АСОСӢ / Маориф / Мактаб – соли хониши 2016 дар Тоҷикистон

Мактаб – соли хониши 2016 дар Тоҷикистон

Ҳамин сол рузи аввали хониш барои талабаҳои мактаб рузи панҷшанбеи санаи 1-уми сентябри соли 2016 рост омада дарҳои худро тамоми донишгоҳҳо, донишкадаҳо, марказҳои махсусгардонидашуда, мактабҳо ва боғчаи бачагона, боз мекунанд.

Дар Тоҷикистон ба оғози соли 2016 –ум шумораи мактабҳо зиёда аз 3,5 ҳазор, шумораи донишкадаҳо зиёдаз 50 адад, марказҳои махсуси омӯзиши зиёда аз 150 адад, боғчаи бачагона беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд ки дар он тақрибан ҳамасола беш аз 1,5 (якуним) миллион кудакон – наврасон-ҷавонон таҳсилу тарбия мегиранд, ки онҳо атрофи 20% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Барои омӯзиши кӯдакону ҷавонон ҳамасола аз буҷаи давлат зиёда аз 2 миллиард сомонӣ (тақрибан 300 млн доллари ИМА) ба самти маориф ҷудо карда мешавад, ки тақрибан 30% барои маоши муаллимону-мурабиён, 30 барои сохтмони биноҳои таҳсилӣ ва боқи ба дигар самтҳои дастгирии рушди донишу тарбияи насли оянда сарф мешавад.

Чихеле, ки медонед ва масъалаи ба танзимдарорӣ ва назорати фаъолияти донишу тарбияи кудакону ҷавононро дар Тоҷикистон чун таҷрибаи ҷаҳонӣ, асосан Вазорати маориф ба уҳда дорад ва сол то сол кушиш ба ҳарҷ медиҳад, ки сифати дониш ва тарбияи насли наврас баландтар шавад. Якчанд ҳосили наве, ки аз пешравии фаъолияти маорифпарваронаи вазорати-мақомоти номбаршуда ин ба роҳ андохтани низоми Имтиҳонсупории шафоф дар мактабҳои олии кишвар тавассути барномаи тести компютерӣ ва кушодани якчанд мактабҳои масус барои кудакони болаёқат ба мисоли Мактаби байналхалқии президенти дар шаҳри Душанбе, ш. Ҳисор ва ғайраҳо.

Қобили қайд аст ки баъди ба роҳ андохтани маркази миллии тестӣ маслаи ришвагирӣ дар мактабҳо қариб ба тамом аз байн бурда шудааст ва ҷавонон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ хело вахело бештар имкон пайдо мекардагӣ шуданд. Қабл агар аз 10 нафар 2 нафар аз имтиҳон бе ришва мегузаштанд алҳол бошад қариб ҳама бе ришва (взятка – доля – таға) аз имтиҳон-тест мегузаранду донишҷӯ (студент) мешаванд.

 Мактаб

Камбудиҳо:

Дар қатори пешравиҳо инчунин дар низоми (система) маорифи кишвар якчанд масъалаҳои ҳалталаб (проблема) мавҷуданд ва дар қатори онҳо ин:

  1. Гарон-қиммат будани нархи (арзиши) сарулибос ва ҷихози мактаби барои оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои камдаромад;
  2. Сол то сол гаронтар шудани арзиши хониш дар мактабҳо;
  3. Набудани омӯзгоронӣ баландихтисос;
  4. Дар фасли сард набудани барқ-гармӣ дар мактабҳо;
  5. Ба пахтачинӣ ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб кардан;
  6. Баъди хатм ҷойи кори муносиб дарнаёфтан;

Албата ин мушкилот асоси иқтисодӣ дорад ва масълаи ҳалли он аз кушишҳои тамоми ҷамъияти дохиливу беруна вобаста дорад, ки барои ҳалли он солҳои тӯлонӣ яъне беш аз 10 сол, лозим аст. Ҳоло дар зер сари масълаҳои дар боло зикршуда дар алоҳидагӣ суханронӣ менамоем.

Нархи сару либоси мактабӣ

kurta_bachaБа ҳисоби миёна барои нафари мактабхон дар Тоҷикистон барои сарулибос ва ҷиҳозҳои мактабиаш атрофи 500 – 1000 сомонӣ барои як сол лозим аст. Худ баҳо диҳед: дар Тоҷикситон асосан мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки атрофи 75% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва маоши миёнаи онҳо атрофи 400-700 дар як моҳ аст ва агар дар  оила 2 ва зиёда аз он фарзанди мактабхон бошад пас ба онҳо на кам аз маоши чанд моҳа сарф мешавад.

Бо назардошти бӯҳрони иқтисолии аз октябри соли 2014 оғозёфта дигарбора мардум аз харидани сару либоси кӯдакона хело даст кашида истода фарзандони худро ба истифода бурдани либосҳои кӯҳна маҷбур месозанд. Масалан ба ҷои сумка (ҷома) онҳо ба кӯдаконашон салафан медиҳанд ва китобҳои даркориро намехаранд.

Ҳоло соли ҷори нархи сару либоси мактаби ва ҷиҳозҳои хониш вобаста ба сину соли кӯдак ва сифати бор дар ин фазоянд:

  1. Курта: 20 – 50 сомонӣ;
  2. Майка: 5-10 сомонӣ;
  3. Кастюму шим: 150 – 500 сомонӣ;
  4. Туфлӣ-басаноҷка: 50-250 сомонӣ;
  5. Қаиш: 10-15 сомонӣ;
  6. Галстук: 5-25 сомонӣ;
  7. Сумка: 50-150 сомонӣ;
  8. Китобҳо (1 адад): 10-30 сомонӣ;
  9. Дафтар: 0,45-3 сомонӣ;
  10. Ҳома (ручка): 0,5-2 сомонӣ;
  11. Қалам: 2-5 сомонӣ;
  12. Ҷадвал: 1-2 сомонӣ;

Арзиши хониш:

Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар соли 2016 барои хонондану парваридани як кӯдак-ҷавон дар як сол аз 10 000 сомонӣ то 100 ҳазор сомонӣ маблағ арзиш дорад ки дар ин маблағ ҳаммаи хароҷотҳо ба инобат гирифта шудаанд, аз ҷумла хӯрока, ҳаққи мактаб, роҳкиро, сару либос ва ғайра. Ин ҳаҷм маблағ баробари арзиши 300 то 3000 кило гӯшти гов аст ва ё баробари ҳаҷми 40-400 нафақапулӣ ё баробари ҳаҷми 10-100 маоши миёна.

daftar-ruchka

Чи тавре ки худ мебинед барои ба воя ва соҳиби илму касб кардани кӯдак-фарзанд арзиши зиёде лозим будааст ва солҳои шӯърави ҳаммаи ин маблағро ҳукумат ба ӯҳдаи худ мегирифт ва ҳоло бошад ҳар волидайн ба қадри тавонои худаш ин масъаларо ба танзим мерасонад. Яъне фарзандони бой соҳиби донишу шароити хуби таҳсилро доранду фарзандони мардуми оддӣ ки 80 % аҳолии кишвар ҳастанд ба говчаронӣ, алафбиёрӣ, саргардонӣ, сарсонӣ, ва ё дигар масъалаҳои зиндагӣ машғуланд.

Албата чунин фарқияти калонро байни фарзандони бой ва кабағал, ҳаммаи мову шумо мазмунан дарк менамоем ки аз чи сабабанд, вале ҳеҷ кас намехоҳад ки рузаш бадтар шавад ва барои ҳамин ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад ки имконияти доштаашро барои хуб ба воя расонидани насли худ сарф кунад ва барои ҳамин ҳам ризқи худро ба дигарон намедиҳад.

Сатҳи дониши устодон

Дигар проблемаи (мушкилоти) ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон ин набудани муаллимони баландихтисос яъне донишу малакаи зиёддошта. Ин аз он сабаб аст ки маоши муаллимон кам аст ва нафари аз байни онҳо дониши баланддошта дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд аз ҷумлаи беҳтарини онҳо ба хориҷа рафта дар он ҷойҳо зиндагиву кор мекунанд.

volidayn_modarБа ҳисоби миёна маоши кормандони соҳаи маориф 500 то 1500 сомониро ташкил медиҳад (баробари нархи 15-50кг гушти гоф), ки ин имкон намедиҳад барои қонеъ кардани талаботҳои асоси онҳо.

Бештари муаллимони мактабҳои миёнаро ҷавонони аз донишгоҳ нав хатмкарда дарс медиҳанд ки сатҳи малакаву донишашон кам аст ва бо гузашти 2-3 сол корашонро бар асоси кам будани маош партофта ба Руссия барои кор кардан ва дарёфти ризқи бештар равона менамоянд. Дар ин давраи муҳоҷирӣ муаллимон дониши худро коста баъди гузашти чанд соле боз бо ризқи ҷамъшуда ба ватан бармегарданд ва боз ба мактаб кор мекунанд ё дигар соҳа ва бо ин роҳ ҳиҷрати муаллимон ба дигар бахшҳои иқтисодиёт ба вуҷуд омада талафи сатҳи донишу малакаи муаллимон мешавад.

Рӯшанӣ ва гармии набуда дар фасли сармо

Аз сабаби дар фасли сармо аз моҳи октябр то охири март набудани барқ дар ноҳияҳои кишвар мактаббачаҳо дар хунукӣ дарс мехонад ки ин бар асоси ба бемориҳои гуногун аз ҷумла хунукӣ гирифтани гурда, сар, шуш ва дар синфои нимторики ба чашм зараровар дарс хондан.

Дигар тарафи аз ҳама зарарнок аз набудани барқ ин аз технологияҳои ҳозиразамон бар асоси барқ набудан истифода накардани ё наомухтани илм тавассути компютер мебошад. Бар асоси свет – барқ набудан бачаҳо на интернет ва ягон барномаҳои видеоӣ – дистансиониро омухта наметавонанду рӯзашон камсамару камнатиҷа мемонад.

Истифодаи қувваи кории мактаббачаҳо дар кори саҳро

Аз замони шӯравӣ то ҳол барои кӯдакони мактаб як хосияти бад боқӣ мондааст ки ин ҳам бошад ба пахтачинӣ, ангурчинӣ, себчинӣ ва ё дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб кардани кӯдакон мебошад. Атрофи 500 000 нафар кӯдак аз синфҳои 5 то 10 барои ҷамъовари кардани маҳсулоти саҳро дар моҳҳои сентябр ва октябр ҳамасола ҷалб карда мешаванд, ки дар ин муддат онҳо ҳам аз гирфтани дониш ғофил мемонанд ва ҳам дар ин моҳҳо ки барқ то андозае ҳаст аз истифдаи компютер дар мактаб бебаҳра мемонанд.

Дарёфти ҷойи корӣ

Хуллас аз ҳама масъалаи душвортарин барои мактаббачаҳои таҳсилро тамомкарда ин дарёфти ҷойи корӣ аст. Атрофи 80% — и мактаббачаҳо баъди таҳсили мактаби миёна ба зиндагии мустақил пайгирӣ карда ба кофтани ҷойи корӣ машғул мешаванд ва танҳо тақрибан 20% онҳо ба идома додани таҳсил машғул мешаванд.

Умуман дарёфти ҷойи корӣ ниҳоят мушкил аст ва нафароне асосан бештар ҷойи кории беҳтарро соҳиб мешаванд, ки донишашон баланд аст, одобашон беҳтар аст, тағаи вазбин доранд(хешу табори бой ё вазифадор).  Танҳо дар ҳолатҳои ногаҳон корӣ баландмузд ба касе муяссар мешавад ва барои ҳамин ҳам асосан ба донишу тарбияи худ такя кардан лозим. Нозукиҳои корёвӣ ва касбиро дар саҳифаи http://ansor.info/intixobi_kasb/ хонед.

Бароятон рӯзгори обод, фарзандони пурдониши ботарбия ва барори зиндагиро хоҳонем!

Инчунин хонед инро

2170800

СУЛҲУ ДУСТИ

Мавзӯи байналхалқӣ таваччуҳи Турсун- зодаро ҳанӯз аз солҳои 30-юм чалб намуда буд. Агар дар шеъри …