АСОСӢ / ГУНОГУН / МАҶОЗ ЧИСТ?

МАҶОЗ ЧИСТ?

Маҷоз низ калимаи арабист, маънои луғавиаш маҳаллигузаштан, гузаргоҳ; ғайри ҳақиқат аст. Дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист. Агаршоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои ғайриаслӣ истифода бараду он маънӣ аз ягон ҷиҳат бамаънои аслӣ монанд бошад, онро маҷоз меноманд. Масалан, агар гўем, ки фалонӣ пояшро чени кўрпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки ў кореро ба зимма гирифтааст, ки аз ўҳдааш намебарояд, яъне зўраш намерасад. Ҳарчанд маънои маҷоз ғайри ҳақиқат аст, аммо ба тавассути маҷоз ифода кардани маънӣ худ ифодаи ҳақиқат аст.

majoz

Дар ҳар гуна ифодаи маҷозӣ калима ё таркибе вуҷуд дорад, ки ба маънои ғайриаслӣ ҳидоят мекунад. Чунин калимаро қарина (ҳамнишин) — маҷоз меноманд. Масалан, агар бигўем, ки“шамъи анҷуманафрўзи ман омад”, мақсад ёр буда, “анҷуманафрўз” қарини маҷоз мебошад. Маҷоз ду хел аст: Маҷози луғавӣ, ки онро маҷоз дар муфрад низ мегўянд ва маҷози ақлӣ, ки онро маҷоз дар ҷумла меноманд. Агар адиб калимаеро истифода намояд, ки ба маънои аслии худ наомада бошад, онро луғавӣ меноманд. Мисли:“даст” ба маънои “қудрат”, “тавоноӣ”, ё “моҳ”, “наргис”, “сарв” ба маънои “рўй”, “чашм” ва “қад”.

Дар сурате, кишоир калимаеро истифода намояд, ки маънои мухолиф ба вуҷуд ояду лекин ин маънои мухолиф ба муҳокима ҳеҷ гунна вобастагӣ надошта бошад, онро маҷози ақлӣ мегўянд. Истиора низ аз ҷиҳати маъно як навъи маҷоз мебошад.

Мисолҳо:
Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,
Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи моҳе.
(Боқӣ)

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Ай бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо.
(Ҳофиз)

Бар он нома бинҳод хусрав нигин,
Фиристодаро доду кард офарин.
(Фирдавсӣ)

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии маҷозро гўед.
2. Маҷоз чанд навъ аст?

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …