. Хунашро бимоланд, доғи сафеди пӯстро нест месозад. Агар инро бо сирко даромехта хоҳ бимоланд ва ё гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Саргинашро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ месозад. Инро бо тухмаш якҷо карда бимоланд, мӯйро сиёҳ мегардонад, иллати саръро дафъ менамояд.

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …