Магас ё худ пашша — ин яке аз ҳашаротҳои парвозкунанда аст: хурд ва калон мешавад. Калони онро хармагас меноманд. Дар ранг онҳо гуногунанд: сиёҳ, сабз ва зард. Беҳтарини ҳамаи онҳо барои табобат магаси сиёҳ аст, баъд аз он навъи сабзаш мебошад. Бадтарини ҳама — зарди он аст ва он безаҳр намебошад.
Мизоҷи магас дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: агар онро бо шароб бихӯранд, зоидани занҳоро осон мекунад. Чун хармагасро дошта, сари онро дур намуда, ба гавмижаи чашм бо мудовамат бимоланд, онро дафь мекунад. Агар ба ҷойи газидаи занбӯр бақувват бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва заҳрашро ҳам мекашад.
Магаси майда ё калони онро бо зардии тухми мурғ маҳин соида, гузошта банданд, дарди чашмро таскин медиҳад ва гӯшти зоиди онро ба таҳлил мебарад (агар сахт нашуда бошад). Агар инро ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш башиддат ва бардавом бимоланд, мӯй мерӯёнад, вале ба танҳоӣ бимоланд, варами чашмро таҳлил медиҳад.
Табиб Муҳаммад бинни Аҳмад гуфтааст, ки хӯрдани магасро хоҳ хом ва хоҳ пухта бошад, ҳиндуҳо барои қувват бахшидани чашм ва дафъ кардани ҳамаи офатҳои он озмудаанд. Сари магаси сабзро дар сӯрохи закар гузоранд, он закарро башиддат ба ҳаракат меоварад.
Саргини магасро чун бо об ва асал бинӯшанд, барои дафъ кардани дарди рӯдаҳо, кулинҷ (колит) ва дарди гулӯи шадид озмуда шудааст. Ҳаким Бағдодӣ навиштааст, ки як тӯда мардон ва занон гуфтанд, ки таҷриба кардаанд онҳо: саргини магасҳоро, ки шабҳо ба ресмон менишинанд, биёшоманд ва дар офтоб нишаста, доғи сафеди пӯст ва доғи песро кушода доранд, то ки обила кунад, ҳарду ин иллатро дафъ мекунад ва дар ин бобат хислати тухми гиёҳи пойи зоғро дорад.
Магасҳоро дар равғани кунҷид андохта, як ҳафта дар офтоб гузоранд, баъд магасҳоро полида дур кунанду аз нав магас андозанд, ҳамин тавр чор-панҷ маротиба магасҳоро иваз карда, баъд фишурда, равғанро соф намоянд — ин равғани магас номида мешавад, равғани магасро бимоланд, ҳатман мӯй мерӯёнад.