Мавзӯи ишқу муҳаббат дар эҷодиёти Ло- ҳутӣ мавқеи арзанда дорад ва тамоми
Васфи муҳаббат
давраҳои эҷодиёти шоирро ба ҳам мепайван- дад.
Ин мавзӯъ дар тамоми ашъори гуногунжанру гуногунҳаҷми шоир мушоҳида шавад ҳам, бештар дар жанрҳои ғазал ва рубоӣ инъикос гардидааст.
Лоҳутӣ аз аввалин ғазалҳои ишқии худ анъанаи ғазалсароёни адабиёти классикиро бомуваффақият давом додааст. Мафҳумҳои чашм, хол, зулф, абру, мижа, чеҳра, лабу ДанДон, ки дар ғазалиёти гузаштагон заминаи асосии тасвир буданд, дар ғазалиёти Лоҳутӣ низ ба таври васеъ истифода мешаванд:
Тоири доми туву сайди гирифтори туам, Зулфу холи ту яке дому яке донаи мост. Дили Лоҳутӣ агар з-оташи савдост кабоб, Ошиқи сӯхтаи наргиси мастонаи мост.
Баробари такмили услуби фардии эҷодиёти Лоҳутӣ ашъори ишқии ӯ низ хусусияти хос касб мекунад. Баъдтар дар ғазалиёти ишқии шоир дар қатори тасвирҳои анъанавии душвориҳои ишқу нокомиҳои ошиқ, бераҳмӣ ва нозу карашмаи маъшуқа, сӯзу гудо- зи ошиқ дар фироқи ёри бевафо, зории дил, умеди висол… афкори сиёсиву иҷтимоӣ, озодихоҳй ва тарбиявию ахлоқии ӯ низ инъикос меёбанд. Ҳатто, баъзан, ҳиссиёти ошиқонаи қаҳрамони лирикиро аз паҳлуҳои дигари андешаҳои ӯ ҷудо кардан имкон надорад. Дар ғазали «Ошиқам, ошиқ ба рӯят», аз як тараф, сӯзу гудози ошиқи ноком ва, аз тарафи дигар, сӯзиши дил ва вафодории шоир нис- бат ба ватанаш — Эрон ифода меёбад:
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон, Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон. Бо ҳама занҷиру банду ҳилаву макри рақиб, Хоҳам омад ман ба кӯят, гар намедонӣ, бидон. Ҳеҷ медонӣ, ки ин Лоҳутии овора кист? Ошиқи рӯйи накуят, гар намедонӣ, бидон.
Мавзӯи ишқу муҳаббат дар лирикаи Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мавқеи калон пайдо мекунад. Ашъори лирикии шоир ниҳоят самимӣ, пуробуранг буда, ба хо- нанда қуввату рӯҳ мебахшад, ӯро бо покиву садоқат, боварию устуворӣ ва лаззату ҳаловат бурдан аз зебоиҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд. Мисли ғазали зерин ғазалҳое, ки сар то по аз сӯзу гудоз ва арзу ниёзи ошиқ иборат буда, ба хонанда завқи эстетикӣ ато намоянд, дар эҷодиёти шоир кам нестанд:
Имшаб андар хонаам шамъи қадди ҷонона нест, Сад чароғ ин ҷост, аммо равшанӣ дар хона нест. Ҷонфишониҳою кӯшишҳои ман дар роҳи ёр Достони ишқи таърихӣ бувад, афсона нест.
Бархе аз ғазалҳои ишқии шоир заминаи воқеӣ дошта, таҷассумгари ҳаёти оилавии ӯ мебошанд. Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1930 хонадор мешавад ва минбаъд муҳаббату садоқати ҳамсараш Ситсилия Бону[1] манбаи илҳоми шоир мегар- дад. Дар шеъри поён баъди фироқи тӯлонӣ умеди дидори ёр ба Лоҳутӣ ба дараҷае шодиовар аст, ки ӯ бемории худро фаромӯш намуда, дар фасли тирамоҳ «лаззати навбаҳор»-ро эҳсос мекунад. Махсусан, ташбеҳоти шоир, ки фарзандонашро[2] ба ситораҳо, мо-
дари онҳоро ба моҳи миёни ситораҳо ва худро ба моҳи гирифта[3] монанд мекунад, басо дилнишину ибратбахш ифода шудаанд:
Имрӯз ба пеши ёр рафтам,
Бо ҳолати беқарор рафтам. Бетоб шудам, чунонки дар раҳ Бар гардани дил савор рафтам… Бо он, ки шурӯи тирамаҳ буд, Бо лаззати навбаҳор рафтам. Ӯ моҳи даруни ахтарон буд, Ман моҳи гирифтавор рафтам.
Умуман, тасвирот дар ашъори ишқии устод Лоҳутӣ ба дараҷае муассир ва мафтункунанда мебошад, ки байтҳои алоҳидаи ғазалиёти шоир ба пояи баланди суханварӣ расида, чун мисоли зерин, ҳукми шоҳбайтро гирифтаанд:
Арзандатар аз ишқ дар олам гуҳаре нест, Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин.
Сурудҳои устод Лоҳутӣ бо ду роҳ арзи вуҷуд кардаанд. Аввалан, қисми ашъори рӯҳбахши шоир, махсусан ғазалҳои шӯху дилнишини ӯ, ки бо мусиқӣ тавъам мебошанд, минбаъд ба оҳанг дароварда шудаанд. Намунаи чунин шеърҳо «Тоҷикистон шуд мунаввар», «Боз ҳам ёр ба рақс омадааст», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят», «Охир, эй маҳ, ҳалок шуд дили ман», «Парвона медонад» мебошанд, ки баъдтар чун суруд истифода шудаанд.
Дувум, ашъоре, ки ҳамчун суруду тарона эҷод шудаанд. Дар эҷодиёти Лоҳутӣ мавқеи муҳим доштани суруду таронаро чунин далел ҳам собит месозад, ки шоир ба ин жанри адабӣ «Таронаҳо» (1935), «Сурудҳои мусаллаҳ» (1942), «Сурудҳои ҷанги Ватанӣ» (1943) ном китобҳо ба табъ расонидааст.
Сурудҳои Лоҳутӣ дар мавзӯъҳои таърихӣ, инқилобӣ, сарбозӣ, ишқӣ, ҳаёти оилавӣ, муҳаббат ба Ватан, бачагон, меҳнати бунёд- корона эҷод гардидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила сурудҳои ватанхоҳии шоир ба вуҷуд омадаанд, ки ба як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва душманбадбинӣ таълиф гарди- данд. Дар сурудҳои «Даррандагонро бизанем», «Суруди ҷангии ҷавонон», «Марши ваҳдат», «Хасми башар», «Тарона», “Гитлер ва фашизми Германия”, ки Иттиҳоди Шӯравиро ба ҷанг кашида- анд, ба ҳайвони дарранда, гурги одамхор, ваҳшиёни манфур ва муборизони роҳи озодӣ ба авлоди Рустам, барқи сӯзон ва уқёнуси ноором нисбат дода мешавад:
Хасми башар ҳамлавар шуд, Рӯйи замин пуршарар шуд. Панҷа ба хун зад Гурги фашизм,
Зиндагии халқ дар хатар шуд…
Дил биҷӯшид,
Хашми мо аз ҳад бадар шуд,
Теғи мо аз барқи сӯзон
Тезтар, тезтар шуд.
Ҷанбаи халқии сурудҳои Лоҳутӣ пурқувват буда, як қатор суруду таронаҳои шоир аз назми шифоҳии тоҷик ғизо гириф- таанд. Масалан, суруди «Алла»-и шоир чун сурудҳои «Алла»-и халқӣ орзую умеди модар ба ояндаи фарзанд ва солиму бардам ба воя расидани тифлро ифода мекунад. Дигар шоирони тоҷик низ суруди «Алла» эҷод кардаанд, аммо «Алла»-и Лоҳутӣ намунаи беҳтарини сурудҳои «Алла» ва, умуман, назми бачагонаи тоҷик ба шумор меравад.
Оҳангсозе аз устод Лоҳутӣ хоҳиш мекунад, ки дар ҳавои бай- ти халқии:
Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
шеъре гӯяд. Устод ғазали 9-байтиро бо матлаи:
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад,
Ё дил ҳунари дигар надорад?
меофарад. Ин ғазал бо оҳанги дилрабою гӯшнавозаш чун сурудҳои «Бути нозанинам», «Ёри масчоҳӣ», «Ханҷари заҳмат», «Эй дил, эй дил» ва ғайра то ҳол гулбоғи санъати тоҷикро оро медиҳад.
Ҳамин тариқ, устод Лоҳутӣ дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мақоми басо арзанда ва ифтихорӣ дорад. Устод чашмаи хушкнашавандаи ашъори форсӣ буд ва чун насими фараҳбахши пагоҳӣ ба назми тоҷик рӯҳи тоза бахшид. Номи устод Лоҳутӣ тавассути тарҷумаи ашъори оташбораш дар ҷаҳон шуҳрат ва эътибор пайдо кардааст. Ба гуфти Мирзо Турсунзода, «Лоҳутӣ шоири муборизи роҳи озодӣ буд ва то нафаси охирин чун мубо- риз зиндагӣ кард».
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Чаро мавзӯи ишқ дар ҳама давраҳои эҷодиёти шоир мавқеи сазовор дорад ?
- Ғазали «Имрӯз ба пеши ёр рафтам»-ро аз ёд карда, мазмуни онро шарҳ диҳед.
- Сурудҳои Лоҳутӣ маҳсули кадом давраи эҷодиёти шоир мебошанд?
- Оид ба мавзӯъҳои сурудҳои Лоҳутӣ маълумот диҳед.
- Кадом суруду таронаҳои шоирро аз ёд медонед?
- Оид ба мақоми шоир дар адабиёти тоҷик маълумот диҳед.
САВОЛИ ТЕСТӢ
- Байти зерин ба кадом шеъри устод Лоҳутӣ тааллуқ дорад?
Эй умеди дили рамидаи ман, Қуввати дасту нури дидаи ман.
- «Кӯҳ ва ойина»;
Б) «Чамани сӯхта»;
- «Дар Калкатта»;
Г) «Ба Тоҷикистон»;
Ғ) «Духтари инқилоб».
- Намоишномаҳои «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир аз тарафи кадом адиб тарҷума шудаанд?
- Пайрав Сулаймонӣ;
Б) Ҳабиб Юсуфӣ;
- Абулқосим Лоҳутӣ;
Г) Мирзо Турсунзода;
Ғ) Абдусалом Деҳотӣ.
[1] Ситсилия Бенсиановна Хейфитс, бо тахаллуси Бону (1911-2003), шоира ва тарҷумони рус, ки баъди хатми курси шарқшиносии ш. Киев ба Осиёи Миёна омада дар соҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик фаъолият мекунад.
[2] Устод Лоҳутӣ падари чор фарзанд — ду писару ду духтар мебошад.
[3] Моҳи гирифта — моҳе, ки нуқс дорад ва рӯшноиаш хира аст.