АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Лубиё дар Канзи Шифо (Китоб)
Лубиё

Лубиё дар Канзи Шифо (Китоб)

Лубиё  — ин зироати маълум ва машҳур аст, дар шароити Осиёи Марказӣ хуб ҳосил медиҳад. Тухми он ҳамчун масолеҳи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад. Навъҳои сурх ва сафед дорад.
Мизоҷи навъи сурхаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад.
Хислатҳои шифобахши лубиё: хӯрданаш боднок, дерҳазм, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад (хусусан аз сафедаш бештар), узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, манӣ ва шир пайдо менамояд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд (хусусан оберо, ки дар он лӯбиёи сурх ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд); бо камтар қанд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад. Лӯбиёи сурхро дар об ҷӯшонида, дар он об занони нав таваллуд кардагӣ батакрор даромада нишинанд, низ он занонро аз хуни нифос пок мегардонад; бачаи зинда ва мурдаро аз шиками занони ҳомила хориҷ мекунад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) ҷанинро зуд берун меоварад ва дарди гурдаро таскин медиҳад.
Лӯбиёро бисёр ва бардавом бихӯранд, боиси дидани хобҳои бад ва мушавваш мегардад. Ин гуна зарари онро занҷабил, ҳардал (горчица), зира, намак, равғани зайтун, кокутӣ, мурч ва биҳӣ бихӯранд, ислоҳ мекунад, инчунин бо гӯшт пухта бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …